Гунаҳкорони бегуноҳ? Рӯзноманигорони боздоштшудаи тоҷик кистанд ва чаро боздошт шуданд?
     TJ RU EN
04:53 / 2024-12-20

Гунаҳкорони бегуноҳ? Рӯзноманигорони боздоштшудаи тоҷик кистанд ва чаро боздошт шуданд?

Asia pluseИн журналистон кистанд, ки ба якборагӣ ва яке паси дигар боздошт шудаву алайҳи онҳо парванда бо гумони ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои экстримистӣ боз шуд?

Дирӯз, 4-уми октябр, суди ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Абдуллоҳ Ғурбатӣ, журналисти тоҷикро бо моддаҳои 328 қисми 1 (Истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият), 330 қисми 1 (Таҳқири намояндаи ҳокимият) ва 307 қисми 2 банди 3 (Иштирок дар иттиҳоди экстремистӣ)-и Кодекси ҷиноятӣ гунаҳкор дониста, ба 7,5 сол равонаи зиндон кард.

Дар назар аст, ки рӯзҳои наздик мурофиаи судии Далери Имомалӣ, журналисти дигари боздоштшуда ва блогери тоҷик низ оғоз гардад. Ӯро мақомот бо моддаҳои 259, қисми 1 (Соҳибкории ғайриқонунӣ), 346, қисми 1, банди “а” (Дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ) ва 307 қисми 2 банди 3 (Иштирок дар иттиҳоди экстремистӣ)-и Кодекси ҷиноятӣ гунаҳкор мекунанд.

Дар хусуси парвандаи ду журналисти дигари боздоштшудаи тоҷик – Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода маълумоти муфассал дастрас нест. Танҳо ҳамин қадар маълум аст, ки Абдусаттор Пирмуҳаммадзода бо моддаи 307 иловаи 1 (Даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва сафедкунии оммавии экстремизм) гумонбар дониста мешавад.

Завқибек Саидаминӣ бошад, бо моддаи 307 қисми 2 нишонаи 3 (Ташкили иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ) гумонбар аст.

Ин журналистон кистанд, ки ба якборагӣ ва яке паси дигар боздошт шудаву алайҳи онҳо парванда бо гумони ҳамкорӣ бо иттиҳодияҳои экстримистӣ боз шуд?

 

Абдуллоҳ Ғурбатӣ. Аввал лату кӯб ва баъдан “гунаҳкор ба лату кӯби полис” 

 Авазмад Ғурбатов, ки бо тахаллуси эҷодии Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар майдони журналистика фаъолият дошт, яке аз ҷавонтарин рӯзноманигорони умедбахши тоҷик муаррифӣ мешавад. Ӯ то замони боздошт дар расонаҳои гуногун, аз ҷумла ҳафтаномаҳои “Пайк” ва Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон – ҳафтаномаи “Фараж” ва Агентии иттилоотии “Азия-Плюс” фаъолият дошт ва бештар мавзӯҳои иҷтимоии ҳассосро баррасӣ менамуд.

Ӯ ҳамчунин, дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ фаъол буд ва андешаҳои худро дар робита ба масоили гуногун иброз менамуд.

Абдуллоҳ ду маротиба мавриди лату кӯби “шахсони номаълум” қарор гирифт, аммо дар як ҳолат омилони ин латукӯб пайдо нашуд ва дар ҳолати дуввум чанд нафар барои майдаавбошӣ бо ҷарима аз ҷазо озод шуданд.

Вақтҳои охир Абдуллоҳ бештар ба суратгирӣ ва таҳияи навору филмҳои кӯтоҳ машғул буд, ки дар озмунву фестивалҳои дохиливу хориҷӣ соҳиби ҷоизаҳо гардидаанд.

Охирин самте, ки Абдуллоҳ ба он таваҷҷуҳ намуд, ҳамкорӣ бо Далери Имомалӣ, блогери тоҷик буд. Абдуллоҳ бо Далер ҳарду барои “Ютубканал”-и Далери Имомалӣ аз мушкилоти аҳолӣ ва мавзӯҳои иҷтимоии ҳассос, аз ҷумла раванди қабули шаҳрвандон аз ҷониби мансабдорон ва монеаҳои дар ин самт ҷойдоштаву муносибати кормандону мансабдорони давлатӣ, видео таҳия мекарданд.
Бор охир навори омодакардаи Абдуллоҳ ва Далер дар робита ба тахриби бинои сокинони маҳаллаи Зардушти ноҳияи Шоҳмансур тамошобини зиёд пайдо кард. Баъдан, барои рӯшанӣ андохтан ба масъалаи тахриби биноҳо Абдуллоҳ бо Далер дар рӯзи қабули раиси ноҳияи Шоҳмансур, ба бинои ҳукумати ин ноҳия омаданд ва аз рӯзи қабули он гузориш омода карданд, ки дар он гуфта мешуд, раиси ноҳия онҳоро қабул накард. Пас аз нашри ин видео, аввал Далер барои муддате боздошту ба қавли худаш, аз ҷониби корманди прокуратураи ин ноҳия шаппотӣ хӯрд ва дертар раҳо гардид.

