Мақоми аввали Тоҷикистон дар Осиё Марказӣ. Барои боздошту зиндонӣ кардани рӯзноманигорон
     TJ RU EN
04:56 / 2024-11-16

Мақоми аввали Тоҷикистон дар Осиё Марказӣ. Барои боздошту зиндонӣ кардани рӯзноманигорон

20221215 ROzodiДар ҷаҳон низ миён 12 кишвари "пешсаф" қарор дорад.

Ду созмони байналмилалии дифоъ аз рӯзноманигорон аз вазъи журналистон, аз ҷумла боздошту таъқиб ва куштори онҳо дар тамоми ҷаҳон нигаронӣ кардаанд. Дар феҳрести журналистони зиндонӣ, ки яке аз ин созмонҳо нашр кардааст, Тоҷикистон дар миёни 12 кишваре ёд шудааст, ки бештар аз ҳама хабарнигоронро зиндонӣ кардааст. Дуввумӣ гуфтааст, дар ҷаҳон соли равон 57 рӯзноманигор кушта шуданд.

Кумитаи дифоъ аз журналистон рӯзи 14-уми декабри соли равон дар гузориши нави худ таҳти унвони “Шумори журналистони зиндонӣ ба рекорди нав расид” гуфтааст, дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон барои пушти панҷара кардани журналистон дар ҷойи аввал аст.

Ин созмони байналмилалӣ афзудааст, ки имсол Тоҷикистон шаш журналистро паси панҷара кард ва онҳо на дар толорҳои додгоҳ, балки дар боздоштгоҳҳо ва пушти дарҳои баста, муҳокима шуда, дар пайи шиканҷа ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ маҳкум ба зиндон шудаанд.

Дар ҳимин ҳол, Созмони байналмилалии "Хабарнигорони Бидуни Марз" бо нашри як гузориш гуфтааст, ки соли равон дар саросари ҷаҳон 57 рӯзноманигор кушта шудаанд, ки назар ба соли гузашта 19 дарсад бештар аст.

Ин гузориш низ рӯзи 14 декабр нашр шуд ва муаллифони он афзоиши марги кормандони расонаҳоро ба ҷанги Украина рабт додаанд.

Ба иттилои онҳо, имсол дар Украина 8 хабарнигор ҳангоми иҷрои вазифаҳои касбии худ кушта шудаанд.

Онҳо ҳамчунин гуфтаанд, ки то 1 декабри соли равон дар тамоми ҷаҳон 533 хабарнигор боздошт шудааст. Ин рақам назар ба соли гузашта 13,4% зиёд аст. Бештари ин ҳолатҳо дар Чин, Мянмар, Эрон, Ветнам ва Белорус рух додаанд.

Ба ҷуз ин, дастикам 65 корманди расонаҳо дар соли равон рабуда шудаанд.

Танҳо дар соли равон чор рӯзноманигори тоҷик, Далери Имомалӣ, Абдулло Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода боздошт ва аксри онҳо бо муҳлатҳои аз 7 то 10 сол равонаи зиндон шуданд. Мақомот онҳоро ба расондани иттилои бардурӯғ, соҳибкории ғайриқонунӣ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнӯъ гунаҳкор карданд. Худи онҳо, наздикон ва созмонҳои журналистӣ иттиҳомро алайҳи онҳо бофта медонанд.

https://www.asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/20221215/maomi-avvali-toikiston-dar-osiyo-markaz-baroi-bozdoshtu-zindon-kardani-rznomanigoron


Инҳоро бояд шинохт

  • Маърупов Ҷамшед Баҳромович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2021 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
        1 2 3 4 5
    6 7 8 9 10 11 12
    13 14 15 16 17 18 19
    20 21 22 23 24 25 26
    27 28 29 30 31    
     
    Пайвандҳои лозима