Ибтидои асри ХХ вазнинтарин давра дар таърихи тоҷикон буд. Дар ин давра кӯшиши инкори мавҷудият ва муқимияти тоҷикон дар Осиёи Марказӣ аз ҷониби гурӯҳҳои бадхоҳи миллати тоҷик роҳандозӣ шуд. Зери таъсир ва таҳдид ҳатто як иддаи тоҷикон бо онҳо пайвастанд. Бозиҳои сиёсии бузургдавлатон заминаи миллат барпо кардани ҷумҳуриҳоро ба миён овард. Зеро он василаи хуби тафриқа андохтану ҳукумат рондан буд. Чунин ҳам шуд. Ҷойи мардуми муқимии шаҳрнишини тоҷик куҳистон — Тоҷикистони имрӯза дар ҳайати РСС Ӯзбекистон муқаррар мешавад. Ва он ҳам бар асари ҷонбозиҳо ва фидокориҳои фарзандони фарзонаи миллат.
Ин моҳи октябри соли 1924 буд, баъдтар соли 1929 Тоҷикистон ҷумҳурии алоҳида дар ҳайати ИҶШС ва соли 1991 соҳибистиқлол шуд.
Ҳарчанд китобу мақолаҳои зиёде дар ин бора навишта шуда бошанд ҳам, саҳифаҳои торики тавлид ва такмили давлат ва далатдории тоҷикон дар ин давраи таърихӣ зиёд аст.
Ба хотири рӯшанӣ андохтан ба саҳифаҳои норӯшани таърих, ҷоннисориҳои фарзандони асил, зиндагиномаи онҳо… ҳафтаномаи “Тоҷикистон” тасмим гирифт бахшида ба 100-солагии давлати Тоҷикистон (ҳарчанд мо соли 1991 истиқлоли воқеӣ ба даст овардем) озмуни “Достони тавлиди Тоҷикистон”-ро роҳандозӣ кунад.
Дар он ҳар нафар бо навиштаҳояш (лавҳа, очерк, мақола, хотирот, мусоҳиба, таърихча ва ғайра) дар бораи лаҳзаҳо, асноди таърихӣ, сарнавишти онҳое, ки барои бунёди давлати Тоҷикистон талош ва ҷонбозӣ карданд, метавонад ширкат варзад.
Барои ғолибон се мукофот муқаррар гаштааст:
Ҷойи аввал 5 000 сомонӣ
Ҷойи дуюм 3 000 сомонӣ
Ҷойи сеюм 2 000 сомонӣ
Ҳамчунин, ғолиби ҷои аввал бо Ҷоизаи махсуси ҳафтаномаи “Тоҷикистон” — Нишони сарисинагии ба номи Муродуллоҳи Шерализода сарфароз мегардад.
Озмуни “Достони тавлиди Тоҷикистон” то моҳи октябр идома меёбад ва дар арафаи 100-солагии таъсиси Тоҷикистон ҷамъбаст мегардад.
Маводҳои беҳтарин дар шакли китоб чоп мешаванд.
Ҳамчунин бо муаллифони маводи баргузида мусоҳибаи видеоӣ анҷом дода мешавад.
Дар маводҳои пешниҳодшуда навиштори барои “Достони тавлиди Тоҷикистон”-ро фаромӯш накунед.
Маводҳои худро ба суроғаи электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. фиристед.
Телефон барои маълумот: 93-350-70-20
https://pressa.tj/dostoni-tavlidi-to%d2%b7ikiston-ozmuni-navi-%d2%b3aftanomai-to%d2%b7ikiston/