Мурофиаи додгоҳии Далери Имомалӣ дар боздоштгоҳ оғоз гардид.
     TJ RU EN
09:33 / 2024-12-20

Мурофиаи додгоҳии Далери Имомалӣ дар боздоштгоҳ оғоз гардид.

Daleri Imomali7-уми октябр, мурофиаи додгоҳии Далери Имомалӣ, блогнавис ва журналисти боздоштшудаи тоҷик дар бинои Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе оғоз гардид. Дар ин бора Радио Озодӣ иттилоъ медиҳад. Далери Имомалӣ аз ҷумлаи чор журналисти тоҷик аст, ки чор моҳ пештар боздошт гардид. Ӯ барои соҳибкории ғайриқонунӣ, расондани хабари бардурӯғ ва узвият дар созмонҳои мамнуъ гумонбар дониста мешавад. Гуфта мешавад, ки парвандаи ӯро Даврон Назарзода, судяи Суди ноҳияи Шоҳмансур баррасӣ менамояд. “Дар мурофиаи аввал аксари шоҳидон даъват ва пурсида шуданд. Ҳамсари Далерро ҳам ба мурофиа роҳ доданд. Мурофиаи дуюм ҳафтаи оянда баргузор мешавад”, - менависад Радиои Озодӣ. Кӯшишҳои “Азия-Плюс” барои дастрас кардани маълумоти бештар аз Суди ноҳияи Шоҳмансур бенатиҷа монд. Пайвандони Далери Имомалӣ ҳам дар хусуси парвандаи ин рӯзноманигор ва блогер суҳбат намекунанд. Гуфтан ба маврид аст, ки Далери Имомалӣ 15-уми июни соли ҷорӣ дар роҳ ба ба сӯи шаҳри Конибодоми вилояти Суғд, дар ноҳияи Айнӣ боздошт ва ба Душанбе интиқол шуд. Нисбати ӯ бо моддаҳои 259, қисми 1 (Соҳибкории ғайриқонунӣ), 346, қисми 1, банди “А” (Дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ) ва 307 қисми 2 банди 3 (Иштирок дар идтиҳоди экстремистӣ)-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шуда, дар назар аст, ки рӯзҳои наздик муҳокимаи судӣ оғоз гардад.

https://www.asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/society/20221007/murofiai-dodgoii-daleri-imomal-dar-bozdoshtgo-ooz-gardid


Тақвим

<< < Декабрь 2021 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    
 
Пайвандҳои лозима