Таҷлили Рӯзи матбуот дар вилояти Суғд
     TJ RU EN
06:49 / 2024-12-20

Таҷлили Рӯзи матбуот дар вилояти Суғд

20240311 Pressa211 март дар меҳмонхонаи «Суғдиён»- и маркази вилоят бахшида ба Рӯзи матбуот ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он наздик ба 100 нафар кормандони матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма, собиқадорони соҳа иштирок намуданд.
Муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода аз номи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аҳли қалами вилоятро шодбош гуфта, паёми табрикии Раиси вилоятро ба самъи онҳо расонид.
Дар паёми табрикӣ гуфта шуд, ки «матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши бориз гузошта, инсонҳоро ба сӯи фардои дурахшон ва ояндаи нек раҳнамун месозанд.

 

Таъкид гардид, ки инъикоси саривақтии пешрафту тараққиёти ҷомеа ва рушди соҳаҳои хоҷагии халқ, инчунин бартарафсозии камбудиҳои мавҷуда самараи фаъолияти шоистаи рӯзноманигорон маҳсуб меёбад».

Сипас, ба як қатор собиқадорони соҳаи матбуот ва кормандони воситаҳои ахбори оммаи вилоят барои саҳми арзанда дар пешрафти ҷомеа Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят супорида шуд.

Ҳамзамон, ба ғолибони озмуни Ҷоизаи вилоятии журналистон ба номи Ҳоҷӣ Содиқ диплому мукофотҳои пулӣ тақдим гардид. Имсол Ҷоизаи вилоятӣ дар бахши телевизиону радио насиби Мунаввара Мирзоумарова, собиқадори радио ва Лола Раҷабзода, муҳаррири телевизиони вилояти Суғд шуд. Ҷоизаи мазкур дар бахши матбуотро Саттор Содиқов, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Паёми Конибодом» ва Набӣ Ҷумъаев, собиқадори матбуот ба даст оварданд.
Дар вазъияти тантанавӣ инчунин ба якчанд нафар Шаҳодатномаи аъзогии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва нишонҳои Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

https://pressa.tj/ta%d2%b7lili-r%d3%afzi-matbuot-dar-viloyati-su%d2%93d/


Тақвим

<< < Декабрь 2023 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31
 
Пайвандҳои лозима