“Журналистонро раҳо кунед”. CPJ ҳукми Абдуллоҳ Ғурбатиро сангину ноодилона хонд
     TJ RU EN
04:35 / 2024-12-20

“Журналистонро раҳо кунед”. CPJ ҳукми Абдуллоҳ Ғурбатиро сангину ноодилона хонд

20221006 AbdulloӮ аз Тоҷикистон хост, маъракаи тарс додани журналистонро хотима диҳад.

Кумитаи ҳимоят аз журналистон (CPJ) ҳукми зиндони рӯзноманигор Абдуллоҳ Ғурбатиро шадидан маҳкум кард. Созмони мазкур дар Ню-Йорк мустақар буда, аз ҳуқуқи журналистон ҳимоя мекунад. Дар ин бора Радиои озодӣ хабар медиҳад.

Гулноза Саид, ҳамоҳангсози барномаҳои Аврупову Осиёи Марказии Кумитаи дифоъ аз журналистон, гуфтааст, "CPJ ҳукми сангин ва ноодилонаро нисбати Абдуллоҳ Ғурбатӣ маҳкум мекунад".

"Ба назар мерасад, он ҳосили нороҳатии мақомоти Тоҷикистон аз маъруфияти журналистикаи иҷтимоӣ аст, ки Ғурбативу ҳамкораш Далери Имомалӣ дар ин соҳа кор мекарданд", - гуфтааст Гулноза Саид.

Ӯ талаб кардааст, ки мақомоти Тоҷикистон билофосила Абдуллоҳ Ғурбативу Далери Имомалӣ ва журналистони дигари боздоштшударо раҳо кунанд. CPJ мегӯяд, онҳо барои хабарнигорӣ дастгир шудаанд ва аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, маъракаи тарс додани рӯзноманигоронро хотима бахшад.

Ёдовар мешавем, ки 4-уми октябр Суди ноҳияи Шоҳмансури Душанбе паси дарҳои баста Абдуллоҳ Ғурбатиро бар асоси се банди қонуни ҷиноӣ, аз ҷумла ифротгароӣ, ба ҳафтуним сол зиндон маҳкум намуд. Худи Абдуллоҳ ҳамеша ба бегуноҳии худ таъкид менамуд.

Абдуллоҳ Ғурбати аз ҷумлаи чор журналист ва блогнависи тоҷик аст, ки давоми чанд моҳи охир боздошт гардиданд.

Ҳоло тақдири Далери Имомалӣ, Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, журналисту блогнависони дигари боздоштшуда норӯшан боқӣ мемонад.

https://www.asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/society/20221006/zhurnalistonro-rao-kuned-cpj-ukmi-abdullo-urbatiro-sanginu-noodilona-hond


Тақвим

<< < Декабрь 2021 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    
 
Пайвандҳои лозима