Бо гузашти чанд рӯз, ӯ, дар роҳ ба шаҳри Конибодом аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳияи Айнӣ боздошт ва ба Душанбе интиқол дода шуд. Чанде пас Абдуллоҳ барои додани шоҳидӣ аз ҷониби ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансур даъват гардид ва пас аз додани шоҳидӣ, вақти тарки бинои шуъба, дубора бо иттиҳомӣ “истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият” ва “таҳқири намояндаи ҳокимият” боздошт гардид ва баъдан ӯ ҳамчунин, барои “иштирок дар иттиҳоди экстремистӣ” гумонбар ва муҳокима карда шуд.

Далери Имомалӣ. Ҳам шаппотӣ ва ҳам гунаҳкор 

Тавре зикр карда шуд, Далери Имомалӣ блогери шинохтаи тоҷик буд, ки вақтҳои охир бо Абдуллоҳ Ғурбатӣ ҳамкорӣ дошт.

Далер аслан хатмкардаи Донишкадаи санъат ва ҳунарҳои зебо ба номи Мирзо Турсунзода аст. Ӯ аз рӯи ихтисос коргардон аст ва чандин сол дар самти театру кино низ кор кардааст. Далер аз таъсисдиҳандагони театри хиёбонии “Нигоҳи нав” буд, ки чандин намоишномаҳоро таҳия кардааст, аммо ӯ бештар ҳамчун ровии радио ва блогер шинохта гардид. Далер чанд муддат дар радиои “Ватан” ба ҳайси ровӣ кор кард ва барномаи махсуси “Пресс-клуб”-ро барандагӣ мекард. Ӯ ҳамчунин, дар радиои “Имрӯз” низ кор кардааст.

Мавқеи устувори шаҳрвандӣ дошт ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле фаъол буд. Дар наворҳое, ки таҳия менамуд ба мавзӯҳои иҷтимоӣ ва доғи рӯз таваҷҷуҳ карда, бо эҳсоси баланд барои ҳалли он даъват менамуд.

Далер вақтҳои охир бештар ҳамчун блогер фаъолият менамуд ва бо чеҳраҳои саршинос оид ба мавзӯҳои баҳсноку ҳассос мусоҳибаҳо анҷом медод. Мубоҳисаи ӯ бо рӯзноманигор Абдуқодир Талбаков дар бораи эътиқод, бо Иршод Сулаймонӣ дар бораи журналистика дар сари гӯри раиси собики Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, марҳум Акбар Саттор ва гузориши ӯ аз таҷлили рӯзи ғалаба дар Душанбе баҳсҳои гуногунро ба миён оварда буд.
Тавре болотар зир кардем, дардноктарин навори ӯ барои доираи мушаххаси мақомдорон ин ҳамон навор аз маҳаллаи Зардушти ноҳияи Шоҳмансур буд, ки пас аз он ӯ аз роҳ ба Конибодом дар ноҳияи Айнӣ боздошт ва ба Душанбе интиқол шуд. Нисбати ӯ бо моддаҳои 259, қисми 1 (Соҳибкории ғайриқонунӣ), 346, қисми 1, банди “А” (Дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ) ва 307 қисми 2 банди 3 (Иштирок дар идтиҳоди экстремистӣ)-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шуда, дар назар аст, ки рӯзҳои наздик муҳокимаи судӣ оғоз гардад.

Завқибек Саидаминӣ. Боздошт дар арафаи Иди Қурбон

Завқибек Саидаминӣ жураналисти собиқи телевизионӣ давлатӣ аст. Аслан ӯ муддате дар расонаҳои хусусие чун телевизиони Симои мустақили Тоҷикистон (СМТ) ва нашрияи “ИмрӯзNews” фаъолият кардаву баъдан ба телевизиони давлатӣ ба кор рафт. Пас аз чанд муддати кор дар телевизиони давлатӣ, ӯ корро дар ин даргоҳ тарк карда, тавре худаш мегуфт, ба тиҷорат машғул гардид. Дар баробари ин, ӯ дар як ширкати сохтмонӣ ҳам ба ҳайси ронандаи “кран” низ муддате кор кард, аммо ӯ ҳеҷ гоҳ аз фаъолиятҳои иҷтимоӣ ва баёни андешаи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ канор намерафт. Ҳамеша дар фазои иҷтимоӣ фаъол буд ва мавқеи оштинопазир бо ифротгароён дошт.

