Додситон (прокурор, айбдоркунандаи давлатӣ) аз додрас (судя) хостааст, ки рӯзноманигори боздоштшуда Абдуллоҳ Ғурбатиро ба 8 сол зиндон маҳкум кунад. Мақомот Ғурбатиро ба ҳамла ва таҳқири намояндаҳои ҳокимият муттаҳам мекунанд, аммо худаш дар бозпурсӣ ва мурофиаҳои додгоҳӣ рад кардааст.
Рад шудани даъвои Абдуллоҳ ва вакили дифоъ
Эълони айбдоркунандаи давлатӣ рӯзи 29-уми сентябр ва дар мурофиаи дувуми Абдуллоҳ Ғурбатӣ садо дод. Мурофиаи рӯзноманигор дар Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе паси дарҳои баста сурат гирифт. На додрас ва на вакили мудофеъ баъди мурофиа ҷузъиёти онро шарҳ надоданд.
Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон, ки барои Абдуллоҳ Ғурбатӣ вакили дифоъ пешниҳод кардааст, бо нашри хабарномае ҷузъиёти мурофиаро шарҳ дод.
Ба гуфтаи масъулони марказ, "вакили дифоъ аз додгоҳ хост, коршиноси тиббиву додгоҳӣ, ки ҷабрдидаро муоина кардааст, ба сифати мутахассис даъват карда шавад." Манзур аз ҷабрдида як маъмури милисаи ноҳияи Шоҳмансур аст, ки Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба латукӯби он муттаҳам мешавад. Додрас ин талаби вакили дифоъро напазируфтааст.
Додситон хостааст, Ғурбатӣ ба 8 соли зиндон маҳкум шавад
Мақомот Абдуллоҳ Ғурбатиро ба он муттаҳам мекунанд, ки бегоҳи 15-уми июн ба як маъмури милисаи ноҳияи Шоҳмансур ҳамла карда, ду нафари дигарро таҳқир намудааст. Худи Ғурбатӣ дар бозпурсиҳо инро рад кардааст.
Ба иттилои Маркази мустақил оид ба ҳуқуқи инсон, Абдуллоҳ Ғурбатӣ рӯзи 29-уми сентябр аз додгоҳ хост, сабти камераҳои назоратии рӯзи ҳодисаро аз ШКД-и ноҳияи Шоҳмансур талаб кунад. Додрас "бо истинод ба шаҳодатномаи ШКД-и ноҳияи Шоҳмансур дар бораи мавҷуд набудани дурбинҳои назоратӣ дар ҷои ҳодиса" талаби Абдуллоҳ Ғурбатиро рад кардааст.
Ба гуфтаи манбаъ, додрас Беҳрӯз Шафо ҳамчунин дархости дигари вакили дифоъро дар бораи даъвати шоҳидони иловагӣ ба мурофиа рад кард. Худи додрас баъди мурофиа нахост бо рӯзноманигорон суҳбат кунад.
“Баҳси таблиғи ширкати Элнур дар додгоҳ”
Ба навиштаи Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон, мумкин аст ҳафтаи оянда Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе ҳукми худро нисбати Абдуллоҳ Ғурбатӣ эълон кунад.
Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, дар мурофиаи рӯзи панҷшанбе масъалаи пахши навори таблиғӣ дар Ютуб ва гирифтани маблағ аз як соҳибкори тоҷик дар Миср баррасӣ шудааст. Сухан дар бораи ширкати "Элнур" (Elnor) меравад, ки ба гуфтаи мақомот роҳбараш Идибек Латипов, дар "рӯйхати сиёҳ"-и Бонки Миллии Тоҷикистон ва дар қатори "шахсони моил ба терроризм" аст.
Худи Идибек Латипов рӯзи 29-уми июл дар тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, аз соли 2007 боз дар Миср кору зиндагӣ дорад ва иттиҳоми мақомотро нисбати худ "беасос" номид. “Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар додгоҳ гуфт, намедонист, ки номи роҳбари “Элнур” дар рӯйхати шахсони мамнуъ аст,” -- афзуд як манбаи огоҳ.
Нахустин мурофиаи додгоҳии Абдуллоҳ Ғурбатӣ рӯзи 21-уми сентябр баргузор шуд. Дар мурофиаи аввал се корманди Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур алайҳи Абдуллоҳ Ғурбатӣ шоҳидӣ доданд. Маъмурони милиса даъво доранд, ки Ғурбатӣ рӯзи 15-уми июн дар бинои ШКД-и Шоҳмансур ба онҳо ҳамла ва таҳқир кардааст. Аммо ба гуфтаи ширкатдорони мурофиа, Ғурбатӣ даъвои кормандони милисаро беасос гуфтааст.
Абдуллоҳ Ғурбатӣ рӯзи 15-уми июни имсол боздошт ва ба "таҳқири намояндаи ҳокимият", "истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият" ва "иштирок дар фаъолияти созмонҳои мамнуъ" гумонбар шуд. Манобеи боварбахш мегӯянд, Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар бозпурсиҳо низ ҳамаи иттиҳомҳоро рад кардааст.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи хабарнигорон боздошти ӯ ва шаш хабарнигору блогери дигари тоҷикро дар чаҳор моҳи охир беасос номида, озодии онҳоро талаб карданд. Мақомот ҳанӯз ба ин даъватҳо посух надода, вале хабарнигорну блогеронро ба ҳамкорӣ бо созмонҳои манмнуъ гумонбар донистанд.
https://www.ozodi.org/a/32057518.html