Дар Душанбе лоиҳаи Кодекси иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
     TJ RU EN
09:10 / 2024-12-19

Дар Душанбе лоиҳаи Кодекси иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид

20221129 KhovarДирӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ҳамоиш доир гардид, ки мақсади баргузории он пешниҳод ва ирсоли лоиҳаи ниҳоии Кодекси иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Парлумони кишвар арзёбӣ шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод.

Раиси Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмурод Фаттоҳзода иброз намуд, ки таҷрибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон медиҳад, ки рӯзномаву маҷаллаҳо ва телевизиону радио ҳамчун яке аз воситаҳои асосии таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа метавонанд ба ҳалли мушкилоти мавҷуда фаъолона мусоидат намоянд. Зеро ҷомеа ба иттилоот оид ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ва умуман ҳамаи шохаҳои ҳокимият ниёз дорад, ки ин яке аз аслҳои бунёдии ҷомеаи озоди демократист.

Ба хотири татбиқи Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 – 2028, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2018 тасдиқ шудааст, кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот дар ҳамкорӣ бо шарикон гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Кодекси иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис дод, ки мақсади асосии он бартараф намудани номутобиқатӣ ва кам кардани шумораи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҳаммонанд мебошад.

Дар шароити аз меъёр зиёд шудани қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ барои танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ дар баъзе соҳаҳо, бахусус дар соҳаи иттилоот кодификатсия хеле муҳим мебошад. То имрӯз вобаста ба соҳаи иттилоот дар ҷумҳурӣ 10 қонун, як консепсия ва як стратегияи давлатӣ қабул карда шудаанд, ки моҳияти умумии онҳо аз тавсеа ва рушди ин соҳа, таъмини дастрасии бештари шаҳрвандон ба иттилоот вобаста мебошад. Вале на ҳамаи ин ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда дар ин соҳа имконияти ба таври системавӣ ба танзим даровардану идора кардани муносибатҳои иттилоотиро доранд. Меъёрҳои амалкунандаи баъзе аз ин қонунҳо хилофи ҳамдигаранду якдигарро такрор мекунанд.

Бинобар ин дар доираи кодекс муттаҳид кардани баъзе аз онҳо метавонад заминаи пайдо шудани зиддиятҳоро аз байн барад ва истифодаи амалии онҳоро муносибтар созад.

Саидмурод Фаттоҳзода ҳамчунин таъкид намуд, ки мақсади асосии кодификатсияи қонунгузорӣ дар соҳаи иттилоот аз он иборат аст, ки он заминаи муназзаму муташаккили ҳуқуқиро барои рушд ва танзими ин соҳа, бартараф намудани мухолифатҳо дар меъёрҳои қонунгузории амалкунанда дар робита ба пайдоиши шартҳои нав ва истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ фароҳам меорад.

Дар асоси татбиқи Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028 ва амалисозии Кодекси иттилооти намунавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гурӯҳи корӣ лоиҳаи Кодекси иттилотиии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намуд, ки он аз 9 боб ва 100 модда иборат мебошад.

Кодекси мазкур асосҳои ҳуқуқии фаъолияти иттилоотӣ, таъмини амнияти иттилоотӣ ва принсипҳои соҳаи иттилоотиро муқаррар намуда, муносибатҳои иттилоотиро ба танзим медарорад ва вазъи ҳуқуқии иштирокчиёни муносибатҳои иттилоотиро муайян менамояд.

Мақсади асосии кодекс татбиқи ҳуқуқи дастрасӣ, ҳифзи иттилоот ва муқаррар кардани реҷаҳои ҳуқуқии он мебошад.

То имрӯз муҳокимаи лоиҳаи Кодекси иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби доираи васеи намояндагони воситаҳои ахбори омма дар Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб баргузор гардид, ки дар асоси фикру пешниҳодҳои баёншудаи рӯзноманигорон, аҳли қалам ва аҳли фикру андеша мазмуну мундариҷаи он такмил дода шуд.

https://khovar.tj/2022/11/dar-dushanbe-loi-ai-kodeksi-ittilootii-um-urii-to-ikiston-muarrif-gardid/


Инҳоро бояд шинохт

  • Сайфуллоҳ Маҳкамов


  • Тақвим

    << < Декабрь 2021 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
        1 2 3 4 5
    6 7 8 9 10 11 12
    13 14 15 16 17 18 19
    20 21 22 23 24 25 26
    27 28 29 30 31    
     
    Пайвандҳои лозима