МАСИРИ ОЗОДИИ СУХАН
     TJ RU EN
11:48 / 2024-12-19

МАСИРИ ОЗОДИИ СУХАН

Abdufattoh VohidovЯк созмони ғайриҳукуматии мустақил бо миқдори начандон зиёди кормандон чӣ гуна корҳоро анҷом дода метавонад? Барои посух гуфтан ба пурсиши мазкур кофист ба фаъолияти Анҷумани миллии ВАО мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) назар андозем.

Охири садсолаи бист. Давраи авҷ гирифтани мавҷи фишорҳо ба журналистон, ба вижа журналистони мустақил. Бо мақсади ҳимоя аз озодии сухан – асли конститутсионӣ, бо ибтикори ҷамъе аз журналистони тоҷик созмоне таъсис ёфт.

Аз рӯзҳои аввали фаъолияташ бо Анҷумани миллии ВАО-и мустақили Тоҷикистон ҳамкорӣ доштам. Дар машғулиятҳои омӯзишии созмон иштирок карда, таҷрибаи фаъолият дар созмони ғайриҳукуматиро омӯхтам. Сипас бо пешниҳоди раиси созмон Нуриддин Қаршибоев ба ҳайси коршиноси масоили ВАО ба кори пурра дар созмон гузаштам. Ин давра ба назарам пурҳосилтарин давраи фаъолияти рӯзноманигориам буд. Зеро бевосита бо журналистоне сару кор доштем, ки бо амри иҷрои вазифаи касбӣ аз ҷониби шахсиятҳои мансабдор мавриди таъқиб қарор мегирифтанд. Дар давраи фаъолият дар Анҷумани миллии ВАО мустақили Тоҷикистон дар доираи лоиҳаҳои он, ки аксаран ба фаъолияти журналистон бахшида шуда буд, инчунин дар саҳифаҳои бюллетени ҳармоҳаи созмон мақолаҳои сершумор навишта, ба табъ расондам. Мақолаҳо аксар ба масъалаҳои ҳимоя аз ҳуқуқу манфиатҳои журналистон, ҳамкории журналистон бо мақомоти давлатӣ бахшида шудаанд. Мақолаҳо ба ғайр аз сомонаи созмон, инчунин дар саҳифаҳои рӯзномаҳои мустақил ба табъ расидаанд.

Бо вуҷуди созмони ҷамъиятӣ – ба ибораи дигар ғайриҳукуматӣ будан, дар масъалаи ҳимоя аз ҳуқуқҳои касбӣ ва меҳнатии журналистон байни журналистони расонаҳои давлатӣ ва мустақил ё хусусӣ фарқ намегузоштем. Зеро, ба андешаи мо, журналист новобаста дар кадом воситаи ахбор фаъолият кардан, дар ниҳоят ба миллату ватани худамон хизмат мекунад.

Фаромуш намекунам, боре Нуриддин Қаршибоев номаеро ба дастам дод.

– Ҷумъабой Толибовро мешиносӣ, – баъд аз супурдани нома пурсид ӯ аз ман. Ҳарчанд бо Ҷумъабой шиноси бевосита набошам ҳам, дар саҳифаҳои рӯзномаҳои марказӣ мақолаҳояшро, ки аз ноҳияи Айнӣ менавишт, мутолиа менамудам.

– Мешиносам, ҷавоб додам.

– Ӯро бо иттиҳоми тӯҳмату таҳқир мақомоти қудратии ноҳия ба ҳабс гирифтааст, – шарҳ дод Қаршибоев ва ба суханаш илова намуд. – Ҳамсараш номаро овард. Фаҳмидааст, ки созмони мо ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои журналистон машғул аст, бо умед ба мо муроҷиат кард.

Ҳамин тавр аз ҳисоби кормандони Анҷумани миллии ВАО Тоҷикистон банда, рӯзномаҳои “Азия плюс” ва “Минбари халқ”, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо – Марат Мамадшоев, Самандар Искандаров ва Фаррухшо Ҷунайдов гурӯҳе таъсис дода, барои фаҳмидани асли воқеа ба ноҳияи Айнӣ сафар кардем. Маълум шуд, ки Ҷумъабой Толибов дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия фаъолият карда, ҳамчун журналист оид ба баъзе масъалаҳои доғи ҳаёти ноҳия мақолаҳои таҳлилӣ навиштанро вазифаи худ медонистааст. Табиист, дар мақолаҳои ӯ ин ё он намояндаи мақомоти давлатӣ – шахсони мансабдор номбар мешудаанд. Инак ҳамин қаҳрамонони мақолаҳои Ҷумъабой бо роҳу воситаҳои ба худашон маълум аз болои Ҷумъабой шикоят навишта, ӯро ҳабс кардаанд. Нафареро аз байн бардоштан хостаанд, ки манфиатҳои мардум, ободонии ноҳия ва, дар маҷмуъ, суботи кишварро ифода мекард. Дар баъзе мақолаҳояш, ки дар рӯзномаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон “Минбари халқ” ба табъ расидаанд, Ҷумъабой Толибов баъзе кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияро номбар кардааст.

