Нигаронии ҷиддии Аврупо аз ҳодисаҳои Бадахшон ва вазъи хабарнигорони тоҷик
     TJ RU EN
09:54 / 2024-12-20

Нигаронии ҷиддии Аврупо аз ҳодисаҳои Бадахшон ва вазъи хабарнигорони тоҷик

20221209 ROЯк ҳайати Иттиҳоди Аврупо зимни сафар ба Душанбе, аз руйдодҳои имсол ва соли гузашта дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вазъи хабарнигорону ҳомиёни ҳуқуқ дар Тоҷикистон ба шиддат нигаронӣ кардаанд.

Дар ҷаласаи муштараки намояндагони Иттиҳоди Аврупо ва мақомоти баландпояи Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи башар, ки рӯзи 7-уми декабр дар Душанбе баргузор шуд, дипломатҳои аврупоӣ хостори таҳқиқи мустақилонаи ҳодисаҳои Бадахшон шудаанд.

Вазъ дар Бадахшон аз моҳи ноябри соли гузашта пас аз кушта шудани Гулбиддин Зиёбеков, сокини ноҳияи Роштқалъа, ҳангоми амалиёти мақомоти интизомӣ ноором шуд. Тазоҳурот ва нооромиҳои моҳи майи имсол дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо марги 34 кас анҷом ёфт мақомоти интизомии Тоҷикистон садҳо нафар, аз ҷумла даҳҳо фаъоли мадании бадахшониро дастгир карданд. Мақомот онҳоро ба узвият дар гурӯҳҳои ҷиноятӣ муттаҳам мекунад.

Дар муколамаи 13-уми солонаи Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон дар бораи вазъи ҳуқуқи башар, аз Ҳукумати ин кишвар даъват шудааст, ки “меъёрҳои байналмилалии мурофиаи одилонаро риоя намоянд”. Намояндагии Иттиҳоди Аврупо рӯзи 8 -уми декабр бо нашри хабарномае гуфтаанд, дар мулоқот аз ҷониби Тоҷикистон намояндаи Дастгоҳи раиси ҷумҳур ва муовинони вазирони кишвар ширкат кардаанд.

Як мавзӯи аслии баҳс дар ин нишаст озодии баён ва дастрасӣ ба иттилоъ будааст, ки чанд соли ахир Тоҷикистонро дар робита ба ин масъалаҳо бисёр танқид мекунанд. Дар як муддати кутоҳ дар ин кишвар 7 хабарнигор боздошт ва ба солҳои тӯлонӣ маҳкум ба зиндон шуданд. Иттиҳоди Аврупо дар мулоқот оид ба ҳуқуқи башар аз “фазои кории рӯзноманигорон, ҳомиёни ҳуқуқи башар ва инчунин доираи васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ” изҳори нигаронӣ кардааст.

Иттиҳоди Аврупо дар сӯҳбат бо мақомоти тоҷик “масъалаи шиканҷа ва дигар шаклҳои муомилаи ғайриинсонӣ”ҳамчунин ислоҳот дар зиндонҳоро матраҳ карда, ба зарурати таъсиси як ниҳоди мустақили назорату санҷиши додгоҳҳо таъкид кардааст. “Ҳуқуқи занон, хушунати ҷинсӣ ва роҳ надодан ба табъиз” аз мавзӯҳои дигари баҳси Иттиҳоди Аврупо бо мақомоти тоҷик будааст.

Иттиҳоди Аврупо, ки 27 кишвар Аврупоиро муттаҳид мекунад, яке аз кӯмакрасонҳои асосии Тоҷикистон дониста мешавад. То кунун ИА барои иҷрои тарҳҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба кишвар садҳо миллион евро кӯмак кардааст.

Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ борҳо аз раҳбарони иттиҳод хостаанд, дар ивази кӯмаку дастгирии иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон аз ҳукумат риояи ҳуқуқи инсон ва таҳкими демократияро талаб кунанд.

https://www.ozodi.org/a/32168233.html


Инҳоро бояд шинохт

  • Сайфуллоҳ Маҳкамов


  • Тақвим

    << < Декабрь 2021 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
        1 2 3 4 5
    6 7 8 9 10 11 12
    13 14 15 16 17 18 19
    20 21 22 23 24 25 26
    27 28 29 30 31    
     
    Пайвандҳои лозима