Дар Хуҷанд ахлоқи расонаӣ ва масоили худтанзимкунии ВАО дар кишвар муҳокима гардид
Ҷанбаҳои гуногуни ахлоқи расонаӣ ва масоили худтанзимкунии ВАО бо иштироки журналистон, блогерон ва донишҷӯёни курсҳои болоии факултаи журналистикаи ДДХ 28 октябри соли 2022 дар шаҳри Хуҷанд мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Иштирокчиёни тренинг ба вазъи риояи меъёрҳои ахлоқӣ дар фазои иттилоотии Тоҷикистон, моҳияти ахлоқи расонаӣ ва худтанзимкунии ВАО, намудҳои кодекси ахлоқӣ ошно гардида, дар бораи шаклҳои худтанзимкунӣ, аз қабили Шӯрои ВАО, ниҳоди Медиаомбудсменҳо ва низоми Медиакоплаенс маълумот пайдо карданд. Дар машгулияти амалӣ иштирокчиён бо кӯмаки Қосим Бекмуҳаммедов - коршиноси масоили расонаҳо ва ҷониби Нуриддин Қаршибоев - раиси АМВАОМТ ҷузъиёти умумият ва махсусияти шакҳои кодексҳои ахлоқӣ, ҳамчунин ҳадафи ягона ва роҳҳои гуногун худтанзимкунӣ ба мубоҳиса кашида, тавсияҳо барои таҳкими ахлоқи расонаӣ ироа доштанд.
Тренинг дар мавзӯи “Ахлоқи расонаӣ ва масоили худтанзимкунии ВАО дар Тоҷикистон”аз ҷониби Ассотсиатсияи милли воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) доираи лоиҳаи “Тавонмандсозии иқтидори АМВАОМТ тавассути таҳияи “Харитаи роҳ” оид ба рушди ассотсиатсия, инчунин мусоидат ба таблиғи ахлоқи расонаӣ ва механизмҳои худтанзимкунӣ дар ВАО” бо дастгирии Дафтари Интернюс дар Тоҷикистон баргузор гардид.
DPF
01.11.2022 18:52
240
Хабарҳо