Мурофиаи нахустини Саидаминӣ доир шуд. Дар Боздоштгоҳ ва бе ҳузури наздикон. ВИДЕО
     TJ RU EN
09:37 / 2024-12-20

Мурофиаи нахустини Саидаминӣ доир шуд. Дар Боздоштгоҳ ва бе ҳузури наздикон. ВИДЕО

Zavqibek Saidamini

Мурофиаи аввалини додгоҳии Завқибек Саидаминӣ, рӯзноманигори боздоштшуда, пас аз зӯҳри 11-уми октябр паси дарҳои баста баргузор шуд. Пайвандонаш гуфтанд, мурофиа бояд дар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт мегузашт, аммо ба сабаби барои онҳо номаълум дар Боздошгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) баргузор шуд. Ба наздикон иҷозаи вуруд надодаанд. Ба сабаби пӯшида будани мурофиа, ҷузъиёт дастрас нест.

Яке аз пайвандони Завқибек Саидаминӣ рӯзи 11-уми октябр гуфт, "номи Завқибекро дар рӯйхати парвандаҳое навишта буданд, ки дар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ баррасӣ мешаванд. Ба мо гуфтанд, ки дар СИЗО мегузарад, на дар Суд. Ҳеч касро иҷозаи даромадан надоданд."

Ин дар ҳолест, ки ҳафтае пеш Ҳабиса Ятимова, модари Саидаминӣ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, се моҳ боз ӯро надидаанд ва намедонанд, дар чӣ шароит бар сар мебарад.

Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, дар мурофиаи нахустин танҳо вакили мудофеи рӯзноманигор ширкат карда, тарафҳо бо парванда шинос шудаанд. "Дар мурофиаҳои баъдӣ чаҳор шоҳид даъват мешаванд. Яке аз онҳо дӯсти Завқибек Саидаминӣ аст, ки ҳамроҳ ба бозпурсӣ даъват ва боздошт шуда буд. Се нафари дигар кормандони як идораи давлатӣ ҳастанд", -- гуфт мусоҳиби мо ва нахост номаш зикр шавад.

Додрас Ҷӯрабек Ширинзода барои расонаҳо дастрас нест ва вакили мудофеъ ҳам ҷузъиёт намедиҳад. Ҳамзамон сабаби пушти дарҳои баста баргузор шудани мурофиаро на додрас ва на вакили мудофеъ шарҳ надоданд. Додрас мурофиаро ба ҳафтаи дигар мондааст, аммо санаи дақиқаш маълум нест.

Ин хабарнигори тоҷик ба ҳамкорӣ бо созмонҳои дар кишвар мамнӯи Ҳизби наҳзати исломӣ ва "Гурӯҳи 24" гумонбар шудааст. Худаш борҳо гуфтааст, ки ба ҳеҷ созмону гурӯҳе марбут нест ва ҳамкорӣ низ надорад. Ҳарду созмон низ ҳама гуна ҳамкории худро бо ӯ рад кардаанд.

Завқибек Саидаминӣ рӯзи 8-уми июли имсол аз тарафи пулиси шаҳри Ваҳдат дастгир ва баъдан ба Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе бурда шуд. Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, мақомот таҳқиқи парвандаи Завқибек Саидаминии 38-соларо бар асоси қисми 2-и моддаи 307 (нишонаи 3) ҷамъбаст карда, миёнаҳои моҳи сентябр ба додгоҳ фиристодаанд. Ин айбнома аз панҷ то ҳашт сол зиндонро пешбинӣ мекунад.

Хабарнигори пешини "Телевизиони Тоҷикистон" бо сӯҳбатҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ машҳур гашта, аз зумраҳои онҳое дониста мешуд, ки талош доранд, ҳақиқатҳо гуфта шаванд. Дар яке аз маъракаҳои интихоботӣ Завқибек Саидаминӣ талош кард, ба таври худпешбарӣ номзад шавад, аммо номзадии ӯро сабт накарданд ва ин ҳам яке аз ангезаҳои интиқодии журналист шуд.

Завқибек Саидаминӣ борҳо ба минтақаи низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рафта, аз онҷо гузориш медод. Солҳои охир ба соҳибкорӣ ва барномаҳои хайрия машғул буд. Дар ним соли охир дар Тоҷикистон дастикам 7 рӯзноманигору блогер дастгир ва ду нафари онҳо – Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба 7,5 ва Муҳаммади Султон ба 8 сол зиндон – маҳкум шудаанд.

https://www.ozodi.org/a/32076622.html


Тақвим

<< < Декабрь 2021 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    
 
Пайвандҳои лозима