ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ ИНСОН: ГУРУҲИ КОРӢ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНГУЗОРӢ ОИД БА МУРОҶИАТИ КӮДАКОНРО ТАҲИЯ МЕКУНАД
     TJ RU EN
06:14 / 2024-12-20

ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ ИНСОН: ГУРУҲИ КОРӢ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНГУЗОРӢ ОИД БА МУРОҶИАТИ КӮДАКОНРО ТАҲИЯ МЕКУНАД

Access to informationДар аввали сол мақомоти давлатии Тоҷикистон тартиби муроҷиати кӯдаконро ба онҳо қабул карда буданд. Мо барои дарёфти тафсилот ба Ваколатдор муроҷиат кардем…

Дар аввали сол баҳри иҷрои тавсияҳои Кумитаи СММ бо мусоидати Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти давлатии Тоҷикистон тартиби муроҷиати кӯдакон ба онҳо қабул карда шуд. Тартиби мазкур дар ягон ҷо, дар сомонаҳои мақомоти давлатӣ (Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ВКД, Вазорати меҳнат ва муҳоҷират, Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон) нашр нашудааст ва мо бо дархости хаттӣ ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон муроҷиат кардем.

Рӯзи 17-уми август бо имзои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Умед Бобозода ба дархостамон посух гирифтем. Дар он аз ҷумла гуфта мешавад, ки «қабул ва баррасии муроҷиати кӯдак ва муроҷиат аз номи кӯдак ба манфиати ӯ яке аз нақшҳои асосии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо ва таъмини манфиатҳои беҳтари кӯдакон маҳсуб меёбад.

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, ки дар сурати вайрон кардани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдак, аз ҷумла иҷро нашудан ё ба таври номатлуб иҷро шудани уҳдадориҳои падару модар ё яке аз онҳо дар мавриди тарбия ва таълими кӯдак ё сӯйистифода аз ҳуқуқҳои падару модарӣ, кӯдак ба васоят ва парасторӣ ҳуқуқ дорад ва дар синни чорсолагӣ ҳақ дорад барои ҳимоя ба суд муроҷиат кунад. Инчунин, кӯдак ҳуқуқ дорад оид ба ҳама гуна масъалаҳои оилавӣ, ки ба манфиатҳои ӯ дахл доранд, озодона андешаи худро баён кунад ва дар мурофиаҳои судиву маъмурӣ иштирок намояд. Илова бар ин, ба назар гирифтани фикри кӯдаки даҳсола ва аз он калонтар ҳатмист.

Дар робита ба татбиқи банди 6.3-и Нақшаи миллии амал дар самти иҷрои тавсияҳои гузоришҳои сеюм ва панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак барои солҳои 2018-2022, ки барои муҳайё намудани имконият баҳри муолиҷаи индивидуалии кӯдакон пешбинӣ гардидааст, як қатор чорабиниҳо гузаронда шудаанд.

Инчунин, “Тартиби қабул ва баррасии муроҷиати кӯдакон, намояндагони онҳо ва шахсони дигари аз номи кӯдакон ва ба манфиати онҳо ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиаткунанда” аз 19-уми сентябри соли 2020 дар нашри нав аз 8-уми феврали соли 2022 тасдиқ карда шуд.

Бо дарназардошти таҷрибаи мавҷуда оид ба қабул ва баррасии муроҷиатҳои кӯдакон соли 2021 дар Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз ҳисоби намояндагони вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ, маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Кумитаи кор бо занон ва оила гуруҳи кории байниидоравӣ ташкил карда шуд. Барои амалисозии механизмҳои мавҷудаи қабул ва баррасии муроҷиатҳои кӯдакон гуруҳи корӣ «Тартиби қабул ва баррасии муроҷиатҳои кӯдакон»-ро таҳия намуд.

Тартиби мазкур бо фармонҳои вазорату идораҳои давлатӣ ҳамчун ҳуҷҷати истифодаи дохилиидоравӣ тасдиқ карда шудааст, ки қабул ва баррасии муроҷиатҳои кӯдаконро танзим мекунад.

Таҳия ва татбиқи чунин ҳуҷҷатҳо аҳамияти калон дошта, зарурати ворид намудани тағйироту иловаҳоро ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа пешбинӣ менамоянд.

Дар баробари ин, дар назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз ҳисоби мутахассисони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуруҳи корӣ таъсис дода шуд. Гуруҳи корӣ оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунгузории амалкунанда дар ин самт кор бурда истодааст»,- омадааст дар посухи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон.

ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон»

https://ichrptj.org/tj/blog/vakolatdor-oid-ba-khukuki-inson-gurukhi-kori-tagyirot-ba-konunguzori-oid-ba-murochiati


Инҳоро бояд шинохт

  • Маърупов Ҷамшед Баҳромович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2021 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
        1 2 3 4 5
    6 7 8 9 10 11 12
    13 14 15 16 17 18 19
    20 21 22 23 24 25 26
    27 28 29 30 31    
     
    Пайвандҳои лозима