Тереза Рибейро хост, Далери Имомалиро фавран озод кунанд
     TJ RU EN
06:18 / 2024-12-20

Тереза Рибейро хост, Далери Имомалиро фавран озод кунанд

Daleri ImomaliНамояндаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар умури озодии матбуот хост, мақомоти Тоҷикистон рӯзноманигору блогери шинохта Далери Имомалиро фавран озод кунанд.

Додгоҳ рӯзи 17-уми октябр ӯро ба даҳ сол зиндон маҳкум кард.

Тереза Рибейро рӯзи 18-уми октябр дар баёнияе дар Телеграм гуфт, аз ин ҳукм ваҳшатзада шуд ва онро "зарбаи дигар ба озодии матбуот дар Тоҷикистон" номид. "Рӯзноманигорӣ ҷиноят нест," -- навишт ӯ.

Далери Имомалии 34-сола, ки бештар аз мушкили мардум ва аз камбуди мансабдорон мегуфт, моҳи июни имсол дастгир шуд.

Ӯро ба напардохтани молиёту дурӯғпароканӣ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ муттаҳам донистанд. Худаш иттиҳоми аввалро пазируфта, дуи дигарро рад кардаву беасос номидааст.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи хабарнигорон гуфтаанд, ӯро бештар барои гузоришҳояш ҷазо доданд. Тереза Рибейро низ дар баёнияаш гуфт, Далери Имомалӣ барои кораш зиндонӣ шуд.
Дар ним соли охир дар Тоҷикистон ҳафт блогеру рӯзноманигор дастгир ва то кунун се нафари онҳо ба зиндон маҳкум шуданд.

Пеш аз Далери Имомалӣ, Муҳаммади Султон ба 8 ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба 7,5 сол зиндон маҳкум шуда буданд. Муҳокимаи камаш ду нафари дигар паси дарҳои баста ҷараён дорад.

https://www.ozodi.org/a/32090051.html


Тақвим

<< < Декабрь 2021 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    
 
Пайвандҳои лозима