Бо Ҷумъабой мо бори аввал дар боздоштгоҳи милитсияи ноҳияи Айнӣ сӯҳбат кардем. Бояд қайд намоям, ки мақомоти давлатии ноҳия тамоми имкониятҳояшонро истифода карда, мехостанд ба суҳбати мо ва Ҷумъабой монеа шаванд. Тавре мегӯянд, на ҳамеша дунё ба коми бадхоҳон аст. Муовини сардори милитсияи ноҳияи Айнӣ ба ҳамаи монеаҳо нигоҳ накарда, ба суҳбати мо ва Ҷумъабой иҷозат дод. Баъд суд барпо шуд. Бо сабаби он, ки Ҷумъабой дар ноҳияи Айнӣ шахси маъруф буд, парвандаи зидди ӯ таҳияшударо ба суди ноҳияи Шаҳристон интиқол доданд. Суди ноҳияи Шаҳристон даъвоҳои зидди Ҷумъабой Толибов равонагардидаро рад карда, ӯро озод кард. Тантанаи адолати судӣ!

Ба ҳамин монанд ҳолатҳои нақзи ҳуқуқи журналистон дар тули чанд соле, ки бо Анҷумани миллии ВАО Тоҷикистон фаъолият доштам, кам набуданд. Журналисте бо дахолати созмон дар ҷои кораш барқарор шуд, журналистеро аз толори суд озод намуданд ва боз садҳо мисоли дигар.

Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма”, ки ҳанӯз моҳи декабри соли 1990 қабул шуда буд, зуд – зуд мавриди интиқоди журналистон қарор мегирифт. Зеро қонун дар анҷоми даврони шӯравӣ қабул шуда, ба талаботи солҳои аввали асри бист – замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҷавоб дода наметавонист. Аз ин рӯ он бояд ба талаботи замони нави ҳаёти мамлакат мутобиқ гардонда мешуд.

Дар назди Анҷумани ВАО-и мустақили Тоҷикистон гурӯҳи корие таъсис ёфт, ки ҳадафи он таҳияи қонуни нави матбуоти тоҷик буд. Ба ҳайати гурӯҳ журналистони маъруфи тоҷик, олимони соҳа, ҳуқуқшиносон шомил гаштанд. Баъд аз чанд моҳи баҳсу мунозираҳо лоиҳаи қонуни матбуот таҳия гашт. Намояндагони мардумии Тоҷикистон, Салимзода ва Фелалишоев бо истифода аз ҳуқуқи қонунгузории худ, лоиҳаи қонуни нави матбуоти Тоҷикистонро барои баррасӣ ва қабул ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод карданд.

Лоиҳаи қонуни нави матбуот аз қонуни соли 1990 қабулшуда, комилан тафовут дошт. Дар қонуни нав ҳамаи мафҳумҳое, ки аксаран боиси баҳсу мунозираи байни журналистон ва мансабдорони давлатӣ мешуданд, ба таври мушаххас шарҳу тавзеҳ дода шуданд. Боз масъалаҳои дигаре низ дар қонун нав ҳаллу фасл шуданд, ки дар ин ҷо барои шарҳ додани ҳамаи онҳо имкон вуҷуд надорад.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон моҳи майи соли 2013 лоиҳаи нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма”-ро қабул кард, ки бисёр масъалаҳои мушкили муносибати ҷомеа бо журналистон ва матбуотро аз байн бурд. Минбаъд мансабдороне, ки мавриди танқиди матбуот қарор мегирифтанд, фарқи танқид аз туҳматро медонистагӣ шуданд. Дар байн Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон масъалаи диффаматсия (тавҳин)-ро баррасӣ намуда, онро аз Кодекси ҷиноятӣ бароварда, ба зиммаи Кодекси маданӣ вогузор намуд. Акнун барои танқид, мутобиқи қонун, журналистро мисли солҳои пеш ҳамчун ҷинояткор ба маҳкама кашидан мумкин нест. Агар дар мақолаи журналист нафаре нақз шудани ҳуқуқҳояшро дида бошад, бояд бо даъвои маданӣ (гражданӣ) ба суд муроҷиат кунад.

