Ташкилоти ҷамъиятии «Ассотсиатсияи миллии ВАО-и мустақили Тоҷикистон» дар доираи лоиҳаи «Таҳкими иқтидори сохтории АМВАОМТ ва баланд бардоштани устувории молиявии он», ки бо дастгирии Бунёди Авруосиё, ки аз ҷониби Агентии Рушди байналмилалии (USAID) Иёлоти Муттаҳидаи Амрико маблағгузорӣ мешавад, амалӣ мегардад, шахсони манфиатдорро барои иштирок дар озмуни ҷалби мушовирони зериндаъват менамояд:
1) Мушовири ҳуқуқӣ. Вазифаи он иборат аст аз:
- таҳлили фаъолияти АМВАОМТ оид ба мутобиқати он ба қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- санҷиши санадҳои меъёрии дохилии мавҷудаи АМВАОМТ;
- таҳия ва ҳуҷҷатгузории расмиёти асосӣ ва сиёсати дохилии АМВАОМТ.
2) Мушовир оид ба ҷамъоварии маблағ (фандрайзер). Вазифаи он иборат аст аз:
- таҳияи харитаи донорҳо ва таҳияи лоиҳаҳое, ки ба таҳкими иқтидори НАНСМИТ нигаронида шудаанд;
- пешниҳоди тавсияҳо дар таҳияи пешниҳоди лоиҳа;
- мусоидат дар омода намудани корманд оид ба ҷамъоварии маблағ.
Довталабон бояд дар баробари варақаи шарҳиҳолӣ, ки дар он таҷрибаи корӣ дар соҳаи марбут, арзиши хидматрасонӣ барои як рӯзро нишон диҳанд.
Пешниҳодҳои дархост бояд ба суроғаи электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. то соати 22.00 санаи 25.12.2022 фиристода шаванд.
Ҳангоми пешниҳоди дархост, лутфан дар сарсатр мавқеъи ишғолшавандаро нишон диҳед.
Пешниҳодҳое, ки баъд аз вақти муқарраршуда ворид гардидаанд, инчунин пешниҳодҳое, ки ба талаботи ин дархост ҷавобгӯ нестанд, баррасӣ карда намешаванд.
Довталабони эҳтимолӣ барои мусоҳиба ва бастани шартномаи даъват карда мешаванд.
ТҶ "АМВАОМТ" ҳуқуқи рад кардани пешниҳодҳоро бидуни тавзеҳ нигоҳ медорад.
Телефон барои маълумот: +992 37 224 8823; +992 93 504 3013