Нишастҳо камранг мешаванд… Роҳбарон бемасъулиятанд ё журналистон?
     TJ RU EN
02:08 / 2024-12-23

Нишастҳо камранг мешаванд… Роҳбарон бемасъулиятанд ё журналистон?

20240119 PressaОхири моҳи январ нишастҳои матбуотӣ оғоз мешаванд. Ин ягона имконияти хабарнигорони тоҷик барои рӯ ба рӯ дидани бархе аз роҳбарони ниҳодҳои давлатист. Вале солҳои охир журналистон аз он шикоят мекунанд, ки нишастҳои матбуотӣ камранг шудаанд. Нишастҳои матбуотиро чӣ гуна дидан мехоҳед? Бо ин суол ба чанд нафар аз журналистон муроҷиат кардем.

Имконият ба журналистон
Фарзона Восеева, хабарнигори маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон”

Нишасти матбуотӣ ягона имкониятест, ки журналистон бо сохторҳои гуногуни давлатӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Аз 1 соате, ки ҷудо шудааст, 30 дақиқа барои гӯш кардани ҳисобот ва 30 дақиқа барои саволу ҷавоб сарф мешавад. Ҳастанд роҳбароне, ки аз вақти муқаррарӣ бештар саволу ҷавоб мекунанд, вале боз бисёрияшон дақиқаҳоро мешуморанд, бинобар ин, бисёр саволҳо бепосух мемонанд. Имсол интизор дорем, ки роҳбарони аввали ниҳодҳо дар нишастҳои матбуотӣ бошанд, фурсат диҳанд, ки журналистон ба ҳама саволҳои худ ҷавоб гиранд.

Ба роҳ мондани суолҳои онлайнӣ
Суҳроби Зиё, хабарнигори ВВС

Мехоҳам нишастҳои матбуотӣ дар вақти муқарраршуда ва бо ҳузури шахси аввали вазорату идораҳо баргузор шавад. Масъулон аз хондани гузоришҳои тӯлонӣ ва дилгиркунанда даст кашанд ва як соати вақти нишаст танҳо барои посух додан ба суолҳои хабарнигорон сарф шавад. Матни суханрониҳо ва гузориши масъулонро мешавад ба расонаҳо аз тариқи емейл фиристод ва ё нусхаи чопии онҳоро дар ихтиёри хабарнигорони ҳозир дар нишастҳои хабарӣ гузошт. Ҳамчунин, бояд суолҳои онлайниро ҳам таҷриба кард, то хабарнигоре, ки масалан дар шаҳри Хуҷанд, Бохтар ё Хоруғ ва ҳатто берун аз кишвар аст, имкони суол доданро дошта бошад. Дар шароити феълии рушди интернет ин кор мумкин аст.

Маърӯзахонӣ кам шавад!
Абдураҳмон Раҳмонов, хабарнигори нашрияи «Истиқлол»

Аксари нишастҳои матбуотӣ якранг ва дилгиркунанда шудаанд. Бар замми ин, бештари роҳбарон як соати барои нишаст ҷудошударо бо қироати ҳисоботи обшуста мегузаронанд. Модоме ҳисоботи ниҳодҳо дар дасти журналистон ҳаст, пас ҳоҷат ба дубора маърӯза кардан намемонад. Беҳтар мебуд соати ҷудошуда танҳо бо пурсишу посух миёни мақомот ва рӯзноманигорон сипарӣ мешуд.

