Freedom House: Тоҷикистон дар 5-гонаи кишварҳои таъқибгар. Чӣ оқибатҳо дошта метавонад?
     TJ RU EN
10:09 / 2024-12-20

Freedom House: Тоҷикистон дар 5-гонаи кишварҳои таъқибгар. Чӣ оқибатҳо дошта метавонад?

20240227 APЧину Туркия, Русия ва Миср дар паҳлӯ қарор доранд.

Созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Freedom House ё худ Хонаи Озодӣ рӯзи 16 феврал дар гузориши худ аз Тоҷикистон ба сифати яке аз кишварҳои хеле таъқибгар ном бурдааст. “Азия-Плюс” кӯшиш кард пайомадҳои онро барои кишвар муайян кунад.

Ин созмон аз соли 2014 то 2023 дар маҷмӯъ 1034 таъқиби фаромиллиро ба қайд гирифтааст, ки аз ҷониби ҳукумати 44 кишвар дар қаламрави 100 давлат содир гардидааст.

Аз рӯи шумори таъқибот ба 5-гонаи аввал ҳукуматҳои Чин, Туркия, Тоҷикистон, Русия ва Миср шомил шудаанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ бар ин назаранд, ки кишварҳои худкомаи пасошӯравӣ пойгоҳи умумии шахсони мавриди пайгардро таъсис додаанд.

Сиёсати таъқибгарӣ сиёсатест, ки ба саркӯб ва маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, инчунин нобудсозӣ ва маҳдуд кардани озодиҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ равона шудааст.

Директори иҷроияи созмони ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” Дилрабо Самадова зикр мекунад, ки Тоҷикистон ҳамроҳи дигар кишварҳои ба рӯйхати давлатҳои хеле таъқибгар шомилгардида аз ҷониби Freedom House бо мушкили ҷиддӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон дучор мешавад.

Дар пасманзари гузоришҳои ахир, ки Тоҷикистонро дар мавқеъҳои ноумед қарор медиҳанд, ногузир дар бораи эътибори байналмилалии он саволҳо ба миён меоянд.

Коршинос таъкид мекунад, ки ҳуқуқи инсон универсалӣ ва ҷудонашаванда буда, риояи онҳо ӯҳдадории ҳар як давлат аст.

«Нақзи ин ҳуқуқҳо на танҳо боиси нобоварӣ ва маҳкумияти ҷомеаи ҷаҳонӣ мешавад, балки метавонад ба оқибатҳои ҷиддӣ, аз ҷумла коҳиши кумакҳои грантӣ ва ҷорисозии таҳримҳои иқтисодӣ низ оварда расонад», - гуфт коршинос.

Дилрабо Самадова таваҷҷуҳро ба он ҷалб мекунад, ки ин пеш аз ҳама ба аҳолии сатҳи даромадашон паст, табақаҳои осебпазир ва занону духтароне, ки аксаран аз кумаку дастгирӣ тавассути грантҳо ва барномаҳои рушди кишвар вобастаанд, таъсир мерасонад.

Қаблан ҳамаи 5 кишвари Осиёи Марказӣ ба сафи кишварҳои “худкомагиашон мустаҳкам” дар радабандии Freedom House дохил шуда буданд.

Вазъият аз рӯи категорияҳое чун идоракунии миллии демократӣ, ҷараёни интихобот, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ВАО-и мустақил, идоракунии маҳаллии демократӣ ва коррупсия баҳогузорӣ мешавад.

Ҳар кадоме аз категорияҳо аз 1 то 7 балл бо ҳисоби миёна баҳогузорӣ мешавад: 7 - балли баландтарин ва 1 - балли пастттарин.

Дар радабандӣ аз 29 кишвар 8-тоаш дар категорияи бадтарини “сохти худкомаи мустаҳкам” боқӣ мондаанд.

Миёни онҳо Беларус, Озарбойҷон, Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ зикр шудаанд, ки ҳукуматҳои онҳо, ба ақидаи муаллифони радабандӣ, “аз уҳдадории асосии ҳама гуна давлат оид ба ҳифзи амнияти ҷисмонии аҳолӣ даст кашида, ба ҷойи он нисбати шаҳрвандони зиёд таҳдиди мустақим ба ҳаёт ва бехатарӣ эҷод кардаанд”.

Сурат: 1ul.ru

https://www.asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/society/20240226/freedom-house-toikiston-dar-5-gonai-kishvaroi-taibgar-ch-oibato-doshta-metavonad


Инҳоро бояд шинохт

  • Маърупов Ҷамшед Баҳромович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2023 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
            1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
     
    Пайвандҳои лозима