Тоҷикистон дар поёни соли 2022 ҳам дар феҳристи кишварҳое боқӣ монд, ки аз назари озодиҳои динӣ ба гурӯҳи кишварҳои мавриди нигаронии хос дохил мешаванд.
Ба ин феҳрист, ки ҳар сол дар ИМА таҳия мешавад, инчунин Бурма, Чин, Эритрея, Эрон, Кореяи Шимолӣ, Русия, Покистон, Арабистони Саудӣ ва Туркманистон дохил мешаванд.
Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен, ки дар изҳороте ҳафтаи ҷорӣ исми кишварҳоро бар пояи Қонуни озодиҳои динӣ гурӯҳбандӣ кард, гуфт, ба хотири нақзи қонун ва ҳам бетаҳаммулӣ дар нисбати озодиҳои динӣ ин давлатҳоро ба гурӯҳи мавриди “нигаронии хос” шомил мекунад.
Тоҷикистон баъди соли 2016 чун як кишвари поймолкунандаи ҷиддии озодиҳои динӣ сабт мешавад ва дар гузориши солонаи ИМА оид ба озодиҳои динӣ, ки моҳи июли имсол нашр гардид, гуфта шуд, ки бо вуҷуди онки Қонуни асосии Тоҷикистон ба ҳамаи шаҳрвандон ҳақ додааст, ки ҳар гуна динеро пайравӣ ва ё расму русумҳои онҳоро иҷрову риоят кунанд, мақомот ва дигар қонунҳо ин ҳаққу ҳуқуқи мардумро маҳдуд мекунанд.
Ҳанӯз мақомот дар Душанбе ба изҳороти ахири котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен вокунише накардааст. Вале моҳи июли имсол дар вокуниш ба ин гузориш Кумитаи дини Тоҷикистон гуфт, “гузориши навбатии Амрико чун гузоришҳои қаблӣ вазъи воқеии озодиҳои динӣ дар Тоҷикистонро баён намекунад.”
Гузориши ҳукумати Амрико, кaи вазъи соли 2021-ро арзёбӣ кардааст, аз ҷумла, танҳо дар ҷои махсус муайяншуда ё масҷид ҳақи намозгузорӣ кардани шаҳрвандони Тоҷикистон, манъи наврасони то 18-сола ба масҷидравӣ, боздошту ҳабси пайравони созмони мазҳабии “Шоҳидони Яҳуво”, манъи фаъолияти созмонҳои Ихвонулмуслимин ва равияи Салафия ва дигар мавридҳоро чун намунаи ин маҳдудиятҳо ёд кардааст. Он замон дар вокуниш ба ин гузориш Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим навишт: “Гузориши навбатии Департаменти давлатии ИМА оид ба озодиҳои динӣ чун гузоришҳои қаблӣ вазъи воқеии озодиҳои динӣ дар Тоҷикистонро баён намекунад”. Ӯ афзуд, “дар гузориши навбатӣ ҳатто ба ҷавобгарӣ кашида шудани пайравони ташкилотҳои дар Тоҷикистон экстремистию террористӣ эътирофшуда низ ҳамчун “маҳдудияти динӣ” арзёбӣ шудааст, ки аслан қобили қабул нест. “
https://www.ozodi.org/a/32160918.html