“Ҳама чиз ҳаст, вале чизе нест”. Сомонаҳои додгоҳҳои Тоҷикистон чӣ доранд?
     TJ RU EN
02:56 / 2024-12-23

“Ҳама чиз ҳаст, вале чизе нест”. Сомонаҳои додгоҳҳои Тоҷикистон чӣ доранд?

Dodgoh

Мо 10 сомонаи додгоҳҳои кишварро таҳлил кардем.

Тобистони соли 2021 дар Тоҷикистон Қонун “Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо” ва моҳи июли соли 2023 қоидаҳои пешбурди сомонаҳои мақомоти додгоҳӣ қабул шуд. Ин санадҳо додгоҳҳои кишварро муваззаф карданд, ки дар бораи фаъолияти худ, додрасҳо, рӯйхат ва натиҷаи парвандаҳои баррасишуда ва омори додгоҳӣ саривақт маълумот нашр кунанд. Вале таҳлили сомонаи додгоҳҳои кишвар маълум кард, ки ин ду санад риоя намешавад.

Кадом маълумот бояд расонаӣ шавад?
Тибқи қонун, дар сомонаҳо бояд санадҳои қонунгузорӣ оид ба мақомоти додгоҳӣ, санадҳои судӣ, қарорҳои Пленуми Суди Олӣ, маълумот дар бораи додгоҳҳо, додрасҳо, суроға ва телефон, рӯйхати парвандаҳои баррасишаванда, натиҷаи мурофиаҳо, хабару эълонҳо ва дигар иттилои марбути додгоҳ ҷойгир карда шавад.

Зарурати таҳияи қоидаҳои пешбурди сомонаҳои додгоҳҳо баъди мониторинги 68 сомонаи судҳо дар соли 2022 аз ҷониби созмони ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” ва ошкор шудани риоя нагардидани меъёрҳои қонуни болозикр, ба миён омад.

Тибқи қоидаи зикршуда, додгоҳҳо муваззафанд, ахбори марбут ба ҷаласаҳои додгоҳиро дар тӯли 6 соат баъд аз анҷоми он дар сомонаи худ интишор кунанд. Ҳамчунин, ҳама гуна иттилои расмӣ бояд дар давоми 3 рӯз дастраси умум гардад. Барои риоя накардани ин қоидаҳо раиси суд ҷавобгар аст ва рӯзноманигорон ҳақ доранд ба мақомоти болоӣ шикоят баранд.

Ин дастури дохилӣ, ки 31-уми июли соли 2023 аз ҷониби Додгоҳи Олӣ ва Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, барои иҷро ба тамоми судҳои кишвар ҳатмӣ мебошад.

Аз қабули қонун беш аз ду сол ва аз таҳияи қоидаи пешбурди сомона 5 моҳ гузашт ва мо тасмим гирифтем, кори сомонаи додгоҳҳоро таҳлил кунем, ки то куҷо меъёри ду санади ҳуқуқӣ иҷро мешавад.

Барои таҳлил 10 сомонаи додгоҳҳои кишвар интихоб шуданд. Агар бо як ҷумла баён гардад: Дар муқоиса бо соли 2022 вазъ тақрибан тағйир накардааст.

Сомонаи Додгоҳи олӣ чӣ дораду чӣ не?
Мо аввал аз сомонаи Додгоҳи олии Тоҷикистон (sud.tj), ниҳоди асосии мақомоти додгоҳӣ дидан кардем. Маълум шуд, ки ҳатто сомонаи Додгоҳи олӣ бандҳои қонунгузорӣ оид ба дастрасии иттилоъ дар бораи фаъолияти додгоҳҳоро риоя намекунад. Дар он маълумоти умумӣ дар бораи худи додгоҳ, роҳбарият, ҷадвали қабул ва санадҳои ҳуқуқиву суроғаҳо ҳаст, вале чизи муҳим барои ҷомеа - натиҷаи парвандаҳои баррасишаванда мавҷуд нест.

Ҳарчанд дар сомона бахши “Рӯйхати парвандаҳои баррасишаванда” мавҷуд аст, вале он ба таври зарурӣ ё пурра фаъол нест. Дар он ду намуди парвандаҳо ҷой дода мешавад: “Баррасии парвандаҳо дар марҳилаи кассатсионӣ” ва “Баррасии парвандаҳо дар марҳилаи назоратӣ”. Ҳар як ин бахшҳо ба зербахшҳои парвандаҳои ҷиноятӣ, оилавӣ ва гражданӣ дохил мешавад. Дар ҳамаи ин бахшҳо аз 3 то 7 парвандаи баррасишаванда бо ному насаби даъвогару ҷабрдида, рӯзи баргузории мурофиа, моҳияти парванда ва суди марҳалавию бо кадом тариқ ворид шудани парванда ҷой дода шудааст. Вале номи додрас ва баъдтар натиҷаи мурофиа нашр намешавад.

