Фурӯши китобҳои динӣ. Дар Суғд шаш парванда ифтитоҳ кардаанд
     TJ RU EN
10:52 / 2024-12-20

Фурӯши китобҳои динӣ. Дар Суғд шаш парванда ифтитоҳ кардаанд

Кадом китоби диниро метавон харид ва чӣ гуна фаҳмид, ки он аз ташхиси диншиносӣ гузаштааст?

Давоми шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар вилояти Суғд нисбати шаш соҳибкор барои фурушӣ адабиёти динии мамнӯъ парванда ифтитоҳ шудааст. Ин бори аввал нест, ки мақомот барои фурӯши адабиёти динии мамнӯъ нафарони алоҳидаро муҷозот мекунанд. Тибқи иттилои мақомоти дахлдори кишвар, ҳар сол садҳо адабиёти динӣ мавриди ташхис қарор гирифта, чанд нафар барои ворид кардану фурӯши он ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Кадом китоби диниро метавон харид ва чӣ гуна фаҳмид, ки он аз ташхиси диншиносӣ гузаштааст?

Равшан Мирзозода, иҷрокунандаи вазифаи сардори Шӯъбаи дини вилояти Суғд зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки давоми шаш моҳи аввали соли 2024 барои фурӯши адабиёти аз ташхис ногузашта, яъне мамнӯъ нисбати шаш сокини вилоят парванда боз шудааст. Се китобфурӯш аз ноҳияи Зафаробод, як нафарӣ аз ноҳияҳои Ашту Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Истаравшан мебошанд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбаташон бо моддаи 474 иловаи 1 парванда боз кардаанд.

Дар маҷмӯъ аз онҳо 47 адабиёти динии мамнӯъ мусодира шудааст.

Кадом китоби диниро метавон харид ва чӣ гуна фаҳмид, ки он аз ташхиси диншиносӣ гузаштааст?
Бояд гуфт, дар Тоҷикистон ҳар навъ адабиёти хусусияти динидошта бояд мавриди ташхис қарор дода шавад ва танҳо баъди он фурӯши он иҷоза аст.

Рустам Азизӣ, коршиноси масоили динӣ, мегӯяд, дар Кумитаи дин шӯъбаи ташхиси адабиёти динӣ ҳаст ва ҳар муаллиф чизе навишт, ё баргардон кард ва он хусусияти динӣ дорад, онро бояд барои ташхиси давлатии диншиносӣ пешниҳод кунад.

“Танҳо баъди гирифтани хулосаи мусбати ташхис муаллиф ҳуқуқи ба нашр супурданро дорад ва чопхонаҳо низ баъди дидани хулосаи ташхиси диншиносӣ нашр мекунанд. Дар муқаддимаи китоб, дар саҳифаи аввалаш ҳаст, ки китоби мазкур аз ташхиси давлатии диншиносӣ таҳти кадом рақам ва кадом протокол гузаштааст. Китобҳои воридотӣ руйхат карда мешаванд ва ҳамин ташхисро гузашта, баъд ба фурӯш иҷозат мешавад”, - зикр мекунад коршинос.
Харидорон низ бояд ба муқаддимаи китоб эътибор диҳанд ва баъд харидорӣ кунанд.

Ёдовар мешавем фурӯш ва паҳни адабиёти аз ташхиси давлатии диншиносӣ нагузашта ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноӣ дар пай дорад. Инчунин, ғайр аз адабиёт, рамс (картинка), ашёҳои ороишию рӯзгор, ки навиштаҷоти динӣ доранд бояд аз ташхис гузаранд.

Акси марбута
Сурат: аз сомонаи Радиои Озодӣ

https://www.asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/laworder/20240820/furshi-kitoboi-din-dar-sud-shash-parvanda-iftito-kardaand


Инҳоро бояд шинохт

  • Сайфуллоҳ Маҳкамов


  • Тақвим

    << < Декабрь 2023 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
            1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
     
    Пайвандҳои лозима