Ташкилоти ҷамъиятии «Ассотсиатсияи миллии ВАО-и мустақили Тоҷикистон» барои пешниҳоди хизматрасонии мушовири банақшагирии стратегӣ озмун эълон мекунад.
     TJ RU EN
06:47 / 2024-12-20

Ташкилоти ҷамъиятии «Ассотсиатсияи миллии ВАО-и мустақили Тоҷикистон» барои пешниҳоди хизматрасонии мушовири банақшагирии стратегӣ озмун эълон мекунад.

Конкурс 1Ташкилоти ҷамъиятии «Ассотсиатсияи миллии ВАО-и мустақили Тоҷикистон» дар доираи лоиҳаи «Тақвияти тавонмандии ташкилии НАНСМИТ ва баланд бардоштани устувории молиявии он», ки бо дастгирии Бунёди Авруосиё, ки аз ҷониби Агентии Рушди байналмилалии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (USAID) маблағгузорӣ мешавад, амалӣ карда мешавад, шахсони воқеиро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, барои иштирок дар тендер оид ба пешниҳоди хизматрасонии мушовири банақшагирии стратегӣ даъват менамояд.

Вазифаҳои мушовири банақшагирии стратегӣ:
- таҳлили фаъолияти ташкилот дар панҷ соли охир.
- муайян кардани самти стратегии ташкилот.
- гузаронидани тренинг оид ​​ба банақшагирии стратегӣ барои кормандон ва аъзоёни ташкилот дар мавзӯи таҳияи нақшаи стратегӣ;
- таҳияи нақшаи стратегии ташкилот барои се соли оянда;
- тартиб додани нақшаи корӣ оид ба татбиқи нақшаи стратегияи ташкилот;
- ҳисоботҳо, тавсияҳоро оид ба иҷрои марҳалаҳои алоҳидаи нақшаи стратигиро омода менамояд.

 

Довталабон инчунин бояд дар баробари резюме номаи мутаваҷҷеҳиро, ки дар он таҷрибаи корӣ дар ин соҳа ва арзиши хидматрасонӣ барои як рӯз нишон дода шудааст, пешниҳод кунанд.

Дархостҳо бояд ба суроғаи электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. фиристода шавад ё ба дафтари ташкилоти ҷамъиятии "Ассотсиатсияи миллии воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон" бо суроғаи: Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 137, офиси 527 то соати 24.00 30 октябри соли 2022 расонида шавад.

Пешниҳодҳое, ки баъд аз вақти қайдгардида ворид шудаанд, инчунин пешниҳодҳое, ки ба талаботи дархости мазкур ҷавобгӯ нестанд, баррасӣ карда намешаванд.

Довталабоне, ки дархости онҳо қобили таваҷҷӯҳ медошанд, ба мусоҳиба даъват карда мешаванд. ТҶ АМВАОМТ ҳуқуқ дорад, ки сабабҳои рад кардани пешниҳодҳоро шарҳ надиҳад.

Дафтари кории ТҶ АМВАОМТ


Инҳоро бояд шинохт

  • Акбари Саттор


  • Тақвим

    << < Декабрь 2021 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
        1 2 3 4 5
    6 7 8 9 10 11 12
    13 14 15 16 17 18 19
    20 21 22 23 24 25 26
    27 28 29 30 31    
     
    Пайвандҳои лозима