“Ноодилона ва сангин”. Вокуниши созмонҳои журналистӣ ва рӯзноманигорон ба ҳукми Абдуллоҳ Ғурбатӣ
     TJ RU EN
06:11 / 2024-12-20

“Ноодилона ва сангин”. Вокуниши созмонҳои журналистӣ ва рӯзноманигорон ба ҳукми Абдуллоҳ Ғурбатӣ

Abdullo 4Рӯзноманигорони шинохтаи тоҷик умед ба он доранд, ки ҳукми Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар зинаҳои болоии судӣ бозбинӣ мешавад.

Имрӯз, 4-уми октябр, суди ноҳияи Шоҳмансури пойтахт баррасии парвандаи журналисти шинохтаи тоҷик Абдуллоҳ Ғурбатиро ҷамъбаст ва ҳукми худро эълон намуд: 7,5 соли зиндони низомаш пурзӯр барои Абдуллоҳ Ғурбатӣ.

Пас аз эълони ҳукми суд “Asia-Plus” андешаи рӯзноманигорону роҳбарони ташкилотҳои журналистиро оид ба ҳукми суд пурсид.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон:

- Ҳукми Абдуллоҳ Ғурбатӣ ноодилона аст, вале ғайриинтизор набуд. Баргузор шудани мурофаи судӣ пушти дарҳои баста, қонеъ накардани дархости судшаванда ва вакили дифои ӯ дар раванди мурофиа аз он далолат медод, ки ҳуқуқи Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар ин мурофиа пурра таъмин карда намешавад.

Тамоми созмонҳои байналхалқӣ дар самти озодии баён ва ҳуқуқи башар ин парвандаро пайгирӣ мекарданд ва натиҷаи ин қазия ба талаботи ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд, ки Конститутсияи Тоҷикистон кишвари моро чунин эълон доштааст, мухилофат мекунад.

Агар гуноҳҳои Абдуллоҳ Ғурбатиро бо далелҳои шайъӣ исбот карда метавонистанд, мурофиа судӣ бояд ошкоро баргузор мегашт ва ҷомеа огоҳ мешуд, ки Абдуллоҳ ба кадом ҷурм гунаҳкор аст. Вале имрӯз ҳамаи он корҳои паси парда ба ҳукми 7,5 соли зиндон табдил ёфт.
Барои таъмини ҳуқуқи Абдуллоҳ бояд иқдоми бештаре сурат бигирад, то ки суд баррасии чунин қазияҳоро (дар пеш боз чанд қазияи дигар ҳаст) дар асоси меъёрҳои ҳуқуқии миллӣ ва байналмилалӣ баррасӣ кунад.

Ҳамчунин, бояд гуфт, ки нашри маводҳое мисли авф кардан ё бахшидани гуноҳи Абдуллоҳ усулҳои ҳуқуқии таъмини волоияти қонун нест. Бояд ҳарчиз дар доираи қонун, мувофиқи талаботи меъёрҳои қонунҳои Тоҷикистон ва байналмилалӣ сурат бигирад.

Албатта, мо ин қазияро пайгирӣ хоҳем кард, ҷонибдорӣ таъмин гаштани ҳуқуқи Абдуллоҳ ба баррасии суди боадолат ҳастем. Яъне вақте ӯ дархост мекунад, ҳар як иттиҳоми онҳоро зери шубҳа мебарад, мақомот муваззаф аст, дар асоси талаботи қонунузорӣ дархости ӯро баррасӣ кунад ва гуноҳи ӯро бо далелҳо исбот кунад.
Дар масъалаи нашри изҳорот, мо фикр мекунем. Омода кардани изҳорот душворӣ надорад, вале мо мехоҳем, ки як изҳороте бошад, ки таъсири худро дар тасмимгирии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гузорад.

Ҳуриниссо Ализода, раиси Шӯрои ВАО:

- Ҳукми Абдуллоҳ Ғурбатӣ хеле сангин аст ва умедворем, ки дар зинаҳои болоӣ он бозбинӣ карда мешавад. Аз сабаби он ки мурофиа ва баррасии худи парванда пӯшида сурат гирифт, дар бораи одилона ё ноодилона будани он чизе гуфта наметавонем.

