Нуриддин ҚАРШИБОЕВ: Маҳдудияти дастрасӣ ба иттилоот шаффофияти фаъолияти судҳоро зери суол мебарад
     TJ RU EN
11:51 / 2024-12-19

Нуриддин ҚАРШИБОЕВ: Маҳдудияти дастрасӣ ба иттилоот шаффофияти фаъолияти судҳоро зери суол мебарад

Нуриддин КаршибоевСарфи назар аз имконияти фароҳам овардаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо” маҳдудият ба дастасии иттилооти судӣ мондааст, шаффофият ва мустақилияти мақомоти судиро зери суол мебарад, - гуфт Нуриддин Қаршибоев, роҳбари Ассосиатсияи миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) 25 октябр, дар Душанбе баъди муаррифии мониторинги иҷрои меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо”. - Дар ин санади меъёрию ҳуқуқӣ дар боби алоҳида ҳамкории судҳоро бо воситахои ахбори омма мушаххас нишон дода шудааст. Вале ин ҳамкорӣ қаноатбахш нест.

Ҳамзамон, ошкоро будани муҳокимаи судӣ, сари вақт ва холисона иттилотонии ҷомеа дар бораи фаъолияти судҳо кафолати муҳокимаи одилонаи судӣ ва яке аз воситаҳои нигоҳдошти боварии ҷомеа нисбат ба ҳокимияти судӣ буда, ичрои вазифаҳои мурофиаи судиро барои таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирии ҷиноят, эҳтироми қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таъмин менамояд. Ин нукта дар қарори Пренуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2014 (бо тағйироте, ки бо карори Пленум аз 14 июни соли 2018, №38 ворид гардидааст) зикр шудааст .

“Мутаасифона, баррасии се қазияи охири журналистон - Абдулло Ғурбатӣ, Далери Имомалӣ ва Мамадсултон Мавлонназаров боиси коҳиш ёфтани боварии мардум ба фаъолияти мақомоти судӣ шуда метавонад. Баррасии парвандаи рӯзноманигорон дар СИЗО ва пушти дарҳо баставу бидуни ширкати наздиконашон татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо”-ро зери шубҳа мебарад. Наздикони боздоштшудаҳо ҳатто дар бораи ҳукми суд иттилоъ надоштанд ва аз он тавассути журналистон огоҳ шуданд”,- нигаронӣ кард Нуриддин Қаршибоев.

Номбурда дар робита ба пешниҳоди иттиоот оид ба фаъолияти суд аз дархости воситаҳои ахбори омма таъкид намуд, ки аз 6 дархости журналистие, ки онҳо ба унвонии ин Суди Олӣ фиристоданд, танҳо ба сетояш посух гирифтанду халос. Чунин вазъ, дар дигар судҳо низ ба мушоҳида мерасад.

Вазъи дастрасии ба иттилоот дар бораи фаъолияти судҳо бояд аз ҷониби созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамеша пайгирӣ (мониторинг) карда шавад, то волоияти қонун дар кишвар таъмин бошад, таъкид намуд Нуриддин Қаршибоев.

 

Хадамоти мониторинги АМВАОМТ

 


Инҳоро бояд шинохт

  • Сайфуллоҳ Маҳкамов


  • Тақвим

    << < Декабрь 2021 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
        1 2 3 4 5
    6 7 8 9 10 11 12
    13 14 15 16 17 18 19
    20 21 22 23 24 25 26
    27 28 29 30 31    
     
    Пайвандҳои лозима