Мактаби зимистонаи омӯзиши видео ва истеҳсоли контент
Медиа - Алянси Тоҷикистон барои журналистони ҷавон, донишҷӯёни курсҳои болои факултаҳои журналистика, блогерон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз вилояти Хатлон, вилояти Мухтори кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе озмуни интихобӣ барои иштирок дар мактаби зимистонаи омӯзиши видео ва истеҳсоли контентро эълон мекунад.
Мактаби зимистона оид ба омӯзиши видео ва истеҳсоли контент аз 15 то 24 январи соли 2023 гузаронида шуда, дар он коршиносон оид ба меъёрҳои байналмилалии журналистика, аксгирӣ, тарзи гирифтани видео ва танзими он, техникаи мусоҳиба ва ғайра дарсҳои амалӣ хоҳанд гуфт. Баъди хатми мактаби зимистона иштирокчиёни он имкон пайдо мекунанд, ки бо аъзои МАТ ҳамкорӣ ба роҳ монанд.
Хоҳишмандони иштирок дар омӯзиш метавонанд дархости онлайниро
ИН ҶО то 10 январии соли 2022 пур кунанд.
Барои маълумоти иловагӣ ба рақамҳои 93 525 93 13 аз соати 09:00 то 17:00 рӯзҳои корӣ занг занед ва ё ба суроғаи электрони
Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
нависед.
Мактаби зимистонаи МАТ бо дастгирии Комиссия рушди демократияи назди сафароти ИМА дар Тоҷикистон амалӣ мегардад.
DPF
29.12.2022 17:46
416
Хабарҳо