11 марти соли 2024 дар вилояти Суғд Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Дар ин хусус қарори Раиси вилояти Суғд ба имзо расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Дар доираи таҷлили Рӯзи матбуот гузаронидани маҷлиси тантанавӣ ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик, мулоқоти журналистони собиқадор бо донишҷӯён, дидорбинии журналистони собиқадор, озмуни журналистон барои дарёфти Ҷоизаи вилоятии рӯзноманигорон ба номи Ҳоҷӣ Содиқ дар назар аст.
Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки дар ин рӯз мусобиқаи анъанавии шоҳмоту шашка байни кормандони рӯзномаву маҷалла ва воситаҳои ахбори омма, мулоқоти собиқадорони матбуот бо аъзои маҳфили «Мухбирони ҷавон» ва дигар чорабиниҳо гузаронида мешаванд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд
https://khovar.tj/2024/03/dar-viloyati-su-d-r-zi-matbuoti-to-ik-ashn-girifta-meshavad/