“Вазъи ҳуқуқи башар ва мушкилоту чолишҳо”. Гузоришгари вижаи СММ дар Тоҷикистон аз чӣ хоҳад гуфт?
     TJ RU EN
04:51 / 2024-12-20

“Вазъи ҳуқуқи башар ва мушкилоту чолишҳо”. Гузоришгари вижаи СММ дар Тоҷикистон аз чӣ хоҳад гуфт?

20221201 АМэри Лолор, гузоришгари вижаи СММ оид ба ҳуқуқи башар, бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад ва ӯ вазъи ҳуқуқи башар ва мушкилоту чолишҳои аслии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ мекунад. Ӯ бо аъзоёни ҳукумат ва рӯзноманигорони тоҷик низ вохӯрӣ мегузаронад. Дар ин бора сомонаи СММ оид ба ҳуқуқи башар хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, гузоришгари вижаи СММ то 9-уми декабр дар Тоҷикистон сафарашро идома дода, дар охир оид ба ҳолати кунунии ҳуқуқи башар дар ҷумҳурӣ гузориш медиҳад.

Ҳамчунин, ин сафар имкон медиҳад, ки вазъи ҳомиёни ҳуқуқи башар ва мушкилоту чолишҳои аслии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишвар баррасӣ шавад.

Ба гуфтаи Лолор, ин сафар ба иҷрои Эъломияи ҳуқуқи башар ва дигар санадҳои дахлдори байналмилалии ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон мусоидат менамояд. Ӯ тамаркуз хоҳад кард, то барои ҳомиёни ҳуқуқи инсон фазои мусоид ва ҳавасмандкунанда дар Тоҷикистон ба вуҷуд биёяд.

“Ман инчунин чораҳои мавҷуда ва ба нақша гирифташударо оид ба ҳифзи ҳомиёни ҳуқуқи башар, аз ҷумла қонунгузорӣ ва сиёсат, муҳити умумӣ барои сабти ном ва идоракунии созмонҳои ғайридавлатӣ, озодии баён, ҷамъомадҳои осоишта ва дастрасӣ ба кӯмаки ҳуқуқиро баррасӣ хоҳам кард”, - гуфтааст Лолор.
Дар ҷараёни ин сафар коршинос бо намояндагони ниҳодҳои давлатӣ, ҳамчунин масъулини СММ, намояндагони созмонҳои минтақавии ҳуқуқи башар, аъзои созмонҳои шаҳрвандӣ ва ҳомиёни ҳуқуқи башар, ҳуқуқшиносон, рӯзноманигорон ва дигар ҷонибҳои манфиатдор мулоқот хоҳад кард.

Гуфта мешавад, пас аз сафар ин гузоришгар нишасти матбуотӣ баргузор намуда, мушоҳидаҳои муқаддамотии худро бо расонаҳо баён мекунад.

Хулосаҳо ва тавсияҳои Мэри Лолор моҳи марти соли 2024 ба Шӯрои ҳуқуқи башари СММ пешниҳод карда мешаванд.

Бояд гуфт, хонум Мэри Лолор гузоришгари вижа оид ба ҳомиёни ҳуқуқи инсон айни замон дотсенти бахши тиҷорат ва ҳуқуқи инсон дар Коллеҷи Тринити Дублин мебошад. Ӯ муассиси Бунёди байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башари “Front Line Defenders” буд.

Мавсуф дар солҳои 2001-2016 ҳамчун директори иҷроия ин бунёдро намояндагӣ карда, дар рушди он нақши калидӣ бозидааст.

Ёдовар мешавем, ки хонум Мэри Лолор аз 1-уми майи соли 2020 гузоришгари махсус оид ба ҳуқуқи башар дар СММ таъйин шудааст.

https://www.asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/20221130/vazi-uui-bashar-va-mushkilotu-cholisho-guzorishgari-vizhai-smm-dar-toikiston-az-ch-hoad-guft


Тақвим

<< < Декабрь 2021 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    
 
Пайвандҳои лозима