Дар баробари ин, ба сабти навор ва анҷоми корҳои хайриявӣ низ машғул мешуд.

Аз аввалин нафароне буд, ки пас аз муноқишаи марзӣ ба сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон рафт ва аз вазъи минтақаҳои марзӣ гузориш омода намуда, дар саҳифаи иҷтимоии худ интишор мекард.

Пас аз боздошти Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ Завқибек аз ангуштнамо рӯзноманигороне буданд, ки ба ҳимоят аз онҳо ошкоро садо баланд кард.
Баъдан, ӯ як рӯз пеш аз Иди Қурбон боздошт гардид ва пас аз чанд рӯз мақомот эълон намуд, ки ин журналист бо моддаи 307 қисми 2 нишонаи 3 (Ташкили иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ) гумонбар аст.

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода. “Огоҳии охирин” ҳам нафъе надод 

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода замоне шинохта гардид, ки дар Рӯзи Президент наворе сабт карда, аз мушкилоти рӯзмарраи худ шикоят намуд. Дар он навор ӯ гуфт, ки чанд сол дар радиои давлатӣ ба ҳайси журналист кор кардаву бо сабабҳои гуногун тарки пеша кардааст ва акнун ҳамчун ронандаи таксӣ кор мекунад. Абдусаттор шикоят дошт, ки кормандони БДА барои озод фаъолият карданаш монеъ мешаванд.

Баъдан ӯ бо пахши наворҳои дигар аз мушкилоти дигари ҷомеа нақл мекард ва миёни мардум шӯҳрат пайдо намуд.

Чанде баъд аз ин бо пок кардани тамоми наворҳои хеш аз саҳифаҳои иҷтимоияш, Пирмуҳаммадзода эълон намуд, ки кори блогериро қатъ мекунад.

Ӯ дар як мусоҳибаи худ ба расонае гуфт, ки барои фаъолиятҳояш бархе “бузи ҳукумат” гуфтаанд, бархе “хоини миллат” ва бо ҳамин канор рафтани худро аз фазои иҷтимоӣ эълон намуд.

Аммо дертар дубора ба фаъолияти блогерӣ баргашт ва пас аз боздошти Далеру Абдуллоҳ аз камтарин рӯзноманигороне буд, ки ба ҳимояи ин журналистон боҷуръатона садо баланд кард.

Пас аз чанде аввал барои чанд соат боздошт ва бо эълони “охирин огоҳӣ” озод гардид. Вале бо гузашти чанд рӯз Абдусаттор дубора боздошт ва алайҳи ӯ бо моддаи 307 иловаи 1 (Даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва сафедкунии оммавии экстремизм) айб эълон карда шуд.

Ба фарқ аз парвандаи Далер ва Абдуллоҳ, парвандаҳои Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода печидатар аст. Маълум нест, ки онҳо бо вакили дифоъ таъминанд ё не. Наздиконашон низ шикоят мекунанд, ки бо онҳо аҳёнан мулоқот мекунанд.

Ҳоло аз чаҳор нафар рӯзноманигорони боздоштшуда танҳо нисбати Абдуллоҳ Ғурбатӣ ҳукми суд эълон гардид ва ӯ ба 7,5 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум шуд. Вакили дифоъ ва пайвандони Абдуллоҳ аз ҳукми содиршуда норозӣ буда, қасд доранд аз болои он ба зинаи болоӣ суд даъво баранд.

Тақдири Далери Имомалӣ, Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода то ҳол норӯшан боқӣ мемонад.

Созмонҳои журналистиву ҳомии ҳуқуқи башар аз боздошти журналистони тоҷик бонги хатар мезананд ва аз мақомоти Тоҷикистон озодии онҳоро талаб мекунанд, аммо то ҳол ҳеҷ акси садое нест.

https://www.asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/society/20221005/gunakoroni-beguno-rznomanigoroni-bozdoshtshudai-toik-kistand-va-charo-bozdosht-shudand


Тақвим

<< < Декабрь 2021 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    
 
Пайвандҳои лозима