Кумитаи телевизион ва радио ба 5 дархости таъсиси телевизион ва радио ҷавоби рад додааст
     TJ RU EN
06:22 / 2024-11-16

Кумитаи телевизион ва радио ба 5 дархости таъсиси телевизион ва радио ҷавоби рад додааст

20240130 APДар умум, соли 2023 ба Кумита 31 дархост ворид шудааст.

Дар соли 2023 ба Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 муроҷиат барои тамдид ва барасмиятдароии иҷозатнома дар соҳаи телевизион, радиошунавонӣ ва истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ ворид шудааст.

Дар ин бора Каримзода Тоҷиддин, сардори Бозрасии давлатии назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ зимни нишасти матбуотии Кумитаи телевизон ва радио маълумот дод.

Аз 31 муроҷиатнома - 18 адад барои тамдиди иҷозатнома, 7 адад барои аз нав барасмиятдарорӣ ва 6 адад барои барасмиятдарории иҷозатнома ба Кумитаи телевизион ва радио ворид шудааст.

Аз 6 муроҷиатнома барои барасмиятдарорӣ, танҳо ба ҶДММ “Довфилм” барои истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ иҷозатнома дода шудааст.

Сабаби рад шудани 5 муроҷиати дигарро масъулин ошкор накарданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳоло дар Тоҷикистон 101 шабакаҳои давлативу хусусии телевизиону радио ва студияҳои истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ, аз ҷумла 15 телевизиону 10 радиои давлатӣ, 18 телевизиони хусусӣ, 16 телевизиони ноқилӣ, 4 телевизиони IP, 24 радиои хусусӣ ва 14 студияи истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ фаъолият доранд.

Сурат: Asia-Plus, Роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

https://www.asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/20240130/kumitai-televizion-va-radio-ba-5-darhosti-tasisi-televizion-avobi-rad-dodaast


Тақвим

<< < Декабрь 2023 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31
 
Пайвандҳои лозима