Дар он рӯйхати парвандаҳое, ки то 24-уми январи соли равон баррасӣ мешавад, ҷой дода шудааст. Вале хеле кам аст, чун ба таври маъмул ҳамарӯза Додгоҳи олии кишвар даҳҳо парвандаи ҷиноятӣ, оилавӣ ва гражданиро баррасӣ мекунад.

Охирин хабар ҳам рӯзи 26-уми декабри соли 2023 бо номи “Маҷлиси пленуми Суди олӣ” нашр шудааст. Баъди ин ҳеҷ иттилое дар бораи фаъолияи ин ниҳод нест.

Дар бахши “Эълон”-и сомона бори охир рӯзи 4-уми январи соли равон як эълон дар бораи оғози дарсҳои таълимии назариявӣ ва амалии коромӯз-судяҳо нашр шудааст.

Бахши “Ҷойҳои кори холӣ”, “Омори суд” ва “Ҳуҷҷатҳои намунавӣ” холӣ аст ва ҳангоми ворид шудан “Саҳифа сохта шуда истодааст” зикр мешавад. Ҳоло он ки нашри омори додгоҳӣ яке аз талаботи асосии қонуни зикршуда мебошад.

Бахши русии сомона ҳам пурра фаъол нест. Масалан, рӯйхати парвандаҳои баррасишаванда ва натиҷаи парвандаҳои баррасишуда мавуҷуд нест. Хабари охирин дар ин бахш рӯзи 26-уми декабр соли 2023 нашр шудааст. Ҳангоми ворид шудан ба бахши “Объявление” ҳамаи эълонҳо бо забони тоҷикӣ мебарояд.

Бахши забони англисӣ надорад ва барои нафарони биноиашон паст, имкон фароҳам нашудааст.

Сомонаҳои дигари додгоҳҳои кишвар чӣ доранд?

Бояд гуфт, ки сомонаҳои додгоҳҳои кишвар бо як тарҳ сохта шуда, корбарӣ дар онҳо низ якранг аст – бознашри хабару гузоришҳо ё мақолаҳое, ки дар сомонаи Додгоҳи олии Тоҷикистон нашр мегарданд. Ҳатто бахшҳои сомонаҳо якранг аст ва агар ба номи додгоҳ таваҷҷуҳ нашавад, чунин менамояд, ки ҳамаи сомона аз як додгоҳ аст.

Мушоҳидаҳо нишон дод, ки дар аксари сомонаҳо маълумоти умумӣ дар бораи худи судҳо, аз қабили номи суд, суроға, рақами телефон, почтаи электронӣ, насаб ва номи раиси додгоҳ ва додрасҳо ҳаст. Ҳамчунин, қариб дар ҳамаи сомонаи додгоҳҳо санадҳое, ки бевосита ба фаъолияти додгоҳҳо рабт дорад ҷой дода шудааст. Вале ҳамааш бо забони тоҷикӣ ва ба шакли PDF аст.

Аз 10 сомона, ки бахши “Ҷадвали қабули шаҳрвандон” дорад, дар 5 тояш умуман маълумот дар бораи қабули шаҳрвандон нест ва саҳифа холӣ аст. Дар 7 тояш бахши “Интернет-қабулгоҳ” ҳаст ва он фаъол мебошад.

Яке аз бахшҳои муҳими ҳамаи сомонаҳои додгоҳҳо ин “Сомонаҳои судҳои ҷумҳурӣ” аст, ки дар менюи асосӣ ҷойгир аст ва ба эҳтимол ягона бахши фаъол дар ҳамаи сомонаҳо аст.

Ин маълумоте, ки дар сомона ҷойгир аст, аслан иттилоъи ибтидоӣ аст ва на ҳамеша ба дарди ҷомеа, махсусан рӯзноманигорон мехӯрад. Маълумоти асосӣ, ки дар асоси қонун бояд ҷой дода шавад, дар сомонаҳои додгоҳҳо мавҷуд нест. Танҳо чизи лозимӣ ин рӯйхати парвандаҳои баррасишуда давоми ҳафта аст, ки дар он ҳам на ҳамаи парвандаҳо гузошта мешавад. Аз 4 то 7 паврандаҳои оилавӣ, гражданӣ ва ҷиноятӣ гузошта мешавад, вале парвандаҳои пурсарусадои ҷиноятӣ нест.

