Онҳо рӯзноманигорон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошанд.
Мэри Лолор, гузоришгари вижаи Созмони Миллали Мутаҳҳид (СММ) вобаста ба вазъи ҳуқуқи инсон, рӯзи 12-уми март, дар нишасти Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар Женеваи Суис бори дигар аз мақомоти Тоҷикистон хост, дастикам ҳашт маҳкумшуда, аз ҷумла хабарнигорон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандиро аз зиндон раҳо кунад.
Ӯ суханронии худро дар саҳифааш дар шабакаи иҷтимоии “X” (“Твиттер”-и пешин) нашр кард. Дар ин суханронӣ вай бори дигар хулосаҳои сафари худро ба Тоҷикистон дар моҳҳои ноябр-декабри соли 2022 баён кард.
Лолор зикр кард, ки он замон ӯ дар Боздоштгоҳи муваққатӣ ё СИЗО бо бархе аз ҳомиёни ҳуқуқи башар мулоқот карда, қазияи ин афродро дар суҳбат бо намояндагони ҳукумати Тоҷикистон низ борҳо дар миён гузошт.
Бо вуҷуди ин, ба гуфтаи вай, бисёре аз онҳое, ки барои ҳифзи ҳуқуқи дигарон кор мекунанд, ҳарчӣ бештар таҳти фишор ва дар фазои тарс қарор мегиранд.
“Ҳуқуқшиносон, рӯзноманигорон ва дигар фаъолони ҳуқуқ барои фаъолияти худ мавриди ҳадаф қарор мегиранд. Онҳо бо фишори маъмурӣ, таҳдид, таъқиби ҷиноӣ, мурофиаҳои ноодилона ва ҳабс дучор мешаванд. Ман аз мақомоти тоҷик даъват мекунам, ки Далер Бобиев (Далери Имомалӣ), Авазмад Ғурбатов (Абдуллоҳи Ғурбатӣ), Завқибек Соҳибов (Завқибек Саидаминӣ), Абдусаттор Котибов (Абдусаттор Пирмуҳаммадзода), Улфатоним Мамадшоева, Манучеҳр Холиқназаров, Фаромӯз Иргашев ва Хушрӯз Ҷумъаевро озод кунанд”, - гуфт ӯ.
Ҳамаи ин рӯзноманигорон, блогерҳо ва фаъолони мадании Тоҷикистон дар соли 2022 аз 7 то 20 сол равони зиндон шуданд. Созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар онҳоро маҳбусони сиёсӣ медонанд, зеро онҳо дар гузоришҳои худ талош кардаанд, ки мақомотро барои ислоҳи мушкилоти иҷтимоиву сиёсии кишвар даъват кунанд.
Бо иттиҳоми ифротгароӣ ё ҳамкорӣ бо ҳизбу ҳаркатҳои мамнуъ дар кишвар рӯзноманигорон Далери Имомалӣ ба 10 сол, Абдуллоҳи Ғурбатӣ ба 7,5 сол, Завқибек Саидаминӣ ба 7 сол, Абдусатттор Пирмуҳаммадзода ба 7 соли зиндон маҳкум шуданд.
Чаҳор нафари дигар, ки Лолор аз онҳо ном бурдааст, барои интиқод аз амалкарди нерӯҳои амниятии Тоҷикистон дар саркӯби эътирозҳо дар ВМКБ дар моҳи майи соли 2022 ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ зиндонӣ шуданд.
Ёдовар мешавем, ки сафари Мэри Лолор аз 28-уми ноябр то 9 декабри соли 2022 дар Тоҷикистон идома ёфт. Дар ҷараёни ин сафар вай бо намояндагони ниҳодҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳомиёни ҳуқуқ ва рӯзноманигорони Тоҷикистон мулоқот кардааст. Вай бо парвандаҳои хабарнигорони маҳкумшудаи тоҷик ошно шуда, бо додрасҳо ва додситонҳо мулоқот кард.
Дар анҷоми сафараш Лолор дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфта буд, ки давлати Тоҷикистон бояд тааҳҳудоти байналмилалии худро иҷро кунад ва бо ҳомиёни ҳуқуқи башар барои бунёди як ҷомеаи қонунӣ ва одилона ҳамкорӣ кунад.
Аз ҷумла, ӯ ҳабси 9 рӯзноманигору блогери тоҷикро шадидан интиқод намуда, аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо карда буд, ки “далели воқеӣ ва заминаҳои ҳуқуқии боздошт, иттиҳом, ҳабс ва ҳукми содиршудаи ҳар яки ин ҳомиёни ҳуқуқро” ошкор кунад.
“Дар тули 6 моҳи охир, тақрибан 20 журналист ва блогнавис дар бораи дастгир ва боздошт шудан гузориш додаанд. Ман тавонистам бо чанде аз онҳо дар ҳабси пешакӣ вохӯрам ва ман нигарон ҳастам, ки онҳо дар пайи тафтишоти нокофӣ ва мурофиаҳо дар шароити пӯшида бо далелҳои нокифоя айбдор карда шудаанд. Қонунҳо дар бораи пешгирии экстремизм ва мубориза бо терроризм барои мавриди ҳадаф гирифтан ва криминализатсияи мудофеъони ҳуқуқи инсон истифода мешаванд, ки онҳо журналистҳои мустақил, блогерҳои шаҳрвандӣ ва дигар кормандони расонаҳо мебошанд”, - гуфта буд Мэри Лолор.
Ӯ қаблан низ бо нашри хулосаи сафараш гуфта буд, ки дар парвандаи журналистон як силсила “ҳолатҳои поймолшавии ҳуқуқи инсон, қонунҳои Тоҷикистон ва муқаррароти байналмилалӣ”-ро ошкор кардааст.
Мэри Лолор дар мулоқоташ бо Ҷонибек Ҳикмат, намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ низ рӯзи 24-уми октябр дар Ню-Йорк масъалаи озод кардани бархе рӯзноманигорони боздоштшудаи тоҷикро матраҳ карда буд.
Сурат: Коллажи АП. Аз чап ба рост: Абдусатттор Пирмуҳаммадзода, Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Завқибек Саидаминӣ