Холбаш Холбашовро ба ҳабси абад маҳкум кардаанд. Мурофиаи дубораи Улфатхоним Мамадшоева
     TJ RU EN
11:49 / 2024-12-20

Холбаш Холбашовро ба ҳабси абад маҳкум кардаанд. Мурофиаи дубораи Улфатхоним Мамадшоева

Radio OzodiДодгоҳи олии Тоҷикистон генерали Нерӯҳои марзбонӣ Холбаш Холбашовро, ки пас аз ҳодисаҳои хунини Хоруғу Рӯшон дастгир шуда буд, ба зиндони якумрӣ маҳкум кардааст. Мақомот ҳукмро шарҳ намедиҳанд, вале қаблан як намояндаи додситонӣ ӯро ба куштору терроризм муттаҳам карда буд. Ба иттилои дарёфтӣ, худаш дар мурофиаҳо гуфтааст, гуноҳе надорад.

Дар ҳоле ки мақомот парванда ва ҳукми Холбаш Холбашовро шарҳ намедиҳанд, шахсони наздик ба ӯ гуфтанд, ки мурофиаи охирин рӯзи 21-уми сентябр дар Боздоштгоҳи муваққатии КДАМ паси дарҳои баста гузашт.

"Ҳамроҳи ӯ муҳокимаи беш аз ҳафтод сокини Рӯшон ҳам баргузор шуд. Онҳоро ба солҳои гуногун зиндонӣ кардаанд," -- гуфт ҳамсуҳбати мо, аммо ҷузъиёт надод.

Ҳамзамон маълум нест, ки оё наздикони Холбаш Холбашов бозбини ҳукми ӯро хоҳанд хост, ё не. Баъзе аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон дар хориҷа ҷараёни тафтишу эълони ҳукми Холбашовро ноодилона ва барқасдона хондаанд.

Мақомот Холбаш Холбашовро моҳи майи имсол ва дар пайванд ба нооромиҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дастгир карданд. Мансур Ғанизода, як масъули Додситонии кул, моҳи июни имсол гуфт, ӯ ба ташкили иттиҳоди ҷиноӣ, куштор, қасди куштор, терроризм ва ҷиноятҳои дигар гумонбар аст.

Дар наворе, ки мақомот паҳн карданду шароити сабташ маълум нест, Холбашов гуфта буд, "пушаймон аст ва аз мардуми Хоруғу Рӯшон ва Роштқалъа узр мехоҳад". Худаш дар мурофиаҳои охир гуфтааст, гуноҳе надорад ва он ҳарфҳоро зери фишор ба забон оварда буд.

Холбаш Холбашов солҳои охир бознишаста буд, вале ба қавли афроди наздик ба ӯ, "бо хоҳиши мақомот корашро дар бахши марзбонӣ дар вилояти Суғд идома медод."

Мурофиаи дубораи Улфатхоним Мамадшоева
Дар ҳамин ҳол, мурофиаи Улфатхоним Мамадшоева, рӯзноманигору фаъоли маданӣ ва ҳамсари Холбаш Холбашов, дубора дар Боздоштгоҳи муваққатии КДАМ ба таври пӯшида шуруъ шудааст.

Пештар намояндаи додситонӣ ба ӯ 25 сол зиндон талаб карда буд, вале баъди онки Улфатхоним Мамадшоева тафтиши парвандаро ноодилона донист, ба бозбинӣ фиристоданд.

Яке аз пайвандони хонум Мамадшоева бе зикри ном рӯзи 22-юми сентябр гуфт, мурофиаи дубораи ӯ 20-уми сентябр оғоз шуд, вале ба наздикон иҷоза надоданд, ки дар он ширкат кунанд. "Вакили давлатӣ хабар дод, ки мурофиа дубора сар мешавад. Мо рафтем, вале иҷозат надоданд, ки ба дарун дароем. Ҳамин қадар медонем, ки нисбати ӯ 25 сол зиндон талаб карда буданд," -- гуфт ҳамсуҳбати мо.

Ба зидди Улфатхоним Мамадшоева бар асоси ҳашт моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла "даъват ба сарнагунии ҳукумат", парванда кушодаанд. Ӯ чанд лаҳза пеш аз боздошт дар суҳбат хабарнигорони Радиои Озодӣ ва "Настоящее время" гуфта буд, ки "дар ҳеч амали ғайриқонунӣ даст надорад".

Улфатхоним Мамадшоеваи 65-сола ҳамчун журналисти мустақил кор мекард. Бахши забон ва адабиёти руси Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм ва дар телевизиону радиои Бадахшон кор кардааст. Муассиси созмони “Номус ва инсоф” буд. Аз соли 2003 то 2014 дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия дарс додааст. Дар солҳои 90-ум узви “Нерӯҳои худмуҳофизатии Бадахшон” буд.

Пас аз тазоҳурот ва нооромиҳои моҳи майи имсол дар Бадахшон, ки бо марги даҳҳо нафар анҷомид, мақомоти интизомии Тоҷикистон садҳо нафар, аз ҷумла фаъолони маданиро дар дохилу хориҷа ба иттиҳоми барангехтани ин нооромиҳо дастгир ва баъзе аз онҳоро ба муддатҳои дароз зиндонӣ карданд. Боздоштшудаҳо ва наздиконашон мегӯянд, иттиҳомот беасос аст.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ҳукумати Тоҷикистонро барои чунин рафторашон сахт танқид кардаанд. Аз ҷумла, Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) аз ҳукумати Тоҷикистон хост, ба муҳокимаҳои ба гуфтаи созмон ноодилонаи сокинони Бадахшон поён дода, боздоштҳои ғайриқонунии онҳоро бас кунад.

https://www.ozodi.org/a/32045983.html


Тақвим

<< < Декабрь 2021 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    
 
Пайвандҳои лозима