Кӯри худу бинои дигарон
Далер АБДУЛЛО, муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум»

Шояд дар олам кам кишваре мавҷуд аст, ки Роҳбари давлати он аз тариқи фармони алоҳида мансабдоронро вазифадор намудааст, то мунтазам ба назди журналистон бароянд ва ҳисобот диҳанд. Мутаассифона, мо — журналистон аз ин имконияти фароҳамшуда самаранок истифода намебарем. Манзури ман муносибати дуюмдараҷа зоҳир намудану бетафовутии баъзе масъулини ВАО ба нишастҳои матбуотӣ мебошад. Аксар маврид ба чунин чорабиниҳо журналистон бе омодагӣ ва бидуни доштани маълумот дар бораи ваколату салоҳияти ниҳоди нишасти матбуотӣ доирменамуда мераванд. Дар натиҷа, саволҳои ба фаъолияту ваколат рабтнадошта ва ҳатто дар баъзе маврид хандаовар медиҳанд. Табиист, ки дар чунин ҳолат соҳибмансабон ба журналистикаи муосир ва касбияти журналистон маҳз аз ҳамин зовия баҳогузорӣ менамоянд. Ба ибораи дигар, фикр мекунанд, ки сатҳи донишу касбияти ҳама журналистон чунин аст. Аксар журналистон аз ширкат наварзидани роҳбарони аввали баъзе вазорату идораҳо шиква мекунанд. Онҳое, ки чунин иддао доранд, ба маънои томаш «кӯри худу бинои дигаронанд»… Зеро масъулини аксар ВАО барои иштирок дар нишастҳои матбуотӣ кормандони оддӣ ва ҳатто журналистони навкорро равон менамоянд. Шахсан барои ман муаммо аст, ки чаро сармуҳаррирон, муассисон ва журналистони соҳибном аз иштирок дар нишастҳои матбуотӣ худдорӣ менамоянд? Агар шахсони мавриди назар ба нишастҳо мерафтанд, шаҳомати чунин чорабиниҳо меафзуд.

Аз суол мегурезанд
Шамсулло ФОЗИЛОВ, хабарнигори «Фараж»

Нишастҳои матбуотӣ сол ба сол камранг мешаванд. Ба суоли журналистон вазирону роҳбарони ниҳодҳои марбута дар ҷояш ҷавоб намегӯянд. Баъзе роҳбарон «ба суоли шумо пас аз нишасти матбуотӣ ҷавоби муфассал пешниҳод карда мешавад» гуфта, аз суол мегурезанд ва ё ҷавоби саволро ба котибони матбуотӣ ҳавола мекунанд. Котибҳо низ баъдан бо ҳар баҳона ҷавоб намедиҳанд.

Сохторҳои калидӣ нишаст баргузор намекунанд
Фарзона Муродӣ, хабарнигор дар вилояти Суғд

Дар вилояти Суғд сохторҳои калидӣ, аз қабили РВКД ҶТ, Суди вилояти Суғд, шабакаҳои барқ ва ғайра нишаст доир намекунанд. Сабабаш ба мо хабарнигорон то ҳол маълум нест. Мушкили дигар дар як вақт баргузор шудани нишасти чанд сохтори муҳим аст. Дар як соат ду-се шаҳру ноҳия нишаст доранд, ки ҳар кадоме муҳимтар аз якдигаранд. Ин мушкилиҳо бояд зимни таҳияи ҷадвали нишастҳо ба инобат гирифта шаванд.

Журналистон аз хӯрдани “як пиёла чой” даст кашанд…
Мазҳаб Ҷумъа, хабарнигори “Азия-плюс”

Мехоҳем, ки роҳбарони аввали ниҳодҳо дар нишастҳо ширкат кунанд, ними нишастро бо хондани варақаи иттилоотӣ, ки аллакай нусхаи он дар дасти журналистон ҳаст, сарф накунанд, суоли журналистро бо диққат гӯш дода, аз посух нагурезанд ва мушаххас ба суол посух диҳанд. Зимнан, аз дӯстони журналисти худам хоҳиш дорам, ки ба нишастҳо бо омодагӣ раванд, суолҳоро мушаххас ба масъулин диҳанд, аз таърифу тавсифи масъулини ин ё он сохтор, махсусан роҳбари аввал ва муовинонаш даст кашанд. Ҳамин тариқ, мехоҳам ки ҳамкасбонам якдигарро эҳтиром кунанд, суолҳои шахсӣ надиҳанд ва дарди дил накунанд, аз додани сипосномаву ифтихорномаҳои шармандавор даст кашанд. Ҳамчунин, агар имкон ҳаст, ба истиснои як пиёла чой ё об аз хӯрдани кофе-брейкҳои мақомот ва гирифтани туҳфаҳо даст кашанд…

