Далери Имомалӣ гуфтааст, "чунин ҳукмро интизор набуд". Вакил шикоят кард
     TJ RU EN
04:53 / 2024-11-16

Далери Имомалӣ гуфтааст, "чунин ҳукмро интизор набуд". Вакил шикоят кард

Daleri ImomaliДалери Имомалӣ, рӯзноманигор ва блогери зиндонии тоҷик, қарори додгоҳро, ки ӯро ба даҳ сол маҳбас маҳкум кард, тӯлонӣ номидааст. Вай ҳафтае пеш дар мулоқот бо ҳамсараш, Зайтуна Иноятова, гуфтааст, "чунин ҳукмро интизор набуд".

Рӯзноманигори тоҷик моҳи июни имсол ба иттиҳоми соҳибкории ғайриқонунӣ, дурӯғпароканӣ ва узвият дар созмони мамнӯи "Гуруҳи 24" дастгир ва 17-уми октябр ба 10 сол зиндон маҳкум шуд. Худашу тарафдоронаш ҳукмро беасос номиданд. Далели додгоҳ барои тасдиқи айбнома эълон нашудааст.

Дар айни замон вакили мудофеи Далери Имомалӣ аз Додгоҳи шаҳри Душанбе бозбинии ҳукми ӯро талаб кардааст. Пайвандонаш гуфтанд, ариза ду ҳафта пеш ба додгоҳ фиристода шуд, вале то ҳол посухе нест.

Зайтуна Иноятова, ҳамсари рӯзноманигори зиндонӣ, мегӯяд, дар номаи ҷудогона аз раиси ҷумҳури Тоҷикистон хостааст, барои озодии шавҳараш мусоидат кунад.

"Бе ягон асос зиндаятим кардани се фарзанди мо бар уҳдаи шахсонест, ки ғайриқонунӣ ва кӯркӯрона ӯро ба ҷавобгарӣ кашиданд," – навиштааст ӯ дар нома.

Ҳамсуҳбати мо афзуд: "Ҳоло зиндагии худу кӯдаконам бо нафақаи бобову бибияшон таъмин мешавад. Он ночиз аст. Дар пеш зимистон аст. Ҳама медонанд, ки мушкилӣ даҳчанд мешавад. Ба ҷуз аз умедворӣ дигар чизе нест."

Қаблан ҳамсари Абдуллоҳ Ғурбатӣ, рӯзноманигори дигари зиндонӣ, аз раиси ҷумҳур хоста буд, монеи ба маҳбас андохтани шавҳараш шавад, аммо посух нагирифт. Дертар додгоҳ ӯро ба ҳафтуним сол зиндон маҳкум кард.

Мурофиаи Далери Имомалӣ дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе ва паси дарҳои баста гузашт. Ба ҷуз аз вакили мудофеъ ва баъзе хешовандон дигарон ба толори мурофиа роҳ наёфтанд.

Як манбаи огоҳ пештар гуфта буд, ки Далери Имомалӣ дар сухани охиринаш аз додрас хостааст, "ҳадди камтарини ҷазоро таъин кунад", аммо қабул нашуд.

Ҳукми Далери Имомалӣ, ки моҳҳои охир бо гузоришҳояш дар бораи мушкилоти мардум ном бароварда буд, вокунишҳои зиёдро ба бор овард. Садҳо нафар дар шабакаҳои иҷтимоӣ қарори додгоҳро нодурусту ноодилона номиданд.

Чанд созмони байнулмилалӣ, аз ҷумла Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, озодии фаврии Далери Имомалӣ ва хабарнигорони дигари зиндониро хостанд, аммо акси садое нашуниданд.

Дар ним соли охир ва пас аз ҳодисаҳои Бадахшон, 7 рӯзноманигору блогер дар Тоҷикистон боздошт шуданд. Ба ҷуз аз Далери Имомалӣ, Муҳаммад Султон ба 7 ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба ҳафтуним сол маҳбас маҳкум гардиданд. Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон боздошту муҳокима ва зиндонӣ шудани рӯзноманигоронро дар Тоҷикистон маҳкум кард.

https://www.ozodi.org/a/32112368.html


Тақвим

<< < Декабрь 2021 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    
 
Пайвандҳои лозима