Дар Тоҷикистон интернет транзитӣ буда, хатҳои он тариқи Ӯзбекистон ва Қирғизистон мегузаранд.
Рӯзи 24 октябр дар кори интернет дар Қирғизистон мушкилиҳои сартосарӣ ба мушоҳида расид. Ба гуфтаи сокинон, суръати интернет аз 16 мегабити маъмулӣ дар як сония то 256 килобит ё худ 2 мегабит даряк сония поин рафт. Ширкатҳои Қирғизистон хабар доданд, ки дар шабакаҳои магистралӣ садама рух додааст.
Ҳамчунин операторони Қирғизистон, аз ҷумла «Акнет», «MegaCom» ва «О!» дар сомонаҳои худ дар бораи мушкилоти муваққатии техникӣ иттилоъ доданд. Дар дигар ширкатҳои фароҳамсози интернет (провайдерон) низ поинравии суръати интернет ба мушоҳида расид. Ширкатҳо зикр мекунанд, ки пайи рафъи мушкилотанд.
Дар Тоҷикистон низ мушкилот бо суръат ба назар мерасад. Бархе аз коршиносон инро бо вазъият дар Қирғизистон марбут медонанд.
Дар Тоҷикистон интернет транзитӣ буда, хатҳои он тариқи Ӯзбекистон ва Қирғизистон мегузаранд.
Ҳар боре, ки дар Қирғизистон як навъ эътироз мешавад, дар он ҷо вобаста ба интернет ва алоқа мушкил рӯйи кор меояд. Сипас суръат дар мо ҳам поин меравад. Агар ба ин робита надошта бошад, пас чаро дар рӯзҳои дигар ин гуна ҳолат мушоҳида намешавад? Ба эҳтимоли зиёд, ин маҳз ба вазъи сиёсии ин кишвар вобаста аст”, - гуфт ба “Азия-Плюс” мутахассиси яке аз ширкатҳои фароҳамсози интернет дар Тоҷикистон.
Қобили зикр аст, ки чандест дар Қирғизистон дар мавриди ба Ӯзбекистон додани обанбори Кампиробод эътирозҳо ҷараён доранд. Дар ин робита чанде пеш зиёда аз 20 нафар мухолифинро ба гумони ташкили бетартибиҳои оммавӣ ба ҳабс гирифтанд.
“Имрӯз интернет дар мо хеле суст аст. Дар муқоиса бо рӯзҳои пеш мушкилот ба назар мерасад, масалан дар Babilon-Mobile. Шояд ин ба баъзе мушкилот дар дохили худи ширкат вобаста бошад. Интернети Мегафон-Тоҷикистон каме беҳтар кор мекунад, шояд барои он бошад, ки онҳо канали худро доранд. Ба эҳтимоли зиёд, мушкилот ба Қирғизистон вобаста аст”, - мегӯяд коршиноси мустақил Рустам Гулов.
Дар ҳамин ҳол, дар Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯянд, “кори интернет дар кишвар муътадил аст” ва даъват мекунанд, ки ба “хабарҳои бардурӯғ” бовар накунем.
“Ҳамаи шабакаҳои алоқаи мобилӣ ва интернет дуруст кор мекунанд. Танҳо рӯзҳои 14-15 октябр кори пойгоҳҳо (базаҳо) барқасдона аз он ҷониб (Қирғизистон) бурида шуд, лекин мо ҳамаашро барқарор кардем. Низоми огоҳкунии мо бо реҷаи муқаррарӣ кор мекунад ва ҳангоми пайдо шудани ҳама гуна мушкилот, онро бартараф месозем. Агар дар мо бо интернет мушкилот пайдо шавад, ин ба қатъи интиқоли барқ дар ҳолатҳои садама вобаста аст", - изҳор дошт ба "Азия-Плюс" муовини якуми сардори Хадамоти алоқаи ҷумҳурӣ Илҳом Атоев.
Ӯ зикр кард, ки мушкилот дар Қирғизистон ба кори интернет дар Тоҷикистон таъсир намерасонад.