Он дар 5 бахш супорида шуд.
Дирӯз, 11-уми март, дар Душанбе Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил гардид ва тибқи анъана, ба чандин нашрияву кормандони расонаҳо сипосномаву туҳфаҳо ва ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ тақдим шуд.
Бахши матбуот:
1. Камоли Қурбониён, собиқ сармуҳаррири “Ҷумҳурият”;
2. Мавҷуда Ҳасанова - сармуҳаррири маҷаллаи “Бонкдорӣ Тараққиёт Ҷаҳонишавӣ”
3. Умари Шерхон, публитсист;
4. Амир Саидзодаи Мункӣ, журналист аз ноҳияи Ховалинг.
Бахши телевизион:
1. Ёрмаҳмад Самадов, наттоқи телевизиони “Тоҷикистон”;
2. Барно Соҳибова, сармуҳаррири идораи таҳлилии Телевизиони “Ҷаҳоннамо”;
3. Шарифзода Маҳмадалӣ Сафар, муҳаррири телевизиони “Тоҷикистон”.
Бахши радио:
Зиёратшоҳ Аҳмадов, муовини сармуҳаррири идораи барномаҳои таҳлилии Радиои Тоҷикистон.
Бахши пажӯҳиши илмӣ:
Зафар Аскар, устоди факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Бахши сомонаҳои иттилоотӣ:
Абдураҳмон Раҳмонов, хабарнигори ҳафтаномаи “Истиқлол”.
Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ соли 1977 таъсис дода шудааст. Ҳадафи таъсиси Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ рушди дурнамои журналистикаи тоҷик ва баланд бардоштани маҳорати публисистӣ ва касбии рӯзноманигорони кишвар мебошад.
Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба рӯзноманигороне дода мешавад, ки аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошанд.
Инчунин ҷоизаи мазкур ба муаллифоне, ки силсилаи очерку мақолаҳои беҳтарини публисистӣ, барномаҳои баландмазмуни телевизионӣ ва гуфторҳои радиоӣ таҳия менамоянд, тақдим мегардад. Бояд тазаккур дод, ки ба барандагони Ҷоизаи Иттифоки журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ диплом, нишони сарисинагӣ ва мукофотпулӣ супорида мешавад.
Сурат: Asia-Plus