“Рӯзи сиёҳ” дар Қирғизистон. Расонаҳо аз нашри иттилоъ худдорӣ карданд
     TJ RU EN
12:25 / 2024-12-20

“Рӯзи сиёҳ” дар Қирғизистон. Расонаҳо аз нашри иттилоъ худдорӣ карданд

20221028 AДар ин кишвар фишор алайҳи рӯзноманигорон афзоиш меёбад.

Имрӯз, 28-уми октябр, дар Қирғизистон дар робита ба фишори бесобиқа ба расонаҳои озод “маъракаи иттилоотӣ алайҳи фишор болои ВАО” оғоз шуда, “Рӯзи сиёҳ” эълон гардид.

Ин тасмим аз ҷониби расонаҳои озоди Қирғизистон вобаста ба масдуд кардани сомонаи бахши қирғизии Радиои Озодӣ гирифта шудааст ва ҳама расонаҳо аз соати 09:00 то 12:00 ҳеч гуна хабар нашр намекунанд.

Ба ин маърака тамоми рӯзноманигорони пешқадам, муҳаррирон, ҳомиёни ҳуқуқи башар ва созмонҳои расонаии Қирғизистон ҳамроҳ шуданд.

Расонаҳои Қирғизистон аз мақомот даъват мекунад, ки фишори густарда ва бесобиқа бар озодии баён ва озодии матбуотро қатъ карда, ҳамзамон таъқиби рӯзноманигорон, блогерҳо, фаъолони шаҳрвандӣ ва дигар шахсонеро, ки озодона андешаи худро баён мекунанд, хотима диҳанд.

Ҳамин тавр, расонаҳои Қирғизистон субҳи имрӯз аз нашри ҳама гуна хабар худдорӣ намуда, бо хештегҳои “Хабар нест”, “Фишор ба расонаҳо ҳаст!”, “#kuchchyndykta” ва “#silavpravde” имрӯзро барои ВАО “Рӯзи сиёҳ” эълом намудаанд.

“Мо ҳама ҳамкасбонро даъват мекунем, ки ба ин иқдом ҳамроҳ шаванд, зеро фардо ин басташавӣ метавонад, ки ба ҳар яки мо таъсир расонад”, - навиштааст хабаргузории “Kaktus-media”.

Ин хабаргузории Қирғизистон аз ҳама хонандагонаш хоҳиш намудааст, ки дар платформаҳои худ барои баррасии вазъи кунунӣ, нашри мавод дар бораи фишори бесобиқа ва ғайриқонунӣ ба ВАО ба ҳадди аксар истифода баранд.

Бояд гуфт, бинобар пӯшиш додани ҳодисаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон дар моҳи сентябр сомонаи бахши қирғизии Радиои Озодӣ аз ҷониби Вазорати фарҳангу иттилооти ин кишвар барои ду моҳ масдуд карда шуд, ки расонаҳои ин кишвар онро “тасмими ғайриқонунӣ” меноманд.

Вазорати фарҳангу иттилооти Қирғизистон иддао мекунад, ки бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар танишҳои марзии ахир “барқасдона тарафи Тоҷикистонро гирифт”, вале Ҷейми Флай, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, ин даъвои ҷониби Қирғизистонро қонеона рад менамояд.

https://www.asiaplustj.info/tj/news/centralasia/20221028/rzi-siyo-dar-iriziston-rasonao-az-nashri-ittilo-huddor-kardand


Инҳоро бояд шинохт

  • Маърупов Ҷамшед Баҳромович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2021 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
        1 2 3 4 5
    6 7 8 9 10 11 12
    13 14 15 16 17 18 19
    20 21 22 23 24 25 26
    27 28 29 30 31    
     
    Пайвандҳои лозима