Онҳо гуфтаанд, ӯ дар зиндон аз дарди сутунмуҳра ва асаб ранҷ мебарад.
Наздикони Завқибек Саидаминӣ, яке аз чаҳор рӯзноманигори маҳкумшудаи тоҷик аз бетағйир гузоштани ҳукми 7 сол зиндони рӯзноманигор аз сӯи Додгоҳи шаҳри Душанбе хабар дода, аз вазъи саломатии ӯ нигаронӣ кардаанд.
Сино Саидаминӣ, бародари Завқибек дар саҳифаи расмиаш дар “Фейсбук” навишт, ки Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 30-юми ноябр соли равон ҳукми 7 соли зиндони бародарашро бетағйир гузошт ва ӯ аллакай, аз Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) ба Муассисаи ислоҳии №4 ё зиндони маъруф ба “Якум советский”-и пойтахт интиқол дода шудааст.
Ӯ гуфтааст, Завқибек Саидаминӣ “ният дорад ба тамоми зинаҳои судӣ шикоят бурда, бегуноҳияшро исбот кунад”.
Қаблан Завқибек Саидаминӣ бо ирсоли як ариза аз Додгоҳи шаҳри Душанбе хоста буд, ки ҳукмашро бозбинӣ ва бекор кунанд.
Ӯ афзуда буд, ки аз ҳукми Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки нисбаташ 7 соли зиндонро татбиқ кард, розӣ нест, “тафтишу муҳокимаи парвандааш яктарафа ё нопурра буд, додрас далелҳои пешниҳодкарда ва нишондоди бархе шоҳидонро ба назар нагирифту номи шоҳиди набударо дар ҳукм навишт” ва инчунин, санаи боздошташ ба санае, ки дар ҳукми суд омадааст мутобиқат намекунад.
Завқибек Саидаминӣ рӯзи 3-юми ноябри соли равон бо ҳукми Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ 7 сол равонаи зиндони низомаш пурзӯр гардид. Ӯ ба ҳамкорӣ бо созмонҳои дар Тоҷикистон мамнӯи Ҳизби наҳзати ислом ва "Гурӯҳи 24" гунаҳкор дониста шуд.
Сино Саидаминӣ дар идомаи навиштааш нигаронӣ кардааст, ки вазъи саломатии бародараш хуб нест ва дар асоси тавсияи табибон ӯ набояд 2 соат дар як ҳолат истад.
Номбурда гуфтааст, бародараш “соли 2008-ум дар Русия аз боми як хонаи дуошёна афтида буду сутунмуҳрааш лат хурда буд”.
“Ин лаҳзаҳо бародарам аз дарди сутунмуҳра ва асаб ранҷ мекашаду тамоми шабу рӯз қариб бехобӣ мекашад. Миёну пойҳояш сахт дард мекунанд. Акнун чанд рӯз пеш бародарамро аз СИЗО ба зиндони "Якум Советский” бурданд. Дар ҳақи бародари ятимпарварам бо дуо бошед, ки Аллоҳ шифои комилу оҷилаш бидиҳад ва ҳарчи зудтар озодаш кунад”, - навиштааст Сино Саидаминӣ.
Ёдовар мешавем, ки Завқибек Саидаминӣ моҳи июли соли равон аз ҷониби кормандони мақомоти интизомии шаҳри Ваҳдат боздошт ва дертар барои ҳамкорӣ бо ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом ва “Гурӯҳи 24” (созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон) гумонбар ва бо ҳукми Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ 7 сол равонаи зиндон гардид. Худи ӯ ва наздиконаш ҳамеша иртибот ё ҳамкорӣ бо ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ дар Тоҷикистонро рад кардаанд.
Дар як соли охир, ба ғайр аз Завқибек Саидаминӣ се рӯзноманигори дигари тоҷик Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода низ боздошт ба муҳлатҳои гуногун зиндонӣ шуданд. Ҳоло баррасии парвандаи Абдусаттор Пирмуҳаммадзода дар додгоҳ идома дорад.
Аз ин пештар, Додгоҳи шаҳри Душанбе ҳукми Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатиро бетағйир гузошта буд.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ боздошту муҳокима ва ҳукми рӯзноманигоронро ғайриқонунӣ хонда, аз мақомоти Тоҷикистон даъват карданд, ки онҳоро фавран озод кунанд.