Муқобилаи муштараки Тоҷикистон ва Русия бо суистифода аз фановарии иттилоот ва иртиботот
     TJ RU EN
09:00 / 2024-11-24

Муқобилаи муштараки Тоҷикистон ва Русия бо суистифода аз фановарии иттилоот ва иртиботот

20240105 PTodayТоҷикистон ва Русия ба таври муштарак бо суистифода аз фановарии иттилоот ва иртиботот ба вежа таблиғи терроризм ва ифротгароӣ аз тариқи интернет, ҳакки зерсохтҳои иттилоотӣ ва поймолсозии назми умумӣ муқобила хоҳанд кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс ,Тоҷикистон ва Русия ба таври муштарак бо суистифода аз фановарии иттилоот ва иртиботот муқобила хоҳанд кард.

Тавофуқномаи ҳамкорӣ дар ин замина байни ду кишвар дар 22 декабри соли гузашта ба тасвиби намояндагони парлумони Тоҷикистон расид.

Муҳаммад Маликзода-муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон зимни ташреҳи моҳияти ин тавофуқ, хотирнишон кард: Ин санад ҳамкории мақомоти дахлдори тарафҳо дар ҳамоҳангии муқобила бо таҳдидот дар заминаи тазмини амнияти иттилооти байналмиллалӣ, пешгирӣ аз ҷиноятҳо бо истифода аз фановарии иттилоот ва иртиботот, тавсеа ва иҷрои иқдомоти муштараки лозим барои беҳбуди амнияти иттилоотро танзим мекунад.

Бинобар суханони вай, фановарии иттилоот ва иртиботот дар канори ҷанбаҳои мусбат, дорои авомили манфӣ низ мебошад, ки яке аз онҳо даргир шудани ҷавонон аз тариқи интернет дар сафи созмонҳо ва ҳаракатҳои номатлуб мебошад.

Вай афзуд: Бар асоси таҳлили ҷиноятҳои бо моҳияти террористӣ ва ифротӣ, аксари ҷавонон тоҷикистоние, ки ба созмонҳо ва ҷунбишҳои ифротии номатлуб пайвастаанд, асосан аз тариқи интернет дар ҷараёни муҳоҷирати корӣ ба хориҷ аз кишвар ҷазб шудаанд.

Ҳасан Одиназода-намояндаи парлумони Тоҷикистон зимни ҳимоят аз ин тавофуқнома гуфт: Ин санад бар асоси эҳтироми мутақобил ба истиқлол, ҳокимият ва тамомияти сарзаминии тарафҳо аст, ки ҳадафи он зарба задан ба манофеъи ашхоси дигар нест.

Тавофуқномаи ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар заминаи тазмини амнияти иттилооти байналмиллалӣ дар 19 июни 2023 дар Москва имзо шуд.

https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i110614-%D0%9C%D1%83%D2%9B%D0%BE%D0%B1%D0%B8%D0%BB%D0%B0%D0%B8_%D0%BC%D1%83%D1%88%D1%82%D0%B0%D1%80%D0%B0%D0%BA%D0%B8_%D0%A2%D0%BE%D2%B7%D0%B8%D0%BA%D0%B8%D1%81%D1%82%D0%BE%D0%BD_%D0%B2%D0%B0_%D0%A0%D1%83%D1%81%D0%B8%D1%8F_%D0%B1%D0%BE_%D1%81%D1%83%D0%B8%D1%81%D1%82%D0%B8%D1%84%D0%BE%D0%B4%D0%B0_%D0%B0%D0%B7_%D1%84%D0%B0%D0%BD%D0%BE%D0%B2%D0%B0%D1%80%D0%B8%D0%B8_%D0%B8%D1%82%D1%82%D0%B8%D0%BB%D0%BE%D0%BE%D1%82_%D0%B2%D0%B0_%D0%B8%D1%80%D1%82%D0%B8%D0%B1%D0%BE%D1%82%D0%BE%D1%82


Тақвим

<< < Декабрь 2023 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31
 
Пайвандҳои лозима