Роҳбарон бояд ба худ бовар дошта бошанд…
Зуҳриддин Умаров, муҳаррири шуъбаи рўзномаи «Халқ овози»

Аз нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ҳам рўзноманигорон ва ҳам масъулин бояд самаранок истифода баранд. Масъалаи дар нишаст ҳузур доштан ё надоштани ин ё он роҳбари вазорату идора ба худи онҳо вобастагӣ дорад. Агар роҳбарон хоҳанд, ки дастовардҳои худро муаррифӣ кунанд, аз навгониҳои соҳаи худ мардумро огоҳ созанд, ё дар ҳалли масъалаҳо мубодилаи афкор сурат гирад, нишаст беҳтарин имкон аст. Инро дуруст дарк кардан лозим аст.

Айб аз журналистон низ мешавад…
Бахтиёр Раҳмониён,хабарнигори Радиои Фарҳанг

Нишасти матбуотии аксари ниҳодҳо ба таври бояд роҳандозӣ намешавад. Ба ин сатҳ расидани нишастҳои матбуотӣ фақат иллати кори роҳбарони ниҳодҳо нест, балки иддае аз рӯзноманигорон низ бо тамаллуқ ва сохтакорӣ ин минбарро аз дасти журналистони воқеӣ гирифтанд. Дигар мушкил иштирок накардани роҳбарони аввал дар нишаст аст. Бинобар ин, бояд амре содир бишавад, ки роҳбарон дар ҳеҷ ҳолат аз иштирок дар нишасти матбуотии ниҳоди худ сарпечӣ накунанд.

Нишастҳои умумӣ
Машраби Аловиддин, хабарнигор дар вилояти Хатлон

Мутаассифона, дар вилояти Хатлон баъзе аз масъулини ташкилоту идораҳои давлатӣ ба нишасти хабарӣ бе тайёрӣ меоянд. «Маълумоти пурра ба таври хатӣ ба шумо пешниҳод мешавад» мегӯянду худро халос мекунанд. Иддае аз шахсони аввал дар нишастҳои матбуотӣ иштирок намекунанд. Мушкили дигар дар як вақт гузаронидани нишасти хабарии се то панҷ идорае аст, ки зертобеи як вазоратанд. Ҳамин аст, ки суолҳои зиёд бепосух мемонанд. Масалан, нишасти хабарии Муассисаи давлатии идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бохтар, Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, Фурудгоҳи давлатии Бохтар, Роҳи оҳан ва боз чанд намояндагии дигари Вазорати нақлиёти кишвар дар як вақт ва як соат мегузарад. Табиист, ки дар як соат ба ҳамаи суолҳо посух гирифта намешавад.

P.S Мувофиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми марти соли 2005, таҳти №АП-1677 «Дар бораи ташкил ва гузаронидани конфронсҳои матбуотии кварталӣ» мақомоти раҳбарии вазорату идораҳои кишвар уҳдадоранд, ки дар як сол ду маротиба нишасти матбуотӣ доир кунанд. Тибқи талаботи моддаи 30-и Конститутсияи ҶТ, мод. 5, 6-и Қонуни ҶТ “Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот”, мод. 23 ва 28-и Қонуни ҶТ “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар ВАО” масъулони сохторҳо уҳдадоранд, ки дар муҳлати муайяншуда ба саволи журналистон посух диҳанд.

Сурат: Pressa.tj, Слайдер

https://pressa.tj/nishast%d2%b3o-kamrang-meshavand-ro%d2%b3baron-bemasuliyatand-yo-zhurnaliston/


Тақвим

<< < Декабрь 2023 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31
 
Пайвандҳои лозима