Ҳамчунин, Шӯрои ВАО тасмими нашри изҳорот ва муроҷиатномае надорад, чунки таҷрибаи изҳороти гузашта дар қазияи журналистон нишон дод, ки пахши изҳорот аз ҷониби ниҳодҳои журналистӣ ва худи рӯзноманигорон чизеро тағйир намедиҳад.

Абдумалик Қодиров, роҳбари “Медиа-Алянс”-и Тоҷикистон:

- Ин ҳукм ноодилона аст. Қазия сохта аст ва он хилофи ҳамаи уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон, ки ваъда додааст, озодии баён ва рӯзноманигоронро эътирофу таъмин мекунад, мебошад.

Ҳадаф аз баровардани чунин як ҳукми сангин ин бастани даҳони ҳама озодандешон ва ба қавле, тарс додани рӯзноманигорону блогерон аст.

Ба ин хотир, “Меди-Алянс” ин ҳукмро маҳкум мекунад, норозӣ аст ва аз мақомоти Тоҷикистон даъват мекунад, ки он бозбинӣ карда шавад ва дар чунин қазияҳо ҳама вақт аз рӯи қонунҳои амалкунанда амал кунанд.
Албатта, мо бо ҳамкорӣ бо дигар созмонҳои рӯзноманигорӣ кушиш мекунем, ки як изҳороти дастаҷамъона пахш кунем ва иқдомоти ояндаи худро дар якҷоягӣ ба нақша мегирем.

Умед Бобохонов, директори генералии Гуруҳи расонаҳои «Азия-Плюс»:

Гуруҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ҳукми судро нисбати Абдуллоҳ Ғурбатӣ ғайриодилона ва сангин меҳисобад. Агар мурофиа ба таври боз мегузашт ва мардум далелҳои айбдоркуниро мешуниданд, шояд он вақт мо ақидаи дигар медоштем. Аммо дар шароити кунунӣ, дар бораи бетарафаии тафтишот саволҳои мантиқӣ ба миён меоянд. Барои мо комилан нофаҳмо аст, ки чаро мурофиа паси дарҳои баста баргузор шуд.

Ҳукме, ки нисбати Абдуллоҳ Ғурбатӣ эълон гардид, барои давлати мо ва ҷомеаи ҷаҳонӣ паёми бад дорад.

Дар рӯзҳои муноқишаи ахири марзӣ мақомоти мо ҳайрон буданд, ки чаро мо дар ҷанги иттилоотӣ мағлуб мешавем, чаро блогнависону рӯзноманигорони мо хомӯшанд? Метарсам, ки баъди ин гуна судҳо дар фазои расонаии кишвари мо умуман сукути марговар ҳукмфармо шавад.

Дар шароити ноустувории ҷаҳонӣ, баргузории чунин мурофиаи судӣ хатарнок аст. Ҳоло, баръакс, бояд заминаи иҷтимоии ҳокимиятро тавсеа дод, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва суботу оромиро дар кишвар таҳким бахшид, ба ҳар гуна нерӯҳои беруна имкон набояд дод, ки аз ин гуна маворид зидди Тоҷикистон истифода намоянд.

Умедворам, ки додгоҳҳои болоӣ ин қарорро баррасӣ ва Абдуллоҳро аз толори додгоҳ озод мекунанд.

Раҷаби Мирзо, рӯзноманигор ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ:

Дар марказҳои қабули қарор дар Душанбе оё дар ин бора фикр намекунанд, ки бо маҳкум кардани чандин журналистону блогерҳои номвар ва ҳунарманд бо гуноҳи ифротгароӣ ба даҳони марказҳои таҳлилии хадамоти махсуси хориҷӣ луқма додаанд?

Оё ин тасаввуротеро ҳосил намекунад, ки агар дар ин кишвар журналистону огоҳони ҷомеа ифротгаро ҳастанд, пас мардуми одӣ шояд бештар аз онҳост?

Фаромӯш намекунем, ки Осиёи Миёна ҳоло дар маркази таваҷҷӯҳи сиёсатҳои ҷаҳон қарор дорад ва дар сатҳи баланди роҳбарияти Тоҷикистон низ дар ин бора гоҳ - гоҳ сӯҳбат мекунанд. Вазъ воқеан пешгӯинашаванда мебошад. Маълум аст, ки ҳар қадами санҷида дар ин росто хеле муҳим бояд бошад...