Сомонаҳои додгоҳҳои кишвар чӣ надорад?

Натиҷаи парвандаҳои баррасишаванда дар додгоҳҳо, ки барои ҷомеа муҳим аст, дар аксари сомонаи додгоҳҳо ҷойгир карда намешавад.

Бояд гуфт, ки дар бархе аз сомонаҳо дар менюи асосӣ, бахши “Рӯйхати парвандаҳои баррасишаванда” ҳаст, вале дар онҳо маълумоти хело куҳна ҷойгир аст. Дар аксари онҳо ин бахш мавҷуд нест ва ин маълумот дар бахши “Эълон” ё “Хабар” ҷой дода мешавад.

Аз 10 сомонаи судҳо танҳо дар 3-тояш бахши “Рӯйхати парвандаҳои баррасишаванда” ҳаст, вале ба истиснои сомонаи Додгоҳи олӣ, дар дутои дигар умуман маълумот нест ва саҳифа холӣ аст.

Аз иттилое, ки дар бахши “Эълон” ва “Хабар” дар бораи баргузории мурофиаҳо ҷой дода шудааст, аксараш куҳна аст. Аз ҷумла, охирин иттилоъ дар бораи парвандаҳои баррасишаванда дар сомонаи Додгоҳи шаҳри Бохтар 23-юми октябри соли 2023 мавҷуд аст. Додгоҳи горнизони шаҳри Душанбе бори охир 12-уми сентябри соли 2023 рӯйхати парвандаҳои баррасишавандаро дар сомона ҷой кардааст. Додгоҳи шаҳри Панҷакент ҳам бори охир 29-уми сентябри соли 2023 рӯйхати парвандаҳои баррасишаванда аз 2-то 6-уми октябри соли 2023-ро дар сомонааш ҷой кардааст.

Дар баробари ин, сомонаҳое ҳам ҳастанд, ки маълумот дар бораи баргузори мурофиаҳоро тезтар мегузоранд. Дар сомонаи Додгоҳи шаҳри Ваҳдат маълумоти охир дар бораи баргузории мурофиаи парвандаҳо рӯзи 22-юми январи соли 2024 ҷойгир гардидааст. Додгоҳи ноҳияи Сино рӯзи 12-уми январи соли равон рӯйхати парвандаҳое, ки аз 15-ум то 19-уми январ баррасӣ мешавад, дар сомонааш нашр кардааст.

Бояд гуфт, ки дар бахши “Эълон”-и аксари сомонаҳои додгоҳҳо хабар, санадаҳои ҳуқуқӣ, фармонҳои президент ва дигар маълумоте, ки ба эълон рабт надорад, ҷой карда шудааст. Аз ҷумла, дар сомонаи Додгоҳи шаҳри Панҷакент чандин фармони президент дар бораи баланд кардани маош, сафарҳояш ба Панҷакент, барканории судяҳо, қонунҳои гуногун, инчунин хабарҳои маҳҳалӣ дар бораи ҳашари дастаҷамъона ва дигар ахборе, ки аслан ба додгоҳ рабт надорад, ҷойгир шудааст.

Додгоҳи горнизони шаҳри Душанбе дар ин бахш бори охир дар соли 2021 табрикоти раиси додгоҳро ба муносибати рӯзи кормандони мақомоти судӣ ҷой додаст. Додгоҳои ноҳияи Рашт дар ин бахш танҳо се мавод дар соли 2022 мондааст, ки танҳо яктояш ба фаъолияти судӣ рабт дораду тамом.

Дар бахши эълони Додгоҳи шаҳри Ваҳдат умуман маълумот нест ва дар сомонаи додгоҳҳои ноҳияҳои Сино ва Муъминонбод танҳо як мавод ҳасту халос.

Таҳлили сомонаи 10 додгоҳи кишвар маълум кард, ки маълумот дар бораи натиҷаи баррасии парвандаҳо на ҳамеша нашр мешавад. Агар нашр ҳам шавад, хеле дер ва баъзе парвандаҳое, ки аҳамияти ҷамъиятӣ камтар доранд. Мисли натиҷаи баррасии павранда оид ба вайрон кардани қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим, ҷиноятҳои марбут ба қаллобӣ ва ё парвандаҳое, ки дар доираи кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барасӣ шудааст.

