Зиндони сахтнизом ва 12 ҳазор сомонӣ ҷарима. Ҷузъиёти ҳукми Далери Имомалӣ
     TJ RU EN
06:37 / 2024-12-20

Зиндони сахтнизом ва 12 ҳазор сомонӣ ҷарима. Ҷузъиёти ҳукми Далери Имомалӣ

20221019 OzodiРадиои Озодӣ баъзе ҷузъиёти ҳукми Далери Имомалӣ, блогер ва рӯзноманигори тоҷикро ба даст овард. Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе рӯзи 17 октябр ин рӯзноманигорро ба 10 соли зиндон маҳкум кард. Ба ҷуз аз ҳукми зиндон дигар ҷузъиёти ҳукми додгоҳ рӯшан набуд.

Як мақом дар Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур рӯзи 19 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ба ғайр аз 10 соли зиндон, Далери Имомалӣ ҳамчунин 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима шудааст.

"Додгоҳ қарор баровард, ки Далери Имомалӣ 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 12 ҳазору 800 сомонӣ ҷарима супорад",-афзуд манбаъ.

Ба гуфта ин ҳамсӯҳбати мо, Далери Имомалӣ 10 соли зиндонро дар зиндони низомаш пурзӯр сипарӣ мекунад.

Мурофиаи ин рӯзноманигори тоҷик дар бинои Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе паси дарҳои баста гузашт. Ба ҷуз аз вакили дифоъ ва баъзе хешовандон дигаронро ба толори мурофиа роҳ надоданд.

Як манбаи огоҳ гуфт, Далери Имомалӣ дар сухани охиринаш аз додгоҳ хост, "нисбаташ ҳадди камтарини ҷазо таин кунанд". Аммо ин талаби рӯзноманигор қабул нашуд ва додгоҳ барои ӯ ҷазои вазнин таин кард.

Наздикон ва вакили дифои Далери Имомалӣ ҳанӯз ба хулосае нарасидаанд, ки аз болои ҳукми додгоҳ шикоят мекунанд ё не. Саъдулло Қаюмзода, вакили дифои Далери Имомалӣ гуфт, "машварат дорем".

Ба 10 соли зиндон маҳкум шудани ин рӯзноманигори тоҷик вокунишҳои зиёдро ба миён овард. Чанд созмони ҳомии ҳуқуқ аз ҷумла САҲА ва Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон озодии Далери Имомалиро талаб карданд.

Далери Имомалӣ рӯзи 15 июни имсол боздошт ва соҳибкории ғайриқонунӣ, расондани хабари бардуруғ ва узвият дар созмонҳои мамнуъ гунаҳкор шуд. Тибқи иттилои дарёфтӣ, ин рӯзноманигор иттиҳомро қисман қабул кардааст.

Баъд аз моҳи майи имсол 7 блогеру рӯзноманигор дар Тоҷикистон боздошт шуданд. Аз миёни онҳо Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба 7,5 ва акнун Далери Имомалӣ ба 10 соли зиндон маҳкум шуданд. Даъвати созмонҳои ҳомии ҳуқуқ барои озодии рӯзноманигорон феълан бепосух мондааст.

https://www.ozodi.org/a/32090859.html


Тақвим

<< < Декабрь 2021 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    
 
Пайвандҳои лозима