Аз рӯзноманигорон то ихтироъкорон. Ҷоизаи раиси шаҳри Душанбе таъсис ёфт
     TJ RU EN
11:58 / 2024-12-19

Аз рӯзноманигорон то ихтироъкорон. Ҷоизаи раиси шаҳри Душанбе таъсис ёфт

20221116 PressatjБарои муҳаққиқони ҷавони бахшҳои мухталиф — аз санъат то меъморӣ, технология, рӯзноманигорӣ ва ихтироъкорӣ ҷоизаи нави раиси шаҳри Душанбе таъсис ёфт.

Қарори дахлдорро раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ имзо кардааст. Бино ба иттилои шаҳрдорӣ, ҷоизаи навтаъсис барои муҳаққиқони ҷавон дар самти илмҳои дақиқ, адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ, техникаву технология ва инноватсияву ихтироъкорӣ пешбинӣ гардидааст.

Ҳамчунин, Рустами Эмомалӣ низомнома ва ҳайати комиссияи ҷоизаи раиси шаҳри Душанбе барои муҳаққиқони ҷавонро тасдиқ кардааст.

Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе барои пардохти маблағи ҷоизаҳои мазкур муваззаф гардида, сарчашмаи пардохти ҷоизапулӣ аз ҳисоби маблағҳои «Барномаи рушди иҷтимоии ҷавонон дар шаҳри Душанбе дар солҳои 2022-2026» нишон дода шуда, таъкид гардидааст, ки минбаъд ин масъала дар доираи нақшаи чорабиниҳои шаҳрдорӣ ба инобат гирифта шавад.

https://pressa.tj/az-r%d3%afznomanigoron-to-ihtirokoron-%d2%b7oizai-raisi-sha%d2%b3ri-dushanbe-tasis-yoft/


Тақвим

<< < Декабрь 2021 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    
 
Пайвандҳои лозима