Аз ҷумла, Додгоҳи шаҳри Панҷакент бори охир 21-уми декабри соли 2023 оид ба баррасии парвандае аз 6-уми ноябри соли 2023 маълумот нашр кардааст, ки дар бораи риоя накардани танзими анъана ва ҷашну маросим аст. Аз ин пештар, рӯзи 14-уми декабри соли гузашта дар бораи риоя нагардидани уҳдадории падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд мавод нашр кардааст.

Ҳамин тариқ, ин маълумот аксаран баъди як, ду ё ҳатто се моҳ баъди баргузории мурофиа гузошта мешаванд. Ҳоло он ки қоидаи пешбурди сомонаи додгоҳҳо талаб мекунад, ки он бояд давоми 6 рӯз аз баргузории мурофиа дар сомона нашр шавад.
Бархе аз сомонаҳо умуман дар бораи натиҷаи баррасии парвандаҳо мавод намондаанд. Аз ҷумла, сомонаи Додгоҳи ноҳияи Рӯшони ВКМБ дар бахши “Хабар” 4 иттилоъ, ки охиринаш моҳи ноябри соли гузашта ва дар бахши “Эълон” танҳо як эълон дар моҳи марти соли 2023 мондасту бас. Он ҳам бознашр аз сомонаи Додгоҳи олии Тоҷикистон аст.

Ҳамчунин, бахши русии сомонаҳои додгоҳҳои кишвар қариб ки фаъол нестанд. Аксари маълумоти авалиндараҷа мавҷуд нест.

Зимнан, ҷанбаи амниятии сомонаҳо ҳам таъмин нест ва бехатарии аксари онҳо таъмин нагардидааст. Натиҷаи мушоҳида нишон дод, ки ба истиснои сомонаҳои Суди Олии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон, дигар сомонаҳои додгоҳҳои кишвар протоколи бехатарӣ (HTTPS) надоранд.

Чаро қонун риоя намешавад?
Бо вуҷуди қабули қонуни алоҳида ва таҳияи қоидаҳои пешбурди сомонаҳо, сатҳи иттилоърасонӣ дар додгоҳҳо дар сатҳи паст буда, муқаррароти моддаи 14 ва 15-уми қонун дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо ба таври даркорӣ риоя намешавад.
Хуршед Қурбоншоев, ҳамоҳангсози лоиҳаи мониторинги сомонаи додгоҳҳо дар суҳбат бо “Азия-Плюс” сабаби набудани иттилои зарурӣ дар сомонаи додгоҳҳоро ба маблағгузорӣ ва норасоии кадрӣ рабт дод.

Ӯ гуфт, ки аксаран барои кормандони ин бахш аз буҷет маблағ ҷудо намешавад ва касеро, ки масъул кунанд, ин фаъолият барояш сарборӣ мегардад.

“Аксари сомонаҳоро худи раисони додгоҳҳо пеш мебаранд. Ё истифодаи онро ба души ягон таҷрибаомӯз мегузоранд, ки ӯ баъди омӯзиш ба вазифаи дигар мегузарад ва бо ҳамин то омадани таҷрибаомӯзи дигар сомона боз ба қавле “бесоҳиб” мемонад”,- шарҳ дод ин ҳуқуқшиноси тоҷик.

Ин дар ҳолест, ки Амирхон Исҳоқӣ, муовини раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳам дар як навиштааш дар ҳафтаномаи “Ҷумҳурият”, нашрияи ҳукумати кишвар дар тобистони соли гузашта гуфта буд, ки “ҷиҳати пешбурди кори сомонаҳо шахсони масъули кор бо сомона таъин карда шуданд”. Вале тавре мебинем, вазъ то ҳол нигаронкунанда аст.

Набудани иттилои зарурӣ дар сомонаҳои додгоҳҳои Тоҷикистон дар ҳолест, ки рӯзноманигрон аз камфаъолии маркази матбуотии ин ниҳод низ шикоят доранд. Онҳо барои дарёфти камтарин иттилоъ аз рӯзноманигорон дархости журналистӣ мепурсанд ва танҳо тариқи он посух мегардонанд. Ҳоло он ки қонунгузорӣ онҳоро уҳдадор кардааст, ки ҳамаи иттилои заруриро дар сомонаҳояшон ҷойгир кунанд ва тариқи шифоҳӣ ба рӯзноманигрон иттилоъ диҳанд.

https://asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/power/20240124/ama-chiz-ast-vale-chize-nest-somonaoi-dodgooi-toikiston-ch-dorand


Инҳоро бояд шинохт

  • Восеев Абдуазиз Ганҷович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2023 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
            1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
     
    Пайвандҳои лозима