ВАҚТЕ КИ НИҲОДИ НАЗОРАТӢ БА ИҶРОИ ТАЛАБОТИ ҚОНУНГУЗОРИИ КИШВАР БЕЭЪТИНОӢ МЕКУНАД...
     TJ RU EN
07:54 / 2024-11-16

ВАҚТЕ КИ НИҲОДИ НАЗОРАТӢ БА ИҶРОИ ТАЛАБОТИ ҚОНУНГУЗОРИИ КИШВАР БЕЭЪТИНОӢ МЕКУНАД...

access to informationБа гуфтаи рӯзноманигорон дастрасӣ ба иттилооти расмӣ дар Тоҷикистон то ҳол мушкил боқӣ мемонад. Мақомот кӯчактарин иттилоъро ба воситаи телефон намедиҳанд ва дархости хаттӣ талаб мекунанд, аммо дархостҳо ҳафтаҳову моҳҳо беҷавоб мемонанд. Коршиносон бар ин назаранд, ки дар бисёр ҳолат бо даст кашидани масъулон аз пешниҳоди маълумоти расмӣ халоъи иттилоотӣ ба вуҷуд меояд ва ин сабаб мегардад, ки маълумоти носаҳеҳу бардурӯғ фазои итттилоотии кишварро пур кунанд. Ин нукта дар муҳокимаҳои гуруҳҳои фокусии АМВАОМТ дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Душанбе бори дигар таъкид гардид.

“Мактуб кунед, мо ҷавоб мегардонем”

Масъулини ниҳодҳои давлатӣ ҳангоми муроҷиати журналист барои пешниҳоди маълумот бо баҳонаи “мактуб кунед, мо ҷавоб мегардонем” аз додани иттилоот худдорӣ мекунанд. Гуфта мешавад, агар қаблан дархости журналистӣ ирсол мешуд, мақомоти дахлдор ё умуман ҷавоб намедоданд ва ё як посухи хушку холие равон мекарданд. Дар бисёр ҳолат пас аз чанд моҳ ҷавоби дархост омада мерасад, ки аллакай иттилои дархостшуда кӯҳна ва аҳамияти худро гум мекунад. Хабарнигорон мегӯянд, як соли охир пешниҳоди посух тариқӣ хаттӣ як каме беҳтар шудааст, аммо бо пофишории дархосткунанда. Яъне, вақте журналист ба ниҳоди давлатӣ дархости журналистӣ ирсол мекунад, ҳатман бояд ҳар рӯз ба ниҳоди дахлдор занг занад ва бо пофишорӣ ё худ “ҷанг” ҷавоби онро гирад.

Халоъи иттилоотӣ ва ё хабарҳои фейкӣ?

Коршиносон мегӯянд, вақте маълумоти расмӣ дастрас нест, ҳатман халоъи (холигии) иттилотӣ ба вуҷуд меояд ва хабарҳои фейкӣ зиёд паҳн мешаванд. Агар маълумоти расмӣ дар вақту соати муайян фаврӣ пешниҳоди ҷомеа гардад, паҳншавии маълумотҳои бардурӯғ кам мешавад ва ҷомеа хабари дурӯғро аз хабари расмӣ тез фарқ мекунанд. Низои сарҳадӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон бори дигар собит намуд, ки ҷониби Тоҷикистон дар пешниҳоди иттилооти расмӣ заъфи зиёд дорад. Барои мисол кишвари ҳамсоя ҳар соат шумораи захмиҳо, фавтидагон, хонаҳои вайроншударо тариқи ВАО пешниҳод мекарданд. Аммо ҷониби Тоҷикистон то охирон лаҳза чунин маълумотҳоро пешниҳод намекард ва ин боис гардид, ки қариб тамоми ВАО- и ҷаҳонӣ низои сарҳадии ин ду кишварро якҷониба ба фоида Қирғизистон инъикос намояд. Бояд зикр намуд, ки дар низои сарҳадии ахир мақомоти Тоҷикистон назар ба низоҳои пештара як каме фаъол буданд ва ҳар лаҳзаву соат изҳорот пахш мекарданд, аммо пешниҳод накардани шумораи захмиҳову фавтидагон бо журналистон ҳамкориро хуб ба роҳ намонда буданд. Аз ин сабаб дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ВАО - и кишвари ҳамсоя хабарҳои бардурӯғ зиёд паҳн мегардиданд.

Платформаи “Дастрасӣ ба иттилот” барои дастрас кардани иттилоот мусоидат мекунад

Ассотсиатсияи миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақил дар Тоҷикистон (АМВАОМТ) соли 2018 бо мақсади мусоидат намудан барои сари вақт дастрас кардани маълумот ва беҳтар намудани вазъи дастрасӣ ба иттилоот дар Тоҷикистон платформаи махсуси “Дастрасӣ ба иттилоот”-ро ба роҳ монд. АМВАОМТ мунтазам барои дастрас намудани иттилоот ба ниҳодҳои давлатӣ дархост аз ҷониби журналистон ва ниҳодҳои рузноманигорӣ ирсол дошта, иҷрои ононро тавассути платформаи фавқуззиккр пайгирӣ мекунад. Зикр бояд кард, ки журналистони мустақил низ аз ин имконот барои равон кардани дархостҳои худ ба ниҳодҳои давлатӣ истифода мебаранд ва иттилооти заруриро ба даст меоранд. То имрӯз 6 ниҳоди журналистӣ ва зиёда аз 10 журналистони мустақил барои гирифтани маълумоти расмӣ тавассути платформаи ташкилот пайваста ҳамкорӣ доранд ва АМВАОМТ барои сари вақт гирифтани ҷавоби дархостҳо мусоидат менамояд.

Дар давоми солҳои 2020-2022 АМВАОМТ ба як қатор ниҳодҳои давлатӣ ва ширкатҳои хусусиву байналмиллалӣ барои гирифтани маълумоти зарурӣ, ки барои истифода ва интишор зарур аст, дархости журналистӣ ирсол намуд. Дар ин муддат аз ҷониби АМВАОМТ ба ниҳодҳои гуногун 280 дархости журналистӣ ирсол шуда, ба 150 дархост ё 57,1 фоизи онҳо ҷавоб гирифтааст, 130 дархост то ҳол бе посух мондааст. Таҳлил нишон медиҳад, ки нишондиҳандаи посухҳо дар соли 2022 нисбат ба соли 2021 15 фоиз коҳиш ёфтааст.

Зикр бояд намуд, ки Вазорати маориф ва илм, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии омор ва якчанд дигар ниҳодҳо дар пешниҳод намудани иттилоот тариқи хаттӣ нисбатан фаъол буданд. Дар ин муддат асосан мактубҳо ба мақомоти қудратӣ беҷавоб монданд. Вазорати корҳои дохилӣ, ки қаблан дар пешниҳоди посух ба дархостҳои журналистӣ фаъол буд, чанд соли охир ба якчанд дархостҳо посух надодааст.

Таҳлилҳо нишон доданд, ки дар ин давра Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб, ки ба ягон дархости журналистии ирсолшуда посух надодааст. Зимнан бояд қайд кард, ки ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоотро қонунгузории кишвар кафолат додаааст. Назорати иҷрои яксони меъёрҳои қонун ба души Прокуратураи генералӣ аст. Мутаассифона, худи ниҳоди назоратӣ ба иҷрои талаботи қонунгузории кишвар беэътиноӣ мекунад, ки волоияти қонунро зери суол мебарад.

Хадамоти мониторингии АМВАОМТ


Тақвим

<< < Декабрь 2021 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    
 
Пайвандҳои лозима