Абдусаттор Пирмуҳаммадзода 7 сол равонаи зиндон гардид
     TJ RU EN
02:48 / 2024-11-16

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода 7 сол равонаи зиндон гардид

Pirmuhammadzoda AПайвандони ин рӯзноманигор мегӯянд, аз болои ҳукм шикоят хоҳанд кард.

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, яке аз чаҳор рӯзноманигори тоҷик, ки тобистони соли ҷорӣ боздошт гардида буданд, бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт, 7 сол равонаи зиндон гардид. Дар ин бора имрӯз, 26-уми декабр, бародари рӯзноманигор Абдукарим Пирмуҳаммадзода ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Ӯ гуфт, ки мурофиаи додгоҳӣ дар бинои боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) баргузор гардид ва додрас ҳукми Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро эълон кард.

Абдукарим Пирмуҳаммадзода таъкид намуд, ки аз ҳукм норозианд ва аз болои ҳукми додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ба зинаи болоии додгоҳ шикоят хоҳанд бурд.

Гуфтан ба маврид аст, ки ду ҳафта пеш айбдоркунандаи давлатӣ барои Абдусаттор Пирмуҳаммадзода 7 соли зиндон хоста буд.

Пас аз талаби айбдоркунандаи давлатӣ, яке аз наздиконаш ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки “зимни мурофиа Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ҳам баромад кард ва ҳамаи айбҳое, ки аз ҷониби айбдоркунандаи давлатӣ нисбаташ ироа гардид, рад намуд”.

Гуфтан ба маврид аст, ки Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, корманди собиқи радиои давлатӣ замоне шинохта гардид, ки дар Рӯзи Президент наворе сабт карда, шикоят намуд, ки кормандони БДА барои озод фаъолият карданаш монеъ мешаванд.

Баъдан ӯ бо пахши наворҳои дигар аз мушкилоти дигари ҷомеа нақл мекард. Ӯ аз ҷумлаи онҳое буд, ки баъди боздошти Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ, ду рӯзноманигори дигари маҳкумшудаи тоҷик садояшро баланд кард.

Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаи 44-сола ва падари чор фарзанд моҳи июли имсол дастгир ва ба ифротгароӣ (моддаи 307, замимаи 3, қисми 2) гумонбар аст.

Мурофиаи додгоҳии ӯ рӯзи 13-уми октябр дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ шурӯъ шуд ва ду ҳафта баъд аз оғози мурофаи ӯ дар номае аз дохили зиндон шикоят кард, ки аз рӯзи аввал зери фишори равонӣ ва шиканҷа буд, то иттиҳоми ба қавлаш “бофтаву сохтаи” мақомоти милисаро ба дӯш бигирад.

Ёдовар мешавем, ки Абдусаттор Пирмуҳаммадзода аз ҷумлаи чаҳор журналисту блогнависи тоҷик аст, ки дар як соли охир боздошт ва аксари онҳо ба муҳлатҳои гуногун зиндонӣ шуданд.

Далери Имомалӣ ба 10 соли зиндон, Завқибек Саидаминӣ ба 7 сол ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба 7,5 соли зиндон маҳкум шуданд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ боздошту муҳокима ва ҳукми рӯзноманигоронро ғайриқонунӣ хонда, аз мақомоти Тоҷикистон даъват карданд, ки онҳоро фавран озод кунанд.

https://www.asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/society/20221226/abdusattor-pirmuammadzoda-7-sol-ravonai-zindon-gardid


Тақвим

<< < Декабрь 2021 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    
 
Пайвандҳои лозима