Соли 2024 дар назди Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» радиои «Сафина» таъсис меёбад
     TJ RU EN
09:36 / 2024-12-22

Соли 2024 дар назди Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» радиои «Сафина» таъсис меёбад

TV SafinaСоли 2024 дар назди Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» радиои «Сафина» таъсис дода мешавад, гуфт директори «Телевизиони Сафина» Носир Саид 29 январ зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон.

Ба гуфтаи Носир Саид, аллакай студияи радио ташкил гардида, барои таъмини техникаҳои зарурӣ корбарӣ идома дорад.

Роҳбарияти муассиса иброз доштанд, ки бо таъсиси радиои нав барномаҳои ҷолиб ва хабару гузоришҳои дақиқу саривақтиро ба шунавандагон пешниҳод менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки 13 декабри соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат бинои наву замонавии Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина»-ро, ки бо тарҳ ва шакли зебо бунёд гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти нав бо тарҳ ва шакли муосиру замонавӣ бунёд ва рангу оро ёфта, бинои асосӣ аз 5 ошёна бо таҳхона, инчунин 2 бинои алоҳидаи дигари бо ҳам пайваст дар масоҳати беш аз 8 ҳазору 600 метри мураббаъ иборат аст. Бинои дуюм аз се ошёна бо таҳхона ва бинои сеюм аз ду ошёна бо назардошти таваққуфгоҳ барои нақлиёти хизматӣ иборат мебошад.

Дар бинои нави муассиса 6 студияи муҷаҳҳазу барҳаво барои сабти барномаҳои гуногуни телевизионӣ, оростани мусоҳибаву доир намудани пахшҳои мустақим бунёд ёфтааст. Аз ҷумла, студияҳои алоҳида барои барномаҳои иттилоотӣ – таҳлилӣ ва барномаи «Субҳ ба хайр, Тоҷикистон» ташкил гардида, ороиши саҳна бо диду нигоҳи тоза ва мутобиқ ба барномаҳо анҷом дода шудааст. Алалхусус барои пахши мустақими барномаи иттилоотӣ-таҳлилии «Навид», ки ҳамарӯза 6 нашр бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мешавад, имконоти зарурӣ фароҳам гардидаанд.

Ҳамзамон дар ин студияҳо таҷҳизоти наву замонавии наворбардорӣ, дастгоҳҳои марказии идоракунии ҷараёни сабти навор ва овоз харидорӣ ва васл шудаанд. Дар ин баробар дигар барномаҳои телевизион низ минбаъд дар студияҳои барҳаво ва муҷаҳҳаз сабту пешниҳоди тамошобинон мешаванд. Ҳамчунин дар саҳни бинои муассиса барои сабти мавсимии барномаҳо майдони махсус бунёд шудааст.

https://khovar.tj/2024/01/soli-2024-dar-nazdi-muassisai-davlatii-televizioni-safina-radioi-safina-tasis11/


Тақвим

<< < Декабрь 2023 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31
 
Пайвандҳои лозима