Дархости сафири Амрико аз Тоҷикистон дар Рӯзи матбуот
     TJ RU EN
06:08 / 2024-12-20

Дархости сафири Амрико аз Тоҷикистон дар Рӯзи матбуот

20240311 ROСафири Амрико дар Душанбе бо як паёми шодбошии Рӯзи матбуот аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ки аз хабарнигорон пуштибонӣ кунад ва ба ҳаққи онҳо барои озодии баён эҳтиром гузорад.

Мануэл Микаллер ин суханҳоро рӯзи 11-уми марти имсол баён дошт. Дар замоне ки дар Тоҷикистон "Рӯзи матбуот" таҷлил ва аз кори рӯзноманигорон қадрдонӣ мешавад.

Ин рӯз дар шароите таҷлил мегардад, ки дар ду соли охир ҳашт рӯзноманингор ва блогери тоҷик дастгир ва аз 7 то 21 сол ба зиндон маҳкум шудаанд. Инчунин, баъзе аз расонаҳои мустақил аз кор монда, чанд хабарнигор барои фаъолият парвона ё иҷозанома надоранд.

"Иёлоти Муттаҳида рушди касбии журналистонро дар Тоҷикистон фаъолона дастгирӣ мекунад. Мо ин корро тавассути барномаҳои мубодила, дарсҳои забони англисӣ, сафарҳои иттилоотӣ ва дастгирии техникии расонаҳо анҷом медиҳем," -- гуфтааст сафири Амрико.

Мануэл Микаллер афзудааст, расонаҳои озоду мустақил ба ҷомеа имкон медиҳанд, ки дар бораи ончи дар гирду атрофашон мегузарад, иттилоъ ёбанд, назару мавқеъҳои гуногунро фаҳманд ва хулосаи оқилона бароранд.

“Матбуоти мустақил як унсури асосии бунёди демократия дар Тоҷикистон ва дар саросари ҷаҳон аст,” – илова кардааст ӯ.

Созмону кишварҳои ғарбӣ солҳо боз ҳукумати Тоҷикистонро барои маҳдудияти озодии баён, бастану аз саҳна рондани расонаҳои мустақил ва саркӯби хабарнигорон танқид мекунанд.

Freedom House ё Хонаи Озодӣ рӯзи якуми марти имсол дар гузорише гуфт, “чунин бархӯрд бо матбуот боис ба он шудааст, ки мардуми одӣ ҳам дар Тоҷикистон акнун барои пешгирӣ аз таъқиб талош мекунанд дар баёни андеша эҳтиёткор бошанд.”

https://www.ozodi.org/a/32856781.html


Тақвим

<< < Декабрь 2023 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31
 
Пайвандҳои лозима