Вазир аз боз шудани парванда зидди Анора Саркорова бехабарӣ кард
     TJ RU EN
04:56 / 2024-12-20

Вазир аз боз шудани парванда зидди Анора Саркорова бехабарӣ кард

20240215 ROВазири корҳои дохилӣ аз боз шудани парвандаи ҷиноӣ нисбати рӯзноманигор Анора Саркорова изҳори бехабарӣ кард. Рамазон Раҳимзода 15-уми феврал зимни нишасти хабарӣ дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, "нисбати Анора Саркорова парванда оғоз шудааст ё не, хабар надорем".

Қаблан Анора Саркорова ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомот модарашро 1-уми феврали имсол ба Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи ВКД даъват карда, аз оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати ӯ хабар додаанд.

Манобеи Радиои Озодӣ дар мақомот низ тасдиқ карданд, ки нисбати Анора Саркорова парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Худи Саркорова гуфт, модараш аз муфаттиш “моддаи 307, замимаи 1”-ро шунидааст. Он дар бораи “даъвати оммавӣ ба ифротгароӣ ва тарғибу ташвиқу дуруст шуморидани ифротгароӣ” аст.

Анора Саркорова, хабарнигори собиқи бахши русии Би-би-сӣ ва Рустами Ҷонӣ, мудири пешини Радиои Имрӯз ва нашрияи ҳамноми он, тазоҳуроти олуда ба хунро дар вилояти Бадахшон (соли 2022) дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолона инъикос мекарданд.

Оғози соли 2023 мақомот гуфта буданд, ки ба зидди Рустами Ҷонӣ, хабарнигори тоҷики муқими Прага ва шавҳари Анора Саркорова парванда кушодаанд. Ҷониев ҳам ба “ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ” муттаҳам мешавад, ҳарчанд худаш ин иттиҳомро рад кардааст.

Анора Саркорова ва Рустами Ҷонӣ.

https://www.ozodi.org/a/32820495.html


Инҳоро бояд шинохт

  • Восеев Абдуазиз Ганҷович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2023 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
            1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
     
    Пайвандҳои лозима