“Фаъолияти озоди расонаҳо ва таъмини озодии баён”. Шартҳои Парлумони Аврупо барои пазируфтани Тоҷикистон ба “GSP+”
     TJ RU EN
02:35 / 2024-12-23

“Фаъолияти озоди расонаҳо ва таъмини озодии баён”. Шартҳои Парлумони Аврупо барои пазируфтани Тоҷикистон ба “GSP+”

20240119 APДар қатъномаи қабулкардаи ин ниҳод аз фишор ба “Азия-Плюс” ва бахши тоҷикии Радиои Озодӣ, хабарнигорону вакилони дифои зиндонӣ ёд мешавад.

Парлумони Аврупо қатъномаеро қабул кард, ки дар он аз амалкарди ҳукумати Тоҷикистон дар қиболи расонаҳои мустақилу хабарнигорон, мунтақидони давлат ва вакилони мудофеъ сахт интиқод гардида, шартҳои асосӣ барои пайвастан ба барномаҳои имтиёздори Иттиҳоди Аврупо зикр шудааст.

“Фаъолияти озоду мустақили расонаҳо ва созмонҳои иҷтимоӣ бунёди ҳар як ҷомеаи демократӣ аст; вазъи озодии баён бояд ҳангоми баррасии дархости Тоҷикистон барои пайвастан ба GSP+ ба эътибор гирифта шавад,” – таъкид мегардад дар қатънома.

Бояд гуфт, ки охири соли 2023 Тоҷикистон барои шомил шудан ба Низоми умумии имтиёзҳо (GSP+) дархост пешниҳод карда буд. Қабул ба ин низом имкон медиҳад, ки беш аз 6 ҳазор намуди коло ба Иттиҳоди Аврупо бидуни боҷ содир карда шавад.

Ҳамкнун, Иттиҳоди Аврупо ба қабули қатънома шартҳояшро барои шомил шудани Тоҷикистон ба ин низом эълон кард. Қатънома рӯзи 18-уми январ қабул шуд. Дар он аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, ки ба ҳуқуқи мардум эҳтиром бигузорад, фишор ба матбуот ва саркӯбу ба зиндон андохтани хабарнигорон ва фаъолони маданиро бас карда, вакилони мудофеи зиндониро озод кунад.

Аз ҷумла, дар қатънома зикр мегардад, ки хабаргузории “Азия-Плюс” ва кормандони бахши тоҷикии Радиои Озодӣ пайваста таъқибу таҳдид мешаванд ва бо мушкили дарёфти парвонаи кор (аккредитатсия) дучор ҳастанд.

Ҳамчунин, зикр мегардад, ки ҳукумати Тоҷикистон тибқи аҳдҳои байнулмилалӣ хабарнигорони бе муҳокимаи шаффофу одилона паси панҷара андохта озод гарданд. Дар қатънома аз номи хабарнигорону блогерони давоми ду соли охир зиндонишудаи тоҷик - Абдулло Ғурбатӣ, Далери Имомалӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммазода, Улфатхоним Мамадшоева ном бурдаанд.

Номи ду вакили дифои зиндонӣ - Манучеҳр Холиқназаров ва Бузургмеҳр Ёровро низ дар қатънома таъкид мешавад ва аз хукумати Тоҷикистон даъват мегардад, ки онҳоро раҳо кунад.

Бояд зикр кард, ки як рӯз пеш аз қабули қатънома аз ҷониби Парлумони Аврупо, Ҷозеп Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, низ чораҳои андешидаи ҳукумати Тоҷикистонро дар робита ба таъмини ҳуқуқи инсон ва озодии ҷомеаи шаҳрвандӣ “номуносиб” номид.

“Ҳукумати Тоҷикистон далоили амниятӣ, мубориза бо терроризму ифротгароии исломиро сабаби маҳдудиятҳо медонад. Иттиҳоди Аврупо ин нигарониҳои амниятии Тоҷикистонро эътироф мекунад, вале чораҳои андешидаи мақомотро муносиб намедонад”, - гуфт ӯ.

Таъкид мегардад, ки аз давлатҳои узви Иттиҳоди Аврупо дархост шудааст, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ, мудофеони ҳуқуқи башар ва кормандони расонаҳои мустақилро дар Тоҷикистон, ки ба ҳимоят эҳтиёҷ доранд, бо додани раводид ё бо сармоягузорӣ пуштибонӣ кунанд.

Тоҷикистон то ҳол ба ин қатъномаи қабулкардаи Парлумони Аврупо вокуниш накардааст ва маълум нест, ки то куҷо аз нигаронии ин созмон огоҳ аст ва онро эътироф мекунад.

Зикр кардан ба маврид аст, ки дар гузашта созмонҳои дигари ҳомии ҳуқуқи инсон ва расонаҳо низ дар гузоришҳои худ аз ҳукумати Тоҷикистон қатъи фишор ба расонаҳо ва таъмини ҳуқуқи инсонро талаб карда буданд. Мақомоти Тоҷикистон пайваста таъкид мекунад, ки ин гузоришҳо баёнгари вазъи воқеӣ нест.

Сурат: Акси марбута аз сомонаи m.7ooo.ru

https://www.asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/20240119/faoliyati-ozodi-rasonao-va-tamini-ozodii-bayon-shartoi-parlumoni-avrupo-baroi-paziruftani-toikiston-ba-gsp


Инҳоро бояд шинохт

  • Сайфуллоҳ Маҳкамов


  • Тақвим

    << < Декабрь 2023 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
            1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
     
    Пайвандҳои лозима