Лоиҳаҳои Анҷумани миллии ВАО мустақили Тоҷикистон

Номбар кардани ҳамаи лоиҳаҳое, ки дар имтидоди 25 соли охир Анҷумани миллии ВАО-и мустақили Тоҷикистон роҳандозӣ ва татбиқ намудааст, аз имкониятҳои як мақола берун аст. Аммо номбар накардани барномаи “Мониторинги нақзи ҳуқуқи журналистон”-ро, ки зиёда аз понздаҳ сол идома дошту дар таҳкими озодии баён дар кишвар, ҳимояи ҳуқуқҳои касбӣ ва меҳнатии журналистон саҳми андак надошт, аз рӯи инсоф намедонам. Аз соли 2004 сар карда, то ҳол, дар ибтидо дар доираи татбиқи лоиҳа, сипас ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири фаъолияти Анҷумани миллии ВАО мустақили Тоҷикистон, ҳар як ҳолати нақзи ҳуқуқи журналистон ва воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон мудом таҳти назорати лоиҳаи мазкур қарор дошт. Дар ин кори басо пурмасъулият ва мураккаб дар аксар ҳолатҳо худи журналистон ба мо кӯмак менамуданд.

Махсусан масъалаи дастрасӣ ба манбаи ахбори расмӣ дар оғози солҳои асри нав ба масъалаи мураккаб табдил ёфта буд. Бавижа мансабдорони мақомоти маҳаллӣ, бо ишора ба роҳбарияти худ аз маркази кишвар, ё бо баҳонаҳои дигар гуфтугӯ бо журналистонро хуш надоштанд. Бо вуҷуди борҳо ба роҳбарияти ин ё он вазорату идораи давлатӣ муроҷиат кардан, масъала роҳи ҳалли худро пайдо намекард. Ҳамаи мансабдорон навъе муҳофизакор шуда буданд. Илова бар он, роҳбарони мақомоти зинаҳои поёнии давлатӣ аз журналистон талаб менамуданд, ки барои дастрас кардани ахбор аз мақомоти болоии онҳо – вазорату идораҳо иҷозатнома пешниҳод кунанд.

Тасаввур кунед, журналист аз шаҳри Кӯлоб, Хоруғ ё Хуҷанд барои дастрас кардани ахбор дар бораи ҳолати беморие бояд ба Душанбе – ба вазири тандурустӣ муроҷиат мекард. Танҳо баъд аз иҷозати вазир мансабдори маҳаллӣ бо журналист дар мавриди масъалаи доғи рӯз сӯҳбат мекард. Бояд гуфт, ки дар натиҷаи чунин кашолкорӣ масъалаеро, ки журналист нияти ба миён гузотан дошт, аллакай моҳияташро гум мекард. Ҷомеа ба чунин ахбор дигар ниёз надошт.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти муроҷиатҳои зиёди журналистон дар мавриди масъалаи дастрасӣ ба манбаи ахбори расмӣ 4 марти соли 2005 амр дар бораи дастрасӣ ба манбаи ахбори расмиро ба тасвиб расонда, мансабдорони давлатиро вазифадор намуд, ки ҳар семоҳа (баъдтар ба нимсола табдил шуд) дар бораи фаъолияти соҳаи худ барои журналистон нишастҳои матбуотӣ доир намуда, бо журналистон суҳбат кунанд. Амри мазкур ба масъалаи дастрасӣ ба манбаи ахбори расмӣ дахл намуда, ба рӯи журналистон даричаеро барои суҳбат бо мансабдорони давлатӣ боз кард. Мансабдорон ниҳоят аҳамияти журналистика ва ба мардум сари вақт расондани ахбори дақиқу саҳеҳро дарк намуданд.

Гузоришҳои солонаи Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон аз соли 2004 сар карда то соли 2015 дар шакли китоб таҳия ва нашр шудааст, ки донишҷӯёни соҳаи рӯзноманигории тоҷик онҳоро аз китобхонаи миллии Тоҷикистон, китобхонаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дастрас карда, ба ҳайси манбаъ дар асарҳои илмии худ васеъ истифода карда метавонанд. Бюллетенҳои АМВАОМТ “ВАО ва ҳуқуқ”, ки дар давраи мазкур ба табъ расидаанд, низ метавонанд барои даҳҳо асарҳои илмии соҳаи журналистика ва ҳуқуқ манбаъи муътамад гарданд.

Абдуфаттоҳ ВОҲИДОВ,
рӯзноманигор


Инҳоро бояд шинохт

  • Маърупов Ҷамшед Баҳромович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2023 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
            1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
     
    Пайвандҳои лозима