"Ин як зарбаи дигар аст." Танқиди намояндаи OSCE аз Тоҷикистон
Намояндаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (OSCE) дар умури озодии матбуот ҳукми додгоҳеро дар Душанбе барои зиндонӣ кардани рӯзноманигор Завқибек Саидаминӣ танқид кард.
Тереза Рибейро рӯзи 7-уми ноябр дар баёнияе дар Телеграм гуфт, "ин як зарбаи дигар ба озодии расонаҳо дар Тоҷикистон аст."
Вай аз мақомоти Тоҷикистон хост, Завқибек Саидаминӣ ва рӯзноманигорони дигари зиндониро озод кунанд.
"Ба онҳо имкон дода шавад, ки дар бораи масъалаҳои вобаста ба ҷомеа, аз ҷумла масъалаҳои амниятӣ, гузориш бидиҳанд. Рӯзноманигорӣ ҷиноят нест," -- афзудааст хонум Рибейро.
Пеш аз ин, Гузоришгарони Бидуни Марз ва Кумитаи Дифоъ аз Хабарнигорон низ ҳукми додгоҳро дар мавриди Завқибек Саидаминӣ маҳкум карда буданд.
Завқибек Саидаминии 38-соларо моҳи июли имсол дар шаҳри Ваҳдат дастгир ва 3-юми ноябр ба гуноҳи ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ 7 сол аз озодӣ маҳрум карданд. Худаш гуфтааст, гуноҳ надорад.
Хабарнигори пешини Телевизиони давлатии Тоҷикистон бо суҳбатҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ машҳур гашта, аз зумраҳои онҳое дониста мешуд, ки талош доранд, ҳақиқатҳо гуфта шаванд.
Дар ним соли охир дар Тоҷикистон дастикам 7 рӯзноманигору блогер дастгир ва то ин дам чаҳор нафари онҳо зиндонӣ шуданд.
Ба ҷуз аз Завқибек Саидаминӣ, Муҳаммади Султон ба 7, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба 7,5 ва Далери Имомалӣ 10 сол гирифтанд. Чанд нафари дигар муҳокима мешаванд.
DPF
08.11.2022 15:00
176
Хабарҳо