Мурофиаи додгоҳӣ 29 сентябр, соати 9:00, дар “СИЗО” баргузор мегардад.
Дар назар аст, ки пагоҳ, 29-уми сентябр, соати 9:00, мурофиаи навбатии Абдуллоҳ Ғурбатӣ, яке аз рӯзноманигорони боздоштшудаи тоҷик дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) пушти дарҳои баста баргузор шавад. Дар ин бора наздикони Абдуллоҳ ба “Азия Плюс” хабар доданд.
Дар ҳамин ҳол, Абдураҳмон Шарифов, вакили дифои Абдуллоҳ дар суҳбат бо мо кутоҳ гуфт, “дар суд ба мо гуфтанд, пагоҳ занг занед, аниқ мешавад”.
Ин мурофиаи дуввуми Абдуллоҳ буда, дар мурофиаи аввал, ки рӯзи 21-уми сентбяр дар “СИЗО” баргузор шуд, танҳо ҳамсараш ба ҳайси шоҳид ширкат карда буд.
Ба модари Абдуллоҳ, наздикон ва рӯзноманигорон иҷозат надоданд, ки дар мурофиа иштирок кунанд. Ва маълум нест, ки дар мурофиаи навбатӣ ҳамсар, модари Абдуллоҳ, наздиконаш ва рӯзноманигорон роҳ дода мешаванд ё не.
Дар ҳамин ҳол, ҳамсари Абдуллоҳ гуфт, ба мурофиа даъват шудааст ва интизор дорад, дар мурофиа роҳ меёбад.
Дар баробари ҳамсари Абдуллоҳ ба мурофиа чанд шоҳиди дигар низ даъват шудаанд.
Пас аз мурофиаи аввал, Беҳрӯз Шафо, додраси додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур, ки раисикунандаи мурофиаи додгоҳии Абдуллоҳ аст, бо рӯзноманигорон суҳбат накард, танҳо гуфт, "ман маълумот надорам".
Абдураҳмон Шарифов, гуфта буд, додгоҳ дар доираи ҳамаи моддаҳо Абдуллоҳро пурсид ва ӯ ҳамаи айбҳои нисбаташ эълоншударо рад кард.
Абдуллоҳ Ғурбатӣ яке аз чор журналистони боздоштшудаи тоҷик аст. Ӯ замоне боздошт гардид, ки дар робита ба парвандаи Далери Имомалӣ, блогери боздоштшудаи тоҷик ба прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур даъват гардида буд.
Дар оғоз, мақомот ӯро барои “таҳқири намояндаи ҳокимият, истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият” гумонбар медонистанд, вале баъдан Абдуллоҳ ба аъзогии ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ гумонбар дониста шуд.
Наздикон ва худи Абдуллоҳ ҳамаи иттиҳомоти нисбати ӯ эълоншударо бо қатъият рад мекунанд.