Ҳуринисо Ализода дубора раиси Шӯрои ВАО интихоб шуд
     TJ RU EN
09:03 / 2024-12-19

Ҳуринисо Ализода дубора раиси Шӯрои ВАО интихоб шуд

20221125 APДар ҷаласаи солонаи Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон (ВАО), ки имрӯз, 25-уми ноябр дар пасманзари боздошту зиндонии чанд рӯзноманигори тоҷик дар меҳмонхонаи “Ҳилтон”и Душанбе баргузор гардид, Ҳуринисо Ализода, рӯзноманигори тоҷик, дубора роҳбари Шӯрои ВАО интихоб гардид.

Моҳи декабри соли гузашта, Ҳуриннисо Ализода роҳбари нави Шӯро интихоб шуд ва ӯ дар ин мақом, Бахтиёр Ҳамдамов, сармуҳаррири ҳафтаномаи ҳизбии “Минбари халқ”-ро, ки ду сол пайиҳам роҳбарии он буд, иваз кард.

Ҳуринисо Ализода дар гузашта, ба ҳайси муовини раиси Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва сармуҳаррири маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон” кор кардааст.

Дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои ВАО, ки бо иштироки аъзоён ва узви Раёсати он баргузор гардид, ҳисоботи раиси нави Шӯро дар як соли фаъолият, ҳисоботи комисияи тафтишотӣ, қабули аъзоёни нав, интихоби аъзои нави раёсати Шуро ва интихоби раиси Шӯрои ВАО мавриди муҳокима қарор гирифт.
Гуфта шуд, ки дар чанд соли охир 9 идораи ВАО барҳам хӯрдааст.

Дар ҷаласаи солони Шӯрои ВАО 18 нафар аъзои нав пазируфта шуда, шумораи умумии узви ин шӯро ба 87 нафар раисд.

Ёдовар мешавем, ки Шӯрои ВАО як созмони мустақили рӯзноманигорӣ буда, аз ҳуқуқи хабарнигорон ҳимоят мекунад ва маводи онҳоро дар мавриди риояи одоби касбӣ таҳлил мекунад.

Қаблан раёсати Шӯрои ВАО-ро Зиннатулло Исмоил, Қироншоҳ Шарифзода, Нуриддин Қаршибоев, Хуршеди Атовулло, Шаҳло Акобирова ва Бахтиёр Ҳамдамов бар уҳда доштанд.

Баргузории ҷаласаи солонаи Шӯрои ВАО дар ҳоле сурат мегирад, ки дар як соли охир ҳудуди 4 рӯзноманигори тоҷик боздошт, муҳокима ва ба муҳлатҳои гуногун - аз 7 то 10 сол равонаи зиндонӣ ва чанд рӯзноманигори дигар даъвату бозпурсӣ шуданд.

Созмонҳои байналмиалии дифоъ аз журналистон ҳукми онҳоро сангин хонда аз ҳукмутаи Тоҷикистон даъват карданд, ки онҳоро озод кунанд. Вале ба истиснои чанд созмони журналистии дохилӣ, дигар ташкилотҳои рӯзноманигорӣ дар робита ба ҳукми онҳо хомӯшӣ ихтиёр карданд.

https://www.asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/20221125/uriniso-alizoda-dubora-raisi-shroi-vao-intihob-shud


Инҳоро бояд шинохт

  • Восеев Абдуазиз Ганҷович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2021 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
        1 2 3 4 5
    6 7 8 9 10 11 12
    13 14 15 16 17 18 19
    20 21 22 23 24 25 26
    27 28 29 30 31    
     
    Пайвандҳои лозима