Танқиди Раҳмон аз суръати интернет дар Тоҷикистон
     TJ RU EN
10:05 / 2024-12-20

Танқиди Раҳмон аз суръати интернет дар Тоҷикистон

20221224 ROРаиси ҷумҳури Тоҷикистон аз сифати интернет дар кишвар танқид кард ва гуфт, нарху суръати интернет "қонеъкунанда нест".

Эмомалӣ Раҳмон 23-юми декабр дар паёмаш ба ҳарду палатаи порлумон гуфт, "таъмини намудани суръати баланди интернет ва дастрас будани нархи он барои рушди иқтисоди рақамӣ, зеҳни сунъӣ таъмин намудани амнияти иқтисодӣ ва ҷалби сармоя зарурӣ мебошад".

Тибқи омори президент, теъдоди муштариёни интернет дар Тоҷикистон ба 4,3 миллион нафар расидааст, аммо "суръат ва арзиши интернет ҳанӯз қонеъкунанда нест. Сайёҳон ба куҷо мераванд, ба он кишвар, ки суръати баланди интернет дорад," -- афзуд ӯ.

Эмомалӣ Раҳмон аз Хадамоти алоқа ва ширкатҳои мухобиротӣ талаб кард, барои боло бурдани суръати интернет, паст кардани нархи он ва дастрас кардани интернети баландсуръат дар минтақаҳо “тадбирҳои зарурӣ андешанд.”

Яке аз ин тадбирҳо ба гуфтаи раиси ҷумҳур бозбинии Қонун дар бораи иртиботот аст. Ин қонун бори охир соли 2017 қабул шуда буд ва нуктае, ки аз он ба ёд мондааст сабтиноми дигарбораи симкортҳо аст. Ин ҳолат навбатпойиҳои дарозро дар назди ширкатҳои мобилӣ ба миён овард.

Шикоятҳо аз бад будани сифати интернет ва нархи гарони он солҳост, ки дар Тоҷикистон садо медиҳад. Мақомот, аз ҷумла намояндагони Хадамоти алоқа ҳамеша аз сифати интернет дар кишвар тавсиф мекунанд.

https://www.ozodi.org/a/32190297.html


Инҳоро бояд шинохт

  • Акбари Саттор


  • Тақвим

    << < Декабрь 2021 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
        1 2 3 4 5
    6 7 8 9 10 11 12
    13 14 15 16 17 18 19
    20 21 22 23 24 25 26
    27 28 29 30 31    
     
    Пайвандҳои лозима