Додгоҳи шаҳри Душанбе ҳукми Абдуллоҳ Ғурбатиро бетағйир гузоштааст
     TJ RU EN
04:54 / 2024-11-16

Додгоҳи шаҳри Душанбе ҳукми Абдуллоҳ Ғурбатиро бетағйир гузоштааст

Abdullo GurbatovПайвандони рӯзноманигор мегӯянд ба зинаи болоии суд шикоят мебаранд.

Додгоҳи шаҳри Душанбе ҳукми 7,5 соли зиндони Абдуллоҳ Ғурбатӣ, яке аз рӯзноманигорони маҳкумшудаи тоҷикро бетағйир гузоштааст. Мурофиа имрӯз, 16-уми декабр, дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО), бидуни ширкати наздикону пайвандони маҳкумшуда, баргузор гардидааст.

Яке аз наздикони Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар суҳбат бо “Азия Плюс” гуфт, дар мурофиа танҳо вакили дифои ӯ роҳ ёфтааст.

“Додрас ҳукми то 7, 5 соли зиндони Додгоҳи ноҳияи Шоҳмунсурро нисбати Абдуллоҳ Ғурбатӣ бетағйир гузоштааст. Ҳарчанд аз ҷониби вакили дифоъ ваҷҳҳои зарурӣ пешниҳод карда шуд, вале тавре ба назар мерасад, додрас онро ба назар нагирифтааст”, - гуфт яке аз наздикони Абдуллоҳ Ғурбатӣ.

Абдураҳмон Шарипов, вакили дифои Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар шарҳи қарори Додгоҳи шаҳри Душанбе гуфтаст, ки "пас аз қарори коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди шаҳри Душанбе, ҳукм қувваи қонунӣ гирифт ва ба иҷро даромад. Дар рӯзҳои наздиктарин Авазмад Ғурбатов (Абдуллоҳ Ғурбатӣ) ба макони адои ҷазо (зиндон) интиқол дода мешавад”.

Ҳамчунин, вакили дифоъ афзудааст, ният доранд аз болои қарори суди мазкур ба зинаҳои болоии додгоҳӣ шикоят баранд.

Рӯзи 4-уми октябри соли равон Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур Абдуллоҳ Ғурбатиро бо се моддаи Кодекси ҷиноятӣ гунакҳор дониста, барои 7,5 сол равонаи зиндон кард. Баъди 10 рӯзи гузаштан аз ҳукми суд ва пайдо кардани баҳои ҳуқуқӣ Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон, ки барои Абдуллоҳ Ғурбатӣ вакили дифоъ ҷудо карда буд, аз болои он ба Додгоҳи шаҳри Душанбе шикояти кассатсионӣ карданд.

Ёдовар мешавем, ки Абдуллоҳ Ғурбатӣ яке аз чор журналистони боздоштшудаи тоҷик аст. Ӯ замоне боздошт гардид, ки дар робита ба парвандаи Далери Имомалӣ, блогер ва рӯзноманигори маҳкумшудаи тоҷик ба додситони ноҳияи Шоҳмансур даъват гардида буд.

Дар оғоз, мақомот ӯро барои “таҳқири намояндаи ҳокимият, истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият” гумонбар медонистанд, вале баъдан Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба аъзогии ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ гумонбар дониста шуд.

Мурофиҳои додгоҳии Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО) баргузор гардид ва ӯ зимни сухани охирини худ таъкид намуда буд, ки гунаҳкор нест ва ҳеҷ яке аз гуноҳи эълоншударо эътироф намекунад.

Ҳафтаи гузашта, Мэри Лолор, гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид вобаста ба ҳомиёни ҳуқуқи инсон бо ҳайати ҳамроҳонаш дар СИЗО аз вазъи саломатӣ, буду бош ва муносибати зиндонбонон бо Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Далери Имомалӣ шинос шуда буд.

Дар як соли охир, ба ғайр аз Абдуллоҳ Ғурбатӣ се рӯзноманигори дигари тоҷик, Далери Имомалӣ, Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода низ боздошт ва аксарашон ба муҳлатҳои аз 7 то 10 сол зиндонӣ шуданд. Ҳоло баррасии парвандаи Абдусаттор Пирмуҳаммадзода дар додгоҳ идома дорад.

Аз ин пештар Далери Имомалӣ ва Завқибек Саидаминӣ аз СИЗО ба зиндони "1-ум советский" интиқол дода шуда буданд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ боздошту муҳокима ва ҳукми рӯзноманигоронро ғайриқонунӣ хонда, аз мақомоти Тоҷикистон даъват карданд, ки онҳоро фавран озод кунанд.

https://www.asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/society/20221216/dodgoi-shari-dushanbe-ukmi-abdullo-urbatiro-betaiir-guzoshtaast


Тақвим

<< < Декабрь 2021 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    
 
Пайвандҳои лозима