Нишастҳои матбуотӣ: Имконияте, ки журналистон самаранок истифода намебаранд
     TJ RU EN
11:01 / 2024-12-20

Нишастҳои матбуотӣ: Имконияте, ки журналистон самаранок истифода намебаранд

Press-conference 1Аз 11 июли соли равон тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳои давлатӣ шурӯъ гардида, панҷуми авгус­ти ҳамин сол ба итмом расид. Чунин нишастҳо ҳар шашмоҳа дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардида, далели возеҳи таваҷҷуҳи хосаи Сарвари давлат ба фаъолияти журналистон ва эътимод ба онҳо маҳсуб мешавад.

Шояд дар олам кам кишваре мавҷуд аст, ки Роҳбари давлати он аз тариқи фармони алоҳида мансабдоронро вазифадор намудааст, то мунтазам ба назди журналистон бароянд ва ҳисобот диҳанд.

Муҳим он аст, ки нишастҳои матбуотии мавриди назар журналистон ва тавассути онҳо аҳли ҷомеаро дар шинохти мансабдорони раддаи аввал амиқтар мебарад. Аз ҷониби дигар, ин иқдом идомаи мантиқии ибтикори қаблӣ — ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводи таҳлилӣ ва танқидии воситаҳои ахбори омма» буда, дар сурати самаранок истифода гардидан барои беш аз пеш боло бурдани мақому манзалати журналистон дар ҷомеа имкони мусоид мебошад.

Мутаассифона, мо — журналистон аз ин имкониятҳои фароҳамшуда самаранок истифода намебарем. Манзури ман муносибати дуюмдараҷа зоҳир намудану бетафовутии баъзе масъулини воситаҳои ахбори омма ба нишастҳои матбуотӣ мебошад.

Аксар маврид ба чунин чорабиниҳо журналистон бе омодагӣ ва бидуни доштани маълумот дар бораи ваколату салоҳияти ниҳоди нишасти матбуотӣ доирменамуда мераванд. Дар натиҷа, саволҳои ба фаъолияту ваколат рабтнадошта ва ҳатто дар баъзе маврид хандаовар медиҳанд.

Табиист, ки дар чунин ҳолат соҳибмансабон ба журналистикаи муосир ва касбияти журналистон маҳз аз ҳамин зовия баҳогузорӣ менамоянд. Ба ибораи дигар, фикр мекунанд, ки сатҳи донишу касбияти ҳама журналистон чунин аст.

Дар марҳилаи баргузории чорабинии зикр­шуда аксар журналистон аз ширкат наварзидани роҳбарони аввали баъзе вазорату идораҳо шиква мекунанд. Онҳое, ки чунин иддао доранд ба маънои томаш «кӯри худу бинои дигаронанд»… Зеро масъулини аксар воситаҳои ахбори омма барои иштирок дар нишастҳои матбуотӣ кормандони одӣ ва ҳатто журналистони навкорро равон менамоянд. Шахсан барои ман муаммо аст, ки чаро сармуҳаррирон, муассисон ва журналистони соҳибном аз иштирок дар нишастҳои матбуотӣ худдорӣ менамоянд?

Агар шахсони мавриди назар ба нишастҳо мерафтанд, шаҳомати чунин чорабиниҳо меафзуду журналистони «нишастгард» дар ҳошия мемонданд.

Бо арзи эҳтиром аз ҳамкорони гиромӣ хоҳишмандам минбаъд дар нишастҳои матбуотӣ фаъолона ширкат варзида, ба ин васила, касбияту маданияти баланди журналистонро ба маъраз гузоранд.

Ин иқдом, агар аз як ҷониб, барои баҳравар гаштани шаҳрвандон аз матолибу гузоришҳои пурмуҳтаво ва таваҷҷуҳбарангез мусоидат намояд, аз дигар тараф, ба болоравии нуфузу манзалати журналистон, ки айни замон ба он сахт ниёзмандем, таҳрик мебахшад.

Далер АБДУЛЛО,

муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум»

https://sadoimardum.tj/nishast-oi-matbuot/nishast-oi-matbuot-imkoniyate-ki-zhurnaliston-samaranok-istifoda-namebarand/

 

 


Инҳоро бояд шинохт

  • Акбари Саттор


  • Тақвим

    << < Декабрь 2021 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
        1 2 3 4 5
    6 7 8 9 10 11 12
    13 14 15 16 17 18 19
    20 21 22 23 24 25 26
    27 28 29 30 31    
     
    Пайвандҳои лозима