Ман таваҷҷӯҳро ба марказҳои қабули қарор дар Душанбе махсус равона мекунам, на ба суд ва судя Шафо Беҳрӯз Назаралӣ. Ростӣ аз ин судя, ки қаблан дар бахши робита бо ВАО -и Суди Олӣ кор мекард, умеди дигар доштем. Шояд аз ӯ дигар чизе вобаста набуд. Дар матлаби чанд рӯз пеш дар ин маврид навиштаам гуфта будам, ки мутмаин нестам ин ҳукм ақаллан дар рӯзҳои таҷлили 70 солагии Президенти Тоҷикистон эълон мешавад. Зеро маънии дигар ба бор меорад...
Аммо...

Виҷдон азоб медиҳад, ман агар ин ҳарфҳоро нанависам. Дигарон худашон донанд.

Аммо ҳади ақалл судя метавонист, агар гуноҳи Ғурбатӣ ин қадар исботшуда аст, ки аз дархости прокурор ҳамагӣ ним солашро кам карда метавонад, пас бояд мурофиаи ошкор анҷом медод ва барои ҳама исбот менамуд.

Ҳоло, ки чунин нест, пас гуфтан мумкин бошад, ки ҳар журналистро акнун метавонанд барои гуфтани дилхоҳ камбуди ҷомеа, ё нишон додани гуноҳи мансабдорони бемасъулият, бо иттиҳоми "мувофиқ омадани мӯҳтавои матлабаш бо гуфтаҳои гурӯҳҳои мамнӯъ" паси дарҳои баста зиндон кунанд?

Боз ҳам фаромӯш намекунем, ки ин созмонҳои ифротӣ нав пайдо шудаанд, аммо журналистикаро медонед чӣ қадар умр дорад ва вазифаву таъиноташ чист?

Фикр мекунам ҷомеа ва созмонҳои журналистии Тоҷикистон бояд ин ҳукми судя Беҳрӯз Шафоро ҷиддӣ бигиранд ва ба марказҳои қабули қарор фаҳмонанд, ки журналистика ва ифротгароӣ ду чизи аз ҳам ҷудо, балки ба ҳам мухолифанд.
Агар инро фаҳмидан намехоҳанд, пас беҳтар нест журналистону расонаҳои хабарии Тоҷикистон аз ин пас дигар ҳеҷ гуна матолиби интиқодӣ нашр накунанд ва мисли расонаҳои ҳукуматии хабарӣ танҳо ба таърифу тавсиф, "урагӯиҳо", "матолиби мусбат ва оптимистона" (ҳукуматиҳо амалкардҳои худро чунин унвон доданӣ мешаванд) машғул шаванд?

Виҷдон азоб медиҳад? Аз ҳамаро?

Дар ин сурат, агар виҷдон воқеан азоб медиҳад, дар болои ҳар матлаб мешавад ин гуна навишт:

"Дар доираи имконе, ки имрӯз дорем. Пропаганда!"

Қироншоҳ Шарифзода, рӯзноманигор ва раиси ТҶ “Журналист”:

Ҳукми 7,5 соли зиндон барои Абдуллоҳ Ғурбатӣ тамоман нофаҳмо аст. Ҳамкории ӯ бо ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъи наҳзати исломро ҳам худаш, ҳам адвакаташ ва ҳамчунин пайвандонаш рад мекунанд. Ҳатто ҳимоятгари Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар толори суд инро қотеъона рад намуда, дархости озодии ӯро дошт. Ҳамсараш низ дар номаи кушод ба президенти мамлакат ин айбномаро рад кард. Ин агар ба гуноҳҳои сирфан пӯшида, мисли сирри давлатӣ мебуд, ҷомеаи рӯзноманигорӣ мефаҳмидем. Аммо ҳоло аз ҷониби додгоҳ ҳам далели равшане ба ҳамкории ин ҳизб ба расонаҳо пешниҳод нагардидааст. Аз ин рӯ, ин ҳукм норавшан ва муаммо боқӣ мемонад.

https://www.asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/20221004/noodilona-va-sangin-vokunishi-sozmonoi-zhurnalist-va-rznomanigoron-ba-ukmi-abdullo-urbat


Тақвим

<< < Декабрь 2021 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    
 
Пайвандҳои лозима