Бунёи Борис Немсов барои мактаби тобистонаи рӯзноманигорӣ ва фарҳангшиносӣ, ки аз 14 то 27 июл дар Олмон баргузор мешавад, озмуни интихоби довталабонро эълон менамояд.
Ба озмуни мазкур рӯзноманигорони ҷавон, фаъолон, блогерҳо ва дигар шахсони аз 18-сола боло метавонанд дархост пешниҳод кунанд.
Мавзӯъҳои фарогири имсола - озодии ВАО ва авторитаризми рақамӣ, низоми расонаҳои Русия то соли 2022 ва баъд аз он, мушкилоти ахлоқӣ дар журналистика ва роҳҳои бартараф кардани онҳо, амнияти журналистон, таҳқиқоти журналистӣ ва ғайра мебошанд.
Иштирок дар мактаб ройгон аст, довталабон дар асоси озмун интихоб карда мешаванд. Созмондиҳандагон ба иштирокчиёни интихобшуда хароҷоти сафар, манзил ва хӯрокро пардохт мекунанд.
Барои озмун шумо бояд ариза бо ғояи (консепсияи) лоиҳаи медиавӣ пешниҳод кунед, ки пас аз анҷоми омӯзиш амалӣ карда мешавад.
Забонҳои кории мактаб русӣ ва англисӣ мебошанд.
Ариза то 15 март